Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кэмерон: Қирғизистон бояд ҳаққи интихоби шарикро дошта бошад


Девид Кэмерон, Бишкек, рӯзи 22-юми апрели 2024
Девид Кэмерон, Бишкек, рӯзи 22-юми апрели 2024

Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Бритониё, гуфт, Қирғизистон бояд ҳаққи интихоби шарикони худро дошта бошад.

Вай ин нуктаро рӯзи 22-юми апрел баъд аз мулоқот бо ҳамтои қирғизаш Ҷээнбек Кулубоев дар шаҳри Бишкек баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ, дар дидораш бо раҳбарияти Қирғизистон ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуда, имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳои Қирғизистон ва Бритониё вуҷуд доранд.

Кэмерон таъкид карда, ки Қирғизистон аз манобеи обӣ бой аст ва зарур аст, ки тарҳҳои зистмуҳитӣ дар баробари тағйири иқлим дастгирӣ карда шаванд.

Вай афзудааст, кишвараш дар ин замина барои ҳимоят аз соҳибкории миёна ва хурд як сандуқи сармоягузорӣ таъсис хоҳад дод.

Ин сафари нахустини вазири корҳои хориҷии Бритониё ба Қирғизистон буд.

Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Бритониё, сафарашро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 22-юми апрел аз Тоҷикистон оғоз кард.

XS
SM
MD
LG