Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири корҳои хориҷии Бритониё ба Тоҷикистон


Субҳи 22-юми апрел Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Дэвид Кэмеронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини якуми вазир Исматулло Насреддин ва дигар афроди расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, қарор аст, ки дипломати баландпояи бритониёӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот ва гуфтугӯ намояд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар ва масоили минтақавиро баррасӣ менамоянд.

Тафсилоти бештар дар бораи сафари Девид Кэмерон ҳанӯз нашр нашудааст.

Нашрияи "Independent" навиштааст, Дэвид Кэмерон давоми панҷ рӯз аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Муғулистон боздид ва бо мақомҳои ин кишварҳо мулоқот мекунад.

"Кэмерон дар ҷараёни сафараш ба Осиёи Марказӣ, барои тақвияти ҳамкории Бритониё бо ин минтақа талош мекунад. Он ҳам дар пайи нигарониҳо аз таҳримҳои молӣ зидди Русия, ки мумкин аст тавассути ҳамсояҳои ин кишвар давр зада шаванд",-навиштааст "Independent".

Британияи Кабир яке аз кишварҳое аст, ки баъди ҳамлаи бедалели Русия ба хоки Украина, алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ кард.

Мақомҳои кишварҳои ғарбӣ борҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳампаймони Маскав ҳастанд, ҳушдор додааст, ки дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак накунанд.

То ин дам Вазорати молияи Амрико чанд ширкат аз Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро барои кумак ба Русия, шомили рӯйхати таҳримҳо карданд.

XS
SM
MD
LG