"Мегӯянд, бо "Толибон" ҳамсуҳбат нестем, робита надорем. Ман гуфтам, ҷазои инро фарзандони мо мебинанд. Дар ҳоле ки Тоҷикистон мактаби моро ба расмият мешиносад ва сафорат ҳам кор мекунад," – гуфт Зарғуна, модари яке аз хатмкардаҳои мактаби "Сомониён" дар Душанбе. Дар ин мактаб паноҳандагон ва муҳоҷирони афғонистонӣ мехонанд.
Хонум Зарғуна афзуд, фарзандаш пас аз хатми мактаби "Сомониён" донишҷӯйи Донишгоҳи тиббии Хатлон шуд, вале ба иллати баробарарзишӣ надоштани аттестаташ тасмим доранд ӯро берун кунанд.
"Ман як модар ҳастам, дигар таҳаммул карда наметавонам. Мегӯянд, аснодашон аслӣ нест, тасдиқи маорифи Афғонистон нест. Ман гуфтам, Афғонистон суқут карда. Давлати Тоҷикистон "Толибон"-ро ба расмият нашинохта, чӣ гуна мешавад?" – мегӯяд Зарғуна.
Эътироф ё баробарарзишии ҳуҷҷати хориҷиён дар ихтиёри Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илм аст. То ин расмиёт иҷро нашавад, кас ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳоро пайдо намекунад.
Ин ниҳод дар як посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳуҷҷати давлатҳои дигар ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онҳоро шартномаҳои байнулмилалӣ пешбинӣ намуда бошанд ё он давлатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома дошта бошанд."
Ҳарчанд ин ниҳод дар посухаш ба таври рӯшан нагуфтааст, ки бо ҳукумати нави Афғонистон созишнома надоранд, иқрор шудааст, ки асноди шаҳрвандони Афғонистонро эътироф намекунанд: "Аз ин лиҳоз, ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсили хатмкардагони мактаби “Сомониён” дар шаҳри Душанбе, ки дар асоси барномаҳои таълимии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолият менамояд, эътироф ва ё баробарарзиш карда намешаванд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Талоши мо барои ба даст овардани назари атташеи маорифи сафорати Афғонистон дар Душанбе натиҷа надод. Аммо чанде пеш сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадзоҳири Ағбар дар расми бозкушоии мактаби “Сомониён” ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ин замина мушкиле нест:
"Ман фикр мекунам, ки ин як овоза аст. Шумо мебинед, ягона кишваре, ки аз рӯзи аввал дар дифоъ аз мардуми сарзамини мо қарор гирифт, Тоҷикистон буда. Аснодеро, ки инҳо фориғуттаҳсил мешаванд, то ба ҳол мо ба чунин як мушкил рӯ ба рӯ нашудаем."
Аммо онҳое, ки ба ин мушкил гирифтор шудаанд, мегӯянд, аз оғози сол Оҷонси назорат дар соҳаи маориф аз эътирофи асноди онҳо худдорӣ мекунад ва эҳтимол мунтазири имзо шудани қарордод бо "Толибон" аст. Ҳоло бино ба иттилои дарёфтӣ сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нома фиристода, хоҳони шарҳи қазия ва ҳалли мушкил шудааст.
Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-24 барои шаҳрвандони Афғонистон чиҳил бурсия ҷудо карда буд. Ба далели надоштани равобит, сафорати Афғонистон ин бурсияҳоро барои хатмкардаҳои мактаби “Сомониён” ва афғонистониҳое дод, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳастанд.
Вазорати маориф барои соли таҳсили 2024-2025 чиҳил бурсияи дигар дар ихтиёри сафорати Афғонистон гузоштааст, вале манъи шинохти асноди афғонистониҳо ин бурсияҳоро ба ҳарфи пуч табдил медиҳад. То суқути Афғонистон ба дасти "Толибон", беш аз 1000 донишҷӯйи афғонистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон мехонданд. Ҳоло ба далели мушкилоти равобит ва дарёфти виза теъдоди онҳо то 165 тан пойин омадааст.