Муҳаммад Шарифов, ки бо лақаби Маҳдӣ Арсалон шинохта мешуд ва як фармондеҳи созмони мамнӯи “Ансоруллоҳ” буд, ба гуфтаи наздикон ва дӯстонаш, дар Афғонистон нопадид шудааст.
Муҳаммад Шарифов, сокини 30-солаи ноҳияи Нуробод аст, ки соли 2021 Толибон ӯро дар идораи чанд ноҳия дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон масъул гузошта буданд. Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин сӯ ӯро бо гумони узвият дар созмонҳои террористӣ ҷустуҷӯ мекунад.
Як узви гурӯҳи мамнӯи “Ансоруллоҳ”, ки зери назорати Толибон дар Афғонистон амал мекунанд, рӯзи 8-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нӯҳ моҳ пеш Муҳаммад Шарифов ҳангоми сафар ба Кобул нопадид шуд ва то кунун аз ӯ ҳеч нишоне пайдо накардаанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ӯ гуфт, таҳқиқи онҳо нишон додааст, ки ӯро кочоқбарони маводи мухаддир боздошт кардаанд, вале ба куҷо бурдаанд, маълум нест.
“Мо як гурӯҳ кочоқбаронро боздошт кардем ва онҳо иқрор шуданд, ки ҳамроҳонашон Маҳдиро боздошт карданд, вале ба куҷо бурдаанд, то ҳанӯз барои мо маълум нест. Ҳамон рӯзе, ки ӯ аз наздикии Кобул гум шуда буд, на телефонаш кор кард ва на дигар худаш пайдо шуд,”—гуфт ин узви гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, ки худаш дар Тоҷикистон бо гумони узвият дар созмонҳои террористӣ ҷустуҷӯ мешавад.
Ду манбаи Радиои Озодӣ, яке дар идораи марзбонӣ дар вилояти Хатлон ва дигаре дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, ки аз нопадид шудани ин шаҳрванди таҳти ҷустуҷӯ хабар доранд.
“Ба андешаи мо Муҳаммад Шарифовро ё худашон зиндонӣ ё нобуд кардаанд. Он кас вақтҳои ахир ҳеч нуфузе надошт ва одами муҳим ҳам набуд,”- гуфт як тан аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки нахост номашро зикр кунем.
Ин манбаъ афзуд, чун номи Маҳдӣ Арсалон зиёд расонаӣ шуд ва мақомоти тоҷик мансаб додани ӯро дар умури марз ҷиддӣ гирифтанд, эҳтимол ӯро худи Толибон пинҳон карда, овозаи нопадидшавиашро бофтаанд.
Нозанин Юнусова, хоҳари Муҳаммад Шарифов, сокини ноҳияи Нуробод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як сол боз ӯ ҳеч тамосе бо онҳо нагирифтааст ва намедонанд, ки дар куҷост.
Гурӯҳи Толибон, ки аз соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон дар даст доранд, ҳеч гоҳ ҳузури ҷамоати “Ансоруллоҳ” дар хоки ин кишварро расман тасдиқ накардаанд. Пас аз сари қудрат омадан ба ҷанҷӯёни ин гурӯҳ, ки солҳо ҳамроҳ бо Толибон зидди нерӯҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико ва ҳукумати собиқи Афғонистон меҷангиданд, дар умури марзбонӣ мақом доданд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз ҳузури ҷангҷӯёни тоҷик дар марз нигаронӣ карда буданд. Баъдан, манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Толибон ба хотири нармтар кардани муносиботаш бо Тоҷикистони ҳамсоя ҷангҷӯёни “Ансоруллоҳ”-ро аз марзи ин кишвар ба дигар макон бурдаааст.
Ҷамоати “Ансоруллоҳ”-ро Амриддин Табаров, фармондеҳи нерӯҳои мухолифини тоҷик таъсис дода буд, ки созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва иттиҳоди мухолифинро дар соли 1997 напазируфт ва ба Афғонистон рафт. Ҳашт сол пеш хабари марги ӯ расонаӣ шуда буд.
Мақомоти тоҷик қаблан гуфта буданд, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳи мамнӯъ дар хоки Афғонистон аз 200 то 300 нафар ҳастанд, ки аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Гуфтугӯ