Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия "беш аз 60 дарсад афзудааст"

Корҷӯён дар шаҳри Душанбе. 17-уми апрели 2024

Мақомоти Тоҷикистон пас аз як моҳи ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав тасдиқ карданд, ки бозгашти муҳоҷирони корӣ афзудааст. Мақомоти Русия дар пайванд ба ҳамла ёздаҳ зодаи Тоҷикистонро дастгир карда, тафтишу боздошт ва ихроҷи муҳоҷиронро сахттару бештар карданд.

Дар Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар се моҳи аввали имсол 1088 муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 беш аз 60 дарсад зиёд аст.

Баъзе аз ҳамсуҳбатони мо бозгашти муҳоҷиронро бештар ба амалиёту тафтишҳои баъди ҳамла ба “Крокус” рабт доданд. Матлуба Искандарзода, муовини раиси Оҷонси кор ва шуғли аҳолӣ, гуфт, “онҳое, ки бе ҳуҷҷат буданд, омаданд. Шаҳрвандоне, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст буд, он ҷо кор карда истодаанд.”

Матлуба Искандарзода

Ӯ дар идома гуфт, ки муҳоҷирони баргаштаро ба мисли сокинони дигар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд кард. Ҳарфе, ки дигарон ба амалӣ шуданаш шубҳа доранд.

"Тоҷиконро ғам медиҳанд"

Бозгашти ихтиёрӣ ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ зоҳиран сафи корҷӯёнро дар бозори мардикорони Душанбе низ зиёд кардааст. Шарофуддин Хоҷаев рӯзи 17-уми апрел мунтазири корфармо буд. Вай дар суҳбат бо мо гуфт, ки “дигар майли ба Русия рафтан надорад”.

“Меравӣ, ҳуҷҷат дошта бошӣ ё не, ғам медиҳанд. Аз чанд ҷиҳат мушкил аст. Ҳозир тоҷикҳоро ба дараҷае ғам дода истодаанд, ки додарам рафта буд, шаш рӯз истод, баргашта омад," -- нақл кард ӯ.

Коршиносон мегӯянд, агар бозгашти муҳоҷирон аз Русия дар дарозмуддат идома ёбад, зарбаи нахусти он ба шоҳраги даромади иқтисоди Тоҷикистон – интиқоли пули муҳоҷирон – таъсир хоҳад расонд. Кам шудани интиқоли пул ба таври занҷираӣ дар Тоҷикистон мушкилиҳои дигареро метавонад ба миён гузорад.

Барои пешгирӣ аз чунин вазъ, ба назари рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ Абдулло Ашӯров, бояд бештар дар андешаи корофаринӣ дар дохил буд.

Корҷӯён дар Душанбе

“Тоҷикистон бо кишварҳои дигаре, ки метавонанд барои муҳоҷирони тоҷик ҷойи кор диҳанд, бештар вориди гуфтугӯ шавад. Аз сӯйи дигар дастгирии ҳар чӣ бештари соҳибкорон лозим аст. То дар дохил сармоягузорӣ кунанд ва ҳар чӣ бештар ҷойҳои корӣ офаранд,” -- афзуд Абдулло Ашӯров.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам рӯзи 11 апрел гуфта буд, ки пойбандӣ ба муҳоҷиратро бояд аз роҳи ташкили шуғл коҳиш дод, аммо ҳукумат то ҳол барномаашро дар ин бора эълон накардааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия. Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ?

Ярмарка - роҳи ҳал?

Дар Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, бо ташкили намоишгоҳ корҷӯён, аз ҷумла муҳоҷирони баргаштаро бо кор таъмин мекунанд. Ба иттилои ин ниҳод, дар се моҳи аввали имсол дар умум ба 3 ҳазор нафар ҷойи кор ёфта додаанд, ки зиёда аз 300 нафари онҳо муҳоҷирони бозгашта аз Русия ҳастанд.

Матлуба Искандарзода, муовини раиси Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ, 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз 1088 муҳоҷире, ки аз Русия ба Ватан баргаштанд, 850 мард ва 240 зан ҳастанд. Аз инҳо 310 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, 195 нафар ба тайёрии касбӣ ҷалб гардиданд, 76 тан ба корҳои иҷтимоӣ сафарбар гардида, ба 50 нафар қарзи боимтиёз барои соҳибкорӣ дода шуд.”

Маоши миёнаи корҳои пешниҳодшуда 1800 сомониро ташкил медиҳад. Баъзе аз коршиносон бар ин назаранд, ки чунин ярмаркаҳо роҳи босамар ва дарозмуддат барои таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор ва коҳиши муҳоҷират шуда наметавонад.

Шӯҳрат Латифӣ

“Ҳар сол садҳо ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ташкил мешавад. Ҳам дар Душанбе ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳо. Дар ҳақиқат намояндагони Вазорати меҳнат дар ин ҷойҳо, яъне марказҳои шуғли аҳолӣ кор мекунанд. Мутаассифона, ба сабаби он ки маош кам аст, талаботи рӯзмарраи мардумро қонеъ карда наметавонад, онҳо маҷбур мешаванд ба муҳоҷират раванд,” – гуфт ҷомеашинос Шӯҳрат Латифӣ.

Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки иқтисодаш сахт пойбанди пули муҳоҷирони корист. Онҳо солона садҳо миллион доллар ба кишвар мефиристанду иқтисоди оилаҳоро мечархонанд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ин кишварро яке аз манбаъҳои асосии даромади худ медонанд. Ҳоло аз тақдири минбаъдаи кор ва эҳтимоли ихроҷ аз Русия бештар дар ташвишанд.

Коршиносон дар гузашта борҳо таъкид намудаанд, ки барои таъмини сокинон ба ҷойи кори муносиб, коҳиши пойбандӣ аз пулҳои интиқолӣ ё бозори берунӣ Тоҷикистон бояд ташкили корхонаҳо, истеҳсоли молу маҳсулотро дар дохил афзоиш дода, тавозуни содироту воридотро таъмин кунад. Дар бештар аз 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон воридоти мол ба кишвар назар ба содирот доим бештар буд ва то кунун ба кишвар муяссар нашудааст, ки сокинонро дар дохил бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин кунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чӣ Тоҷикистон ва Русияро вобастаи ҳамдигар кардааст?