"Аз мошина поин шуду ба назди ман омад. Дари мошинаи маро кушод ва телефонро аз дастам гирифту ҳаво дод. Ба сарам беист дод мезад, ки чаро ман ба ӯ роҳ надодам," – нақл кард Ойпарӣ Ҷумъаалӣ.
Ин зани муҳоҷир мегӯяд, телефонашро дигар наёфт ва натавонист дарҳол ба пулис занг занад. Кӯшиш кардааст, ба мард оромона посух бигӯяд, то хашмаш бештар нашавад, "аммо мард ба латукуб шуруъ намуд".
"Маро бо лагад зад, мӯйи сарамро кашид. Ба рӯям сахт бо мушт зад. То ҳол суханҳояш аз ёдам нарафтааст, ки дод мезаду мегуфт: "Шумо, муҳоҷирон, ҳамаатон террорист ҳастед. Шумо набояд дар Русия ва Маскав бошед. Аз ин ҷо дафъ шавед!" – нақл кард зан.
Ба гуфтаи Ойпарӣ Ҷумъаалӣ, ҷанҷол тақрибан 20 дақиқа идома кард, то даме ки раҳгузарон ба ёрии ӯ шитофта, мардро дур андохтанд. Ҳамон шаб Ойпарӣ аз ташхиси тиббӣ гузашт.
Пизишкон гуфтаанд, майнаи сараш осеб дидааст ва пайомади ин латукӯб дар даҳ рӯзи оянда рӯ мезанад. Бинобар ин, ба ӯ тавсия дода шудааст, ки ҳаракаташро кам кунад. Ойпарӣ ҳамчунин ба пулис ва сафорати Қирғизистон дар Маскав муроҷиат намуд.
Нозгул Жусубакунова, котиби сафорати Қирғизистон дар Русия, гуфт: "Ин ҳодисаро шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Свибловскийи Маскав сабт кард. Дар доираи парванда ташхиси тиббиву додгоҳӣ таъйин шудааст. Ниҳодҳои интизомии Русия ба таҳқиқ машғуланд ва ба ин ҳодиса баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад."
Дар сафорати Қирғизистон ба Ойпарӣ Ҷумъаалӣ итминон додаанд, ки қазияи ӯро таҳти назорат доранд.
"Ман бояд чӣ кор кунам? Барои ёрӣ ба кӣ муроҷиат кунам? Рӯзи якум тамоман хоб накарда, беист гиристам. Наход мо, муҳоҷирон, ҳамин тавр дар рӯ ба рӯи мушкилотамон танҳо монем? Агар ба ман барои ягон қонуншиканӣ ҳамла мекарданд, инро мефаҳмидам. Маро бе гуноҳ латукӯб намуданд," – мегӯяд муҳоҷири қирғизистонӣ.
Ойпарӣ Ҷумаъалӣ зиёд аз даҳ сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Ӯ масъули як ширкати хусусист. Мегӯяд, баъд аз ҳамлаи маргбор ба маркази мусиқии "Крокус" дар канораи Маскав муносибат ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳам аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам аз сӯи сокинон ба таври манфӣ тағйир ёфт.