Ҳодиса рӯзи 12-уми апрел дар шаҳри Ваҳдат, дар ҳоле рух додааст, ки ба гуфтаи шоҳидон, ҷавон мехостааст, бо банд аз ошёнаи панҷум поин шавад. Сабаби дақиқи ин амал ва марги Маҳмадкарими Эмомалӣ сокини 24 солаи пойтахт, маълум нест. Аммо ба иддаои бархе аз шоҳидону наздикон эҳтимол ӯ аз тарси “облава” ин роҳи пурхатарро барои фирор интихоб кардааст. Мақомот ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Ҷасади Маҳмадкарими Эмомалиро пайвандонаш рӯзи 12-уми апрел аз сардхонаи шаҳри Ваҳдат дарёфт карданд. Муҳаммад Эмомалӣ, бародари ҷавони фавтида, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Рафта аз сардхона гирифтам додарамро. Пойҳояш аз се чор ҷо шикаставу баромада буд. Дар баданаш пайи захм буд. Зоҳиран вақти афтидан дар девор ё кондитсионерҳо задааст.”
Волидони ҷавон дар маҳаллаи 9-ум километри Душанбе зиндагӣ мекунанд, вале худи вай ба гуфтаи наздиконаш, ним моҳи ахир дар Ваҳдат кор ва дар хонаи иҷорае истиқомат доштааст.
Муҳаммад Эмомалӣ, бародари Маҳмадкарим гуфт, сабаби марги додараш барои онҳо маълум нест. “Ба мо аз 6-ум отдели Ваҳдат занг зада, пурсиданд, ки ҳамин бародарат аст? гуфтам ҳо. Сабабро намедонем. Ба як гуфте, касе дарашонро задаасту вай хостааст ба банд поён фарояд. Ё дастонаш қувват накардаст ё банд кандаасту афтидааст.”
Мақомот ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надоданд ва занги мо ба Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Ваҳдат беҷавоб монд. Бино ба як фарзия, ҳодиса замоне рух додааст, ки ду масъул аз маҳалла ба пушти дари хонае, ки Муҳаммадкарим дар он зиндагӣ доштааст, омада “хостаанд бидонанд, ки он ҷо касе зиндагӣ дорад ё не”. Тасдиқии дурустии ин гуфтаҳо ҳоло дақиқ нест.
Пайвандони Маҳмадкарими Эмомалӣ мегӯянд, вай баъди хатми як коллеҷ дар Тоҷикистон ба варзиш машғул буд ва баъдан роҳи Русияро пеш гирифт. Соле пеш аз Русия хориҷ шуда, ба Тоҷикистон баргашт ва ба таъмири мошинҳо машғул буд. Чанд вақти ахир вай бо як ҳамсабақаш дар хонае дар Ваҳдат зиндагӣ мекардааст. Аз ҷавоне, ки дар як хона бо Маҳмадкарим зиндагӣ доштааст, хабаре нест. Мақомот ба наздикони вай гуфтаанд, он ҷавон баъди ҳодиса нопадид шудааст.
Муҳаммадкарими Эмомалӣ 24 сол дошта, оиладор набудааст ва дар артиш ҳам хидмат накардааст. Ба гуфтаи наздикон то замони ҳодиса ба ӯ расман даъватномаи ҳарбӣ наомада будааст.
Ҳодиса дар шабу рӯзе рух додааст, ки дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ идома дорад ва аз гӯшаву канори кишвар шикоят мерасад, ки мақомот бо ҳар роҳ, аз ҷумла фишор болои волидон, талоши ҷалб ҷавонписарон ба хидматро доранд.
Масъулин ҳамеша иддаоҳо дар бораи иҷборан ба хидмат бурдани ҷавононро рад мекунанд, аммо тақрибан дар ҳар мавсим шикоятҳо аз сарбозшикор ё “облава” расонаӣ мешавад.
Дар гузашта ҳам ҳодисеҳое буд, ки талоши фирори ҷавонон аз артиш бо фоҷеа анҷом ёфтанд. Чанд соли пеш дар Хуҷанд ҳини фирор аз “облава” ҷавони 23 солае аз ошёнаи чаҳорум афтида, сутунмуҳрааш шикаста буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мансабдорони Исфара гуфтанд, ки нақшаи даъватро чӣ гуна “пур” кардандБаъд аз даъвои наздиконаш вазъи рӯҳии як сарбози тоҷикро месанҷандМуҳлати даъват ба артиш тамом шуд, ҷалби ҷавонон чӣ? ВИДЕО