Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду пешниҳоди дигар дар Русия барои ҷалби бештари одамон ба артиш


Мақомот дар Русия роҳҳои ҷалбу сафарбарии ҳарчи бештари одамонро ба артиш ва ҷанг дар Украина фикр доранд.

Вакилони Думаи Давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки муҳлати хидматро дар артиши Русия аз як ба ду сол дароз кунанд.

Вазорати дифоъ даъват дорад, ки тартиби муоинаи тиббии баъзе аз беморон, ки "барои хидмат дар артиш таъсири ҷиддӣ надорад" тағйир дода шавад. Маълум нест, вазорат дақиқан чиро дар ин самт дигар кардан мехоҳад.

Артем Клига, ҳуқуқшиноси рус, ба телевизиони "Настояшее Время" гуфт, ин аввалин талоши низомиён барои тағйири муқаррароти муоинаи тиббӣ ҳангоми даъват ба хидмати ҳарбӣ ва сафарбаркунӣ ба ҷанг аст.

Ба андешаи ӯ, "шояд баъзе аз беморон аз гурӯҳи “B” ба гурӯҳи “Б” гузаронида, ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват мешаванд. Бархе аз беморонро аз дараҷаи “Д”, ки умуман имкони хидмати ҳарбиро надорад, ба гурӯҳи “В” мегузаронанд. Дар ин сурат вай ба таври маҳдуд хидмат хоҳад кард."

Ҳуқуқшинос бовар дорад, ки дар ҳар сурат тағйирот ба фоидаи даъватшавандаҳо нест. Ба ҷуз ин, ба назари ин ҳомии ҳуқуқ, эҳтимоли тағйири тартиби пешниҳоди хулосаи тиббӣ ҳам вуҷуд дорад. "Эҳтимол ҷузъиёти пешниҳоди Вазорати дифоъ то 12-уми декабр нашр шавад," -- гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия аз идомаи “облава”-и даъватшавандаҳо дар тамоми кишвар гузориш медиҳанд. Пулис ва намояндагони артиши Русия мардони синни хидматро дар кӯчаву метро, марказҳои савдо ва ҷойи кору хона таъқибу дастгир мекунанд. Онҳоро бо шитоб ва расман аз муоина гузаронда, ба артиш мефиристанд.

Ҳуқуқшинос Клига меӯяд, маъракаи ҷалб ба хидмати ҳарбӣ як тартиби “ҳайратангез” касб карда, тақрибан ба як кори ҳаррӯза табдил шудааст. “Мушкил ин аст, ки одамро дар як рӯз гирифта мебаранд. Вай омода нест, мумкин аст, беморие дораду имкони пешниҳоди санадҳои тасдиқкунандаро дар як фурсати хеле кӯтоҳ надорад. Ҳадафи комиссариатҳои ҳарбӣ пешниҳоди як хулосаи расмии тиббӣ ва сафарбаркунӣ ба нуқтаҳои қабул аст. Ҳоло аз ҳамин роҳ кор мегиранд," – афзуд ӯ.

Клига мегӯяд, пешниҳодҳоро барои боло бурдани муҳлати хидмат дар артиш, ки дар Дума садо дод, ҳоло ҷойи нигаронӣ надорад. “Дидам, ки дар моҳи ноябри 2022 ҳам чунин пешниҳодҳо садо дода будаанд. Онҳо фикр мекунанд, ки бо ин роҳ артиши мо касбитар хоҳад шуд,” – гуфт ӯ.

Ҳуқуқшинос бовар дорад, ки дароз кардани муҳлати хидмат кори содда нест ва “як ислоҳоти ниҳоят мушкил аст”.

XS
SM
MD
LG