Мақомот ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо ба иттилои манбаҳои Радиои Озодӣ ду нафари боздоштшуда масъули масҷиди Хоҷа Муҳаммади Балодуркун дар деҳаи Рӯмон ва як нафари дигар намозгузори ин масҷид будааст. Зидди боздоштшудаҳо парвандаи ифротгароӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Онҳо Ихтиёрхӯҷа Камолов, имомхатиб, Бахтиёр Акбаров, мутавалӣ ё хидматгузори масҷид ва дигарӣ Мирзобурҳон Салмонзода истиқоматкунандаи ҳамин деҳа будаанд.
Ба гуфтаи манбаъи Радиои Озодӣ боздошт шоми 4-уми апрел ҳангоми ифтор, дар пеши чашми чандин наврасу ҷавон сурат гирифтааст. Зоҳиран боздошт ибтидо ба ҳузури афроди то 18-сола дар масҷид рабт доштааст. Қонун намозгузории чунин афродро дар масҷид манъ мекунад. Дар робита ба ин падару модари гуруҳе аз наврасони деҳа ҷазои маъмурӣ гирифтаанд.
Дар идомаи кор се нафари дастгиршуда ба салафигароӣ гумонбар гаштаанд, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст. Ҳеч ниҳоде дар ин бора расман чизе намегӯяд, вале сокинони Румон тақрибан 10 рӯз боз дар боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан қарор доранд. Дар сурати тасдиқ шудани гумон онҳоро аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пайвандони онҳо аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Бино бар маълумоти дарёфтӣ, Ихтиёрхӯҷа Камолов 51 сол дошта, 5 сол ба ин сӯ имомати Масҷиди Хоҷа Муҳаммади Балодуркунро ба дӯш доштааст. Вай хатмкардаи Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ва ҳамзамон мутахассиси информатикаву фанновариҳои нави иттилоотӣ будааст. Бахтиёр Акбаров 34 сола буда, дар масҷид рӯзҳои ҷумъа хутбахонӣ ва ё ходимӣ мекардааст. Мирзобурҳон Салмонзода 24 сол дошта, ҷойи кор ё таҳсилаш ба мо маълум нашуд.
Баъзе ходимони дигари масҷид ва масъулони Шӯрои уламои дини вилояти Суғд боздошт шудани се нафарро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, аз айбномаи расмӣ хабар надорад. Чанде аз сокинони деҳа мегӯянд, нафарони боздоштшуда дар ободонии масҷид ва деҳа ташаббускор буданд.
Боздошт дар арафаи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рух дод, ки як моҳ пеш, ҳангоми вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баъзе имомхатибонро пайрави гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ номид, ки ба гуфтаи ӯ, дар байни намозгузорон ғояҳои ифротӣ паҳн мекунанд.
Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон аз равияи «Салафия» ва Гурӯҳи "Давлати исломӣ" чун созмонҳои террористии хатарнок барои амнияти давлат ва мафкураи ҷавонон ёдовар шуд. Ӯ инчунин гуфт, бо вуҷуди ин ки ин созмонҳо мамнӯъ мебошанд, аз соли 2015 то имрӯз зиёда аз 2300 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба «Салафия» гароидаанд ва дар байни онҳо имомхатибони бархе аз масҷидҳо ҳам мебошанд.
Санҷидани дурустии ин иттиҳомот бо роҳҳои мустақил сахт аст, вале ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон фаъолияти имомхатибон ва ҳам ҷараёни ба кор қабул шудани онҳоро давлат танзим ва назорат мекунад, имомхатибон бо маоши ҳукумат кор мекунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2009 фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Пас аз афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия ва инки аксари онҳо пайравони “Салафия” будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14-уми декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" номид.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"24 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа амали террористӣ анҷом додаанд"Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Италия ба гумони узвият дар ДОИШМақомот дар Исфара дари масҷидро бастанд ва ба сокинон шарт гузоштандПешниҳоди таҳрим. Тоҷикистонро барои маҳдудиятҳои динӣ танқид карданд