Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот дар Исфара дари масҷидро бастанд ва ба сокинон шарт гузоштанд


Бинои як масҷид дар Исфара. Акс аз бойгонӣ
Бинои як масҷид дар Исфара. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти шаҳри Исфара ба сокинон ва имомхатибони як деҳа шарт гузоштаанд, ки агар ҷавонони синни даъват ба комисариати ҳарбӣ барои рафтан ба артиш ҳозир нашаванд, дари масҷидашонро боз нахоҳанд кард.

Дари масҷиди панвақтаи бо номи “Умари Одил”-ро ба рӯи намозгузорон дар деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи Исфара рӯзи 9-уми май бастаанд.

Рофиҷон Рауфов, раиси деҳаи Найман рӯзи 13-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баста шудани дари масҷидро тасдиқ кард ва гуфт, рӯзи 12-уми май, дар намози ҷумъа рӯҳониён аз мардум даъват карданд, ки фарзандонашонро ба артиш равон кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, аксари ҷавонони синни даъват дар Русия муҳоҷир ҳастанд.

“Ба волидон гуфтанд, бигзор фарзандонатон, ки дар Русия ҳастанд, биёянд ва хизмати аскарӣ кунанду шумо озодона намозҳоятонро хонед. Имрӯз имомҳо ва хатибҳо ба назди мақомот барои як ҷаласа даъват карда шуданд,”—гуфт, Рофиҷон Рауфов.

Як сокини деҳаи Найман, ки дар Русия муҳоҷир аст, бо шарти зикр нашудани номаш дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, наздиконашро барои ба ватан баргаштани ӯ мақомот фишор меоранд.

Ин ҷавон гуфт, ки тоза ҷои кори хуб пайдо кардааст ва намехоҳад онро аз даст диҳад, чун зиндагии наздиконаш дар Тоҷикистон аз ҳисоби кори ӯ ҳаст.

Мақомот расман бастани масҷид ва фишор ба волидони ҷавононро дар Исфара шарҳ надодаанд.

Бори аввал нест, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон бо талаби ба артиш фиристодани ҷавонон дари масҷидҳоро мебанданд. Айни корро моҳе пеш дар шаҳри Панҷакенту ноҳияи Рашт "таҷриба" карданд.

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, аммо мавридҳои "сарбозшикор" ва фишор ба волидони ҷавонон ин хабарҳоро зери шубаҳа мебарад. Сокинон мегӯянд, ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи латукӯбу марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ онҳоро дар марвиди фиристодани фарзандонашон ба артиш "дудила" кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG