Мақомоти Русия Далерҷони 32 сола, сокини деҳаи Галахонаи ноҳияи Рӯдакиро ба ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи "Крокус Сити Ҳолл" гумонбар медонанд.
Гулракат Мирзоева, модари ӯ рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба хабару наворҳое, ки атрофи писараш дар интернет пахш шудаанд, шинос шудааст ва ба воқеият доштани онҳо бовар надорад.
“Он нафаре, ки дар толори мусиқӣ нишон медиҳанд, ки дар дасташ корд аст, чӣ коре мекунад, ӯ писари ман нест. Писари ман ҳамонест, ки баъди боздошт дар дохили шиша нишон дода мешавад. Нафароне, ки лаҳзаи ҳамла карданашон нишон дода мешавад, бузбала ҳастанд ва ҳеҷ кадомаш ба Далерҷон монанд нест. Чаро вақти ҳамла дар навор рӯи онҳоро нишон намедиҳанд, вале дар додгоҳ чеҳраашонро нишон медиҳанд? Мо ҳамаашро тамошо кардем. Дидем, ки онҷо як марди азимҷӯсаи сафед, майкаи кабуд дорад ва навор мегирад ва ишора мекунад, ки дарро маҳкам кунед. Ин ҳама нисбати писари ман туҳмат аст, "-афзуд, ӯ.
Далерҷон ду рӯз қабл аз ҳодиса ба наздиконаш тамос гирифта, ба нақли модараш, аз нияти бозгашт ба Тоҷикистон ба онҳо хабар дода будааст.
“Дар тамос бо ман гуфт, ки баргашта хона меоям. 20-уми март муҳлати сабти санадҳои будубошаш ба охир мерасид. Гуфт, очаҷон рейд сахт аст, яке боздошт карда, ихроҷ мекунанд, дигар Маскав омада наметавонем. Гуфтам, майлаш хез биё. Гуфт, то 25-уми март дар хона мешавам, гуфтам, хез биё болои сари кӯдакҳоят,”-гуфт, модари Далерҷон.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин зан мегӯяд, 7 рӯз дар бозпурсии мақомоти тоҷик қарор доштааст ва дар ин миён як баёнот барои муфаттишони рус низ дар бораи писараш навиштааст, вале мустақиман худи онҳоро надидааст.
Ба нақли наздиконаш, Далерҷон дар шаҳри Новосибирск дар манзили амакбачааш ба сар мебурд ва кораш таксиронӣ буд. Модар мегӯяд, писараш дар суҳбат ба онҳо аз даромади кам шикоят мекард: "Ӯ чӣ хел аз Новосибирск ба Маскав рафтааст, барои мо маълум нест.”
Ба гуфтаи хонаводааш, Далерҷон 6 моҳ қабл ба Русия рафт. Дар Тоҷикистон низ ба таксиронӣ машғул буд.
Хабари боздошти ӯ аҳли деҳаро ҳайратзада кардааст.
Коғазмо Расулова, сокини ин деҳа ба Радиои Озодӣ гуфт, бо шунидани хабари боздошти Далерҷон боварашон наомад ва ҳанӯз ғарқи андешаанд, ки чӣ гуна ӯ даст ба чунин коре задааст. Ӯ гуфт: “Чун ки вақте инҷо буд, мурчаро озор намедод. Рафтораш бисёр хуб буд, мо фикр кардем фарзанди худмонро дастгир кардаанд, мисли фарзандони худамон буд.”
Хонаводаи ин ҷавон аз шаҳри Ҳисор ба деҳаи Галахонаи Рӯдакӣ замоне кӯч бастаанд, ки Далерҷон дар синфи 6-ум мехондааст. Ҳамсуҳбатони мо дар деҳа гуфтанд, ӯ ҷавони мазҳабӣ набуда, бештар ба бозии футбол завқ доштааст.
Далерҷон дар мактаби деҳа (мактаби № 17 н. Рӯдакӣ) таҳсил намуда, баъди хатми он ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтааст. Хидмати ҳарбӣ ва дар донишгоҳе таҳсил накардааст. Бар асоси нақли омӯзгоронаш, дар мактаб бо баҳои севу чаҳор мехондааст.
Саидмурод Мирзоёров, омузгори мактаб гуфт, "дар давоми таҳсилаш бачаи хуб буд, бачаи ором ва маслиҳаторо ҳам буд. Ба бачаҳои қафомонда бисёр ёрӣ ҳам медод. Дар корҳои ҷамъиятии мактаб хуб иштирок мекард.”
Манзили Далерҷон Мирзоев як кӯча болотар аз манзили падар ҷойгир буда, 6 моҳ пеш ба онҷо кӯч бастааст. Ҳамсар бо чаҳор фарзандаш баъди боздошти ӯ аз манзили худ хонаи волидон рафтаанд.
Вазъи саломатии ҳамсараш, Зиёда, бо шунидан ва дидани хабару аксҳои шавҳараш бад шуда, тай се рӯз дар беморхона бистарӣ шудааст. Ӯро аз шӯъбаи эҳёи беморхона ҷавоб додаанд ва ҳоло дар манзили модар табобат мегирад.
Далерҷон ба хушдоманаш низ тамос гирифта будааст. Дилафрӯз Шукурова, хушдомани ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бовар надорад, домодаш даст ба амали террористӣ задааст. "17-уми март занг зада буд. 800 сомонӣ равон кард. Гуфт холаҷон инро гиред дар Рамазон барои кӯдакони ман озуқа бигиред. Гуфт холаҷон насиб кардагӣ 26 март дар хона мешавам»-афзуд, Дилафрӯз Шукурова.
Далерҷон Мирзоеви 32-сола, яке аз чор гумонбари асосӣ дар ҳамла ба маҷмааи "Крокус Сити Ҳолл" аст. Мақомоти Русия мегӯянд, ӯро дар Брянск боздошт карданд.
Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки иддао мешавад лаҳзаи боздошти Далерҷон Мирзоев аст, ӯро аз болои як дарахт ба поин фароварда ба дастонаш завлона мезананд. Замони боздошт ӯ бо тарҷумон суҳбат мекард, ҳарчанд наздиконаш мегӯянд, ӯ русиро медонист.
Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ба куштори мардуми бегуноҳ дар толори консертии “Крокус” ва панҷ нафари дигар барои мадад ба онҳо муттаҳам мешаванд.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Писари човандоз, ноболиғи зиндонишуда. Охирин паём ва сарнавишти Фаридуни ШамсиддинHRW: “Шиканҷаи гумонбарон – як навъ фахри даҳшатбори ҳукумати Путин аз беэътиноӣ ба ҳуқуқҳои асосӣ аст”"Мегуфт, ба Тоҷикистон бармегардад." Нақли падараш дар бораи Далерҷон Мирзоев"Ночаспо ва шубҳанок". Назари коршиносон ба ривоят ва фактҳои қазияи "Крокус"Гӯши бурида ва рӯйҳои вараму сиёҳи боздоштшудаҳо баёнгари чист?"На занг зад, на пул фиристод." Саидакрам Раҷабализода дар Русия буд ё Туркия?Додгоҳи Русия падар ва ду писари ӯро ба ҳабс маҳкум кард"Қувваи барқ монданд." Лаҳзаи шиканҷаи ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия