Фаридун ва се зодаи дигари Тоҷикистон– Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Муҳаммадсобир Файзовро ба роҳандозии ҳамлаи террористӣ дар толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав гунаҳкор медонад. Ҳамла шоми 22-юми март сурат гирифт.
Дар акси пахшуда дар телеграм-канали Grey Zone дида мешавад, ки гумонбарро ба замин хобонда, шимашро кашидаанд ва ба олоти мардиаш дастгоҳи алоқаи ҳарбии ТА-57-ро мондаанд. Ин дастгоҳ барои шиканҷаи боздоштшудаҳо бо барқ истифода мешавад.
Дар зери ин акс навиштаанд: "яке аз муҳоҷирони террорист аз Тоҷикистон аз ҳаяҷони зиёд аз ҳуш рафт ва барои ҳамин ӯро бо “қуввадеҳ” пайваст карданд. Бо вуҷуди шаҳрванди Русия набуданаш, нерӯҳои вижа ба ҳуқуқи ӯро эҳтиром гузошта барояш телефон доданд, ки ба адвокат занг занад".
Рӯзи 24-уми март Фаридуни Шамсиддинро дар ҳоле ба додгоҳ оварданд, ки як тарафи рӯяш варам карда буд. Додгоҳ ӯ ва чор тоҷикистонии дигарро то рӯзи 22-юми майи имсол ба ҳабс гирифт.
Пеш аз ин дар шабакаҳои наздик ба мақомоти қудратии Русия навори шиканҷаи Саидакрам Раҷабализода, гумонбари дигар дар ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" пахш шуда буд. Дар видео дида мешавад, ки гӯши ин шаҳрванди Тоҷикистонро бурида, ба даҳонаш мегузоранд ва маҷбур мекунанд, ки онро фурӯ барад. Ба навиштаи “Фонтанка”, ин наворро ҳам шабакаҳои наздик ба гуруҳи зархариди “Вагнер” пахш кардаанд.
Мақомоти Русия шиканҷаи боздоштшудаҳоро шарҳ надодаанд. Қонунгузории ин кишвар истифодаи шиканҷаро манъ кардааст. Рӯзи 24-уми март Раҷабализодаро дар ҳоле ба додгоҳ оварданд, ки як тарафи рости сараш докапеч буда, дар рӯяш осори зарбулат намоён буд.
Ҳамлаи маргбор ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл" шоми 22-юми марти имсол рӯй дод. Мақомоти Русия гуфтанд, ки 137 нафар кушта шуда, беш аз 180 тани дигар маҷрӯҳ ҳастанд.
Мақомоти Русия шоми 23-юми март хабар дода буданд, ки ба сурати умум 11 нафар боздошт шудааст.