Машварати Валентина Чупик ба муҳоҷирон: Аз риши бетартиб ва ҳиҷоб худдорӣ кунед

Валентина Чупик мегӯяд, рӯзе беш аз ҳазор шикоят дарёфт мекунад

Ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон Валентина Чупик мегӯяд, баъди ҳамлаи террористӣ дар Маскав ҳамарӯза на камтар аз ҳазор шикоят аз бадрафториву боздошти шаҳрвандони Осиёи Марказиро дарёфт мекунад.

Вай мегӯяд, зиндагӣ дар Русия барои муҳоҷирон пурхатар шудааст ва барои пешгирӣ аз фоҷеа, машварат медиҳад, ки аз рӯи имкон феълан ин кишварро тарк кунанд.

Дар як сӯҳбате рӯзи 28 март аз Валентина Чупик нахуст пурсидем, оё аз кадом гурӯҳи муҳоҷирон ин шабурӯз шикоят бештар мерасад?

Валентина Чупик: Муроҷит аз ҳама меояд. Тоҷикон дар ҷои сеюм ҳастанд, аз назари шумори зиёди муроҷиатҳо аввал узбекҳо баъд қирғизҳо ҳастанд. Ҳафтод дарсади ин шикоятҳо ба боздоштҳои ғайриқонунӣ рабт доранд. Рӯзе 750-800 боздошти ғайриқонунӣ сурат мегирад, дар умум то 1200 шикоят дарёфт мекунам. Гурӯҳҳои шумо, тоҷикон дар ҳамин шароит боз мехоҳанд шаҳрвандии Русияро бигиранд! Боздошт хеле зиёд аст. Асосан дар нақлиёту метро мегузарад, ба хобгоҳу ошхонаву сохтмонҳо ҳам ҳамла зиёд аст. Кормандони полис ваё Росгвардия бо либоси мулкӣ ва бе нишон додани ҳуҷҷате меоянд. Онҳоро шинохта намешаванд, ки аз куҷо ҳастанд. Мардумро боздошт карда бе ҳеҷ сабабе мезананд. Муҳоҷирро мебинаду аввал ба шикам ва баъд ба рӯяш мезанад. Аз по афтонда ба дохили мошини борбари полис мешинонад. Ҳоло автобусҳоро ҳам ба кор мебаранд, зоҳиран мошини махсус намерасад. Гоҳо мошини шахсиро истифода мекунанд. Мардумро ба идораҳои полис бурда, ба дохили шӯъба неву рӯи ҳавлиаш мегузоранд ва давоми чанд шабонарӯз дар сардӣ нигоҳ медоранд. Телефонҳоро мегиранд.

Радиои Озодӣ: Боздоштҳои гурӯҳӣ якбора баъди ҳамлаи террористӣ шурӯъ шуд?

Валентина Чупик: Рӯзи шанбе сар шуд. Аз таксиронҳои қирғиз сар карданд, чунки қирғизҳо дар такси бисёр кор мекунанд, тахминан 80 % ҳастанд. Баъди 6-7 соат боздошти ҳама дигар хориҷиҳои ғайрирус шурӯъ шуд. Агар аввал фақат ба таксиронҳо рабт дошт, баъд ба ҳама марбут шуд. Мавҷи калони боздоштҳо дар метро ва хобгоҳҳо паҳн гардид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Машварати Валентина Чупик ба муҳоҷирон: Аз риши бетартиб ва ҳиҷоб ҳазар кунед

САФАР БА РУСИЯ ХАТАРНОК ШУДААСТ

Радиои Озодӣ: То куҷо ин ҳуҷумҳои полис дар тамоми минтақаҳои Русия баробар мегузаранд?

Валентина Чупик: Мушкил аст гуфтан, ки ин ҷо зиёду он ҷо камтар аст. Рӯзи аввал асосан дар Маскав буд, баъд дар Екатеринбург шуд. Онҳо дар ду-дуним рӯз тахминан 600 касро боздошт карданд. Он ҷо муҳоҷир кам аст, ва ҳар як муҳоҷири даҳуми боздоштшуда тавонист ба ман хабар диҳад. Он ҷо ҳам дастаҷамъона боздошт мекунанд ва муносибат ба муҳоҷирон он ҷо боз ҳам бадтар аст. Ҳоло аз ҳама бештар дар вилояти Маскав аст. Он ҷо гурӯҳҳои калони муҳоҷиронро дар маконҳои мисли сохтмонҳо боздошт мекунанд.

Радиои Озодӣ: Расман вақти боздошти чӣ иттиҳом пеш меоранд?

Валентина Чупик: Иттиҳом нест, ҳеҷ хел иттиҳом ба забон намеоранд, сабабашро ҳеҷ гуна шарҳ намедиҳанд. Ҳамту мегӯянд, “санад канӣ, кисаҳоро холӣ кун, ба мошин дохил шав”. Ҳамааш ҳамин. Чизеро шарҳ намедиҳанд.

Радиои Озодӣ: Яъне ҳоло вазъи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Русия пурхатар шудааст?

Валентина Чупик: Бале, дуруст аст. На танҳо зиндагиву кор, балки рафтуомад ба он ҷо хатарнок шудааст. Ман паёме гирифтам, ки дар фурудгоҳи «Жуковский» ҳама дорандагони шиносномаҳои хориҷиро ба ҳавопаймо роҳ надода ба идораи полис мебаранд, то ки онҳоро ихроҷ кунанд. Онҳоеро, ки ба ватан бармегарданд, ихроҷ кардан чӣ зарур? Онҳое, ки ба Маскав парвоз карда мерасанд, ба фурудгоҳ роҳ надода ба хонаҳое ҷой медиҳанд, ки дар қисмати пушти фурудгоҳ ҷойгир ҳастанд. Чанд шабонарӯз бе ғизову обу ҳоҷатхона нигоҳ медоранд. Баъд онҳоро ба хонаҳояшон бармегардонанд. Дар шиносномаи як ҷавони 20-сола, ки бори аввал ба Маскав рафтааст, депорти 100-сола гузоштанд. Ӯ тоҷик аст.

Радиои Озодӣ: Аз рӯи маълумоте, ки ба шумо расидааст, қарори ихроҷ ва берун шудан аз Русия ба чанд кас дахл дорад?

Валентина Чупик: Қарори манъи вуруд ба мӯҳлати 100 сол як ҳодиса аст. Қарор дар бораи як «хориҷии нохушоянд» дар Русия тахминан 10 адад аст. Вале ин нафарон онҳое мебошанд, ки сабтиноми ғайриқонунӣ ё харидашуда доштанд. Инҳо парвандаҳои қонунӣ ҳастанд. Аввал ҷарима баста баъд як хориҷии ғайриқонунӣ менависанд.

ҚОНУНӢ КОР КУНЕД Ё ХОНА БАРГАРДЕД

Радиои Озодӣ: Барои эмин мондан аз бархӯрди ғайриқонунии полис ба муҳоҷирон чӣ машварат медиҳед?

Валентина Чупик: Агар имкони баргаштан буд, биравед, аққалан барои ним сол баргардед. Агар чунин имкон набуд, чунки оиларо таъмин кардан зарур аст, пурра қонунӣ кору зиндагӣ кунед. Худро дар ҷои зист сабтином кунед, чунки барои вайрон кардани ин қоида парвандаи ҷиноӣ, ихроҷи якумрӣ ё ҳабси яксола дар зиндон таҳдид мекунад. Қонунӣ кор кунед. Агар шароити бастани созишномаи расмӣ набуд, кори дигар кобед. Агар чунин ҳам нашуд, бо соҳиби хонаатон созишнома имзо кунед ва он ҷо навишта шавад, ки дар кори хонаи ӯ ёрӣ мерасонед. Яъне шумо бояд нишон диҳед, ки манбаи расмии даромад дар Русия доред. Пули патентро саривақт пардохт кунед. Ба қарибӣ чанд тоҷике гуфтанд, «Русия ба мо муносибати бад дорад, барои ҳамин пули патентро намедиҳем». Шумо инро дарк мекунед, ки ихроҷ мешавед? Вақте кӯча мебароед, пешакӣ матни як паёмаки телефониро ба номи ман омода кунед. Дар он ҷо нависед: «Ном, насаб, номи падар, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, дар шӯъбаи …. боздошт шудаам». Тамом. Ин матнро нигоҳ доред ва агар полис дастгир кард, рақами идораи полисро дар ҷои холӣ навишта ба ман зуд он паёмро равон кунед. Ман кӯшиш мекунам, ки ба шумо ёрӣ расонам.

Радиои Озодӣ: Валентина, шумо худатон аз дасти мақомоти Русия азият ва ихроҷ шудед ва ҳоло маҷбур ҳастед коратонро аз беруни Русия давом диҳед. Дар чунин шароит чӣ гуна дастатон мерасад, ки ба мардум ёрӣ расонед?

Валентина Чупик: Ман ба идораҳои полис занг мезанам, дар бораи боздошти ғайриқонунии онҳо ариза менависам. Ҳар як ариза рақами расмии сабтином дорад ва онҳо бояд ба ҳар як ариза расман ҷавоб диҳанд. Аз онҳо инро талаб мекунанд. Онҳо маҷбур ҳастанд, ки тадбире андешанд. Масалан, шаби гузашта дар шӯъбаи полиси Люблино чӣ шуд. Давоми ду шабонарӯз беш аз 70 нафарро бе ғизову об нигоҳ доштанд. Ба ман падари яке аз боздоштшудаҳо хабар дод. Ман ба ин шӯъба занг зада гуфтам, ки ба мардум ғизо диҳед. Навбатдор мегӯяд: «Мо ин ҷо беш аз 70 боздоштшуда дорем ва барои таъмини хӯроки ҳамаи онҳо имкон надорем. Агар ба як қисмашон диҳему ба дигараш не, ноодилона мешавад». Гуфтам, «хеле хуб, пас иҷоза диҳед, ки хешовандонашон ба онҳо хӯрок биёранд». Мегӯяд: «Ҳамаашон хешу табор надоранд ва ин ноодилона мешавад». Ҳамин хел одамони гӯё адолатпешаанд онҳо. Вақте ман дар ин бора дар ТВ ”Настоящее время” гуфтам ва ду соат баъдаш гашта ба он шӯъбаи полис занг задам, навбатдори дигар гуфт, “бале, ҳатман, биёранд, мо хурсанд мешавем”.

АЗ РИШИ БЕТАРТИБ ВА ҲИҶОБ ҲАЗАР КУНЕД

Радиои Озодӣ: Ва ба саволи аз ин пешам дар бораи тарзи ҳимояти муҳоҷирон дар чунин шароит, оё ба онҳое, ки мазҳабӣ ҳастанд, чӣ машварат медиҳед?

Валентина Чупик: Ба ҳеҷ шарту шароит ба масҷиду намозгоҳҳои ғайриқонунӣ наравед. Илтимос, ҳама гурӯҳҳои динӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро тарк карда ин гурӯҳҳоро дар телефони худ пок кунед. Агар масҷидравӣ бисёр зарур буд, танҳо ба масҷидҳои расмӣ равед. Дар Маскав чор ва дар Питер – ду чунин масҷид ҳаст, ба дигараш наравед. Агар дар намози ҷумъа мардуми зиёде ҷамъ шуд, он ҷо наравед. Ҳатман омада боздошт мекунанд. Аз мардҳо хоҳиш мекунам, ки ба иловаи риш мӯйлаб ҳам гузоред. Ришу мӯйлаби ботартиб дошта бошед. Вақте риш бетартиб дароз шудааст, барои ҳама намояндагони мақомоти давлатии Русия ин аломати террорист аст, ҳарчанд риш ба терроризм ҳеҷ рабте дошта наметавонад, вале воқеият дигар аст. Онҳо шуморо барои ҳамин нигоҳ дошта месанҷанд. Аз занҳо дархост дорам, ки ба ҷои ҳиҷоб, куртаҳои гардандароз пӯшида рӯймол бандед. Ҳиҷоб ҳам як баҳонаи рафтори хашини полис мешавад

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Кори ДОИШ аст", фишор болои муҳоҷирон афзуд... Шарҳи матбуоти ғарбӣ Пурсиш: Дар бораи ҳамлаи Маскав чӣ медонед?Осиёимиёнагиҳоро тавассути "Шереметево" ба Русия роҳ намедиҳанд "Мегуфт, ба Тоҷикистон бармегардад." Нақли падараш дар бораи Далерҷон МирзоевДу боздоштшудаи "Крокус" ба зидди қарори додгоҳ шикоят кардаанд"Ночаспо ва шубҳанок". Назари коршиносон ба ривоят ва фактҳои қазияи "Крокус"