Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав онҳоро рӯзи 25-уми март ба иттиҳоми "амали террористӣ" ду моҳ ба ҳабс гирифт.
Писари дигари хонавода – Диловар Исломов – низ дар ҳабси пешакист. Вай соҳиби мошине гуфта мешавад, ки ҳамлаварон истифода кардаанд. Маълум нест, ки оё ӯ низ шикоят кардааст ё не.
Исломовҳо иттиҳомро напазируфта, иддао доранд, ки аз ҳамлаи террористӣ дар толори мусиқӣ хабар надоштанд. Тафтишот мегӯяд, падар ва ду бародар узви гурӯҳи ҷиноӣ буда, ба ҳамлаварон мадад расондаанд.
Ин шикояти аввалини гумонбарони ҳамла ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав нисбат ба қарори боздошт ва ҳабсашон аст.
Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайванд ба ҳодиса 12 нафар дастгир шуда, то кунун ҳашт нафар – ҳафт зодаи Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон – ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.