Ҳамсояҳо гуфтанд, дар ин манзил Дилшод Исломов, писари дигари оила, зиндагӣ мекунад, вале рӯзи 28-уми март касе дарро боз накард. Ду бародари Исроил Исломов низ дар маҳаллаи “Арбобхотун” хонаву дар доранд. Онҳо рӯзи панҷшанбе дар манзили худ набуданд.
Раиси маҳаллаи Арбобхотун дар канораи Душанбе аз Исроил Исломов "инсони хушмуомила" ном бурд ва гуфт, ба иттиҳоме, ки нисбат ба ӯ ва ду фарзандаш эълон шудааст, бовар надоранд. Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 25-уми март Исроил Исломов ва ду писарашро ба гумони "амали террористӣ" то охири моҳи май ба ҳабс гирифт.
Табаралӣ Восидов рӯзи панҷшанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "На бой ҳастанд, на камбағал. Оилаи миёнаҳол. Исроил Исломов ҳамеша дар байни мардум буд. Коргари одӣ буд, таксӣ меронд, замоне посбон буд."
Ба нақли ҳамсуҳбати мо, Исроил Исломов як сол пеш ба назди писаронаш ба Русия кӯчидааст. "Ҳамсараш касалии қанд буд, инҷо дастёр надошт, гирифта ба Русия бурд. Дар онҷо як қисми бадани ҳамсараш фалаҷ шудааст, баъд дар ҳамонҷо монд. Дигар омада натавонистанд," – афзуд Табаралӣ Восидов.
Қаблан баъзе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ин оила дар солҳои 90-ум аз ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш барои кор ва зиндагӣ ба вилояти Твери Русия рафта, ба тиҷорати мошин машғул буданд.
Мақомоти Русия мегӯянд, Аминҷон Исломови 33-сола соҳиби охирини мошине аст, ки дар ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити" истифода шудааст. Ба нақли онҳо, мошинро ба гумонбарони ҳамла бародари ӯ, Диловари 24-сола, фурӯхтааст.
Кумитаи тафтишотии Русия ба ин бовар аст, ки ин афрод дар ҳамлаи толори мусиқӣ нақш доштанд ва гуё онҳоро гумонбари дигар Фаридуни Шамсиддин дар моҳҳои январ ва марти имсол ҷалб кардааст. Ба иттилои ёфтаи Радиои Озодӣ, хоҳари Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони дигари ҳамла, ҳамсари Аминҷон Исломов, аст.
Аминҷон Исломов ва Исроил Исломов рӯзи 28-уми март хоҳони бозбинии қарори Додгоҳ шудаанд. Онҳо иттиҳомро напазируфта, иддао доранд, ки аз ҳамлаи террористӣ дар толори мусиқӣ хабар надоштанд. Тафтишот мегӯяд, Исроил Исломов ва ду писараш узви гурӯҳи ҷиноӣ буда, ба ҳамлаварон мадад расондаанд.
Ин шикояти аввалини гумонбарони ҳамла ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав нисбат ба қарори боздошт ва ҳабсашон аст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад