Наздикони Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони ҳамлаи маргбор дар Маскав (22-юми март) мегӯянд, ӯ ду рӯз пеш аз ҳодиса ба модараш занг зада, гуфтааст, ки ба Тоҷикистон бармегардад.
Далерҷон Мирзоеви 32-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз чор гумонбари асосӣ дар ҳамла ба маҷмааи "Крокус Сити Ҳолл" аст. Мақомоти Русия мегӯянд, ӯро дар Брянск боздошт карданд.
Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки иддао мешавад лаҳзаи боздошти Далерҷон Мирзоев аст, ӯро аз болои як дарахт ба поин фароварда ба дастонаш завлона мезананд. Замони боздошт ӯ бо тарҷумон суҳбат мекард, ҳарчанд наздиконаш мегӯянд, ӯ русиро медонист.
Бароталӣ Мирзоев, падари Далерҷон Мирзоев, рӯзи 28-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш дар моҳи октябри соли гузашта барои кор ба Русия рафт ва таксӣ меронд.
"Ӯ рӯзи бистуми март ба модараш занг зад ва гуфт, ки кораш хуб нест ва рӯзи 24-уми март ба Тоҷикистон бармегардад. Ҳеч чизи шубҳаоваре дар рафтораш дида намешуд," – гуфт ӯ.
Далерҷон Мирзоев чор фарзанд дорад, аз ҷумла як дугоник. Хонааш ҳам дар наздикии манзили падараш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир аст.
Ба гуфтаи пайвандон, мақомоти Тоҷикистон рӯзи 23-юми март падару модар, бародар, ҳамсар ва хушдомани Далерҷон Мирзоевро барои бозпурсӣ бурда буданд. Рӯзи 27-уми март падару ҳамсарашро раҳо кардаанд, чун ҳарду бемор ҳастанд, вале бародару модар ва хушдоманаш ҳанӯз дар бозпурсӣ қарор доранд. Мақомот шарҳе намедиҳанд.
Бароталӣ Мирзоев мегӯяд, онҳоро асосан муфаттишони тоҷик бозпурсӣ карданд. Пештар гузориш расида буд, ки як ҳайати маъмурон аз Русия барои суолу ҷавоб бо хонаводаи гумонбарон ба Душанбе омадаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Аз Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД (УБОП) занг заданд. Фикр кардам, ки дар бораи писарам Равшанҷон аст. Вақте гуфтанд барои Далерҷон аст, ҳеч боварам наомад. Вай ин корро ҳеч гоҳ накардаст. Автоматро қапида наметавонад, ҳатто хидмат накардаст. Вай бо бародараш, ки дар ҷустуҷӯ буд, тамос ҳам надошт," -- нақл кард Мирзоев.
Бародари Далерҷон, Равшанҷон Мирзоев дар феҳристи афроди таҳти пайгард, ки Радиои Озодӣ онро дид, зикр шудааст. Як манбаъ дар мақомоти маҳаллӣ гуфт, чаҳор сол пеш хабари кушта шудани Равшанҷон Мирзоев расида буд.
Ҳамдеҳагони ӯ гуфтанд, Далерҷон то рафтанаш ба Маскав чандон мазҳабӣ ба назар намерасид. Ӯ дар хонавода фарзанди сеюм будааст. Ин оила ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, бо сабаби рафтани Равшанҷон Мирзоев, бародари Далерҷон ба Сурия солҳо зери назорат қарор доштанд ва мақомот зуд-зуд ба хонаи онҳо омада, бо пайвандонашон суҳбат мекарданд.
“Равшанҷон ҳашт сол пеш ба Сурия рафта буд. Ин хонавода ҳамчун хонаводаи осебпазир зери назари мақомот буд ва доим бо онҳо суҳбат мешуд. Аз Равшанҷон ҳеч хабаре нашуд ва ду сол пеш ҳамсараш шавҳар кард. Ин хонавода бисёр эҳтиёт мекарданд ва дар рафторашон нишонаи мазҳабӣ будан ба назар намерасид,” – гуфт як тан аз ҳамсоягони онҳо.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав Далерҷон Мирзоев ва се ҳамроҳашро рӯзи 24-уми март бо иттиҳоми “амали террористӣ” то нимаи моҳи май ба ҳабс гирифт. Маргарита Симонян, мудири шабакаи давлатии "Russia Today" ва яке аз мубаллиғони ҳукумати Русия, ӯро “раҳбари ҳамлаварон” номид, аммо ин иттилоъ расман тасдиқ нашудааст. Маълум нест, ки ӯ дар ин ҳамла чӣ нақш доштааст.
Мирзоевро дар ҳоле ба додгоҳ оварданд, ки беҳол ва сардаргум намудор шуда, дар сару рӯяш осори латукӯб дошт ва дар гарданаш боқимондаи пакети селофанӣ овезон буд.
Вай, ба гуфтаи дафтари матбуоти Додгоҳи Байсманний, айбномаро пазируфт ва худро гунаҳкор донист. Мурофиа паси дарҳои баста гузашт ва ҷузъиёташ дастрас нест. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, иқрори Далерҷон Мирзоев ва ҳамроҳонаш зери шиканҷа ба даст омадааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад