Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик барои нашри видеои ҳамла ва шарҳҳои зери он


"Крокус Сити Ҳолл", Красногорск, наздикии Маскав, 26-уми марти 2024
"Крокус Сити Ҳолл", Красногорск, наздикии Маскав, 26-уми марти 2024

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Санкт-Петербург ба иттиҳоми гуё дуруст шуморидани ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав дастгир кардаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 27-уми март гуфт, ба зидди ӯ ба иттиҳоми "даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва ё таблиғи терроризм" парванда боз шуд. Дар ҳоли ҳозир масъалаи ба ҳабс гирифтани ӯро баррасӣ доранд.

Пойгоҳи "Астра" навишт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон Баҳодур Зуҳуров аст ва 26 сол дорад. Ба ӯ то панҷ сол зиндон таҳдид мекунад.

Дар наворе, ки Кумитаи тафтишотии Русия нашр кард, ҷавон маъзарат хоста, гуфтааст, "дигар ин кор такрор нахоҳад шуд".

Ба фарзияи муфаттишон, ӯ дар як саҳифа дар Телеграм видеои ҳамларо ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав нашр кардааст ва дар зери он чанд шарҳ ҳаст, ки ҳамчун “сафедкунии терроризм” арзёбӣ мешавад. Маълум нест, кадоме аз онҳоро Зуҳуров навиштааст.

Аз ин пеш додгоҳе дар Санкт-Петербурги Русия қарор кард, ки шаҳрванди дигари Тоҷикистон Аҳмад Файзуллохонзода барои нақзи қонуни муҳоҷират 5 ҳазор рубл ҷарима ва аз ин кишвар ронда шавад. Дар ин бора сухангӯйи додгоҳҳои Петербург Даря Лебедева ба расонаҳо хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Файзуллохонзода гуё узви гуруҳи телеграмие будааст, ки гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" тавассути он одамонро ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия ҷалб мекунад.

"Шахсоне, ки дар "Крокус Сити Холл" ҳамлаи террористӣ анҷом доданд, тавассути ин канал ҷалб шуда буданд", - афзудааст Даря Лебедева.

Лебедева гуфтааст, Файзуллохонзода рӯзи 19-уми январи соли 2024 ба Русия рафта, баъд аз гирифтани патент худро дар минтақаи Фуражний номнавис кардааст, вале дар ҷойи дигар кору зиндагӣ мекард. Назари худи Файзулохонзода ба ин гуфтаҳо дастрас нест.

Пас аз ҳамлаи маргбори шаби 22-юми март ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, бино ба нақли муҳоҷирон, санҷишу боздошт ва ихроҷи онҳо дар Русия афзудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯзи 27-уми март гуфт, дар ин ҳодиса 140 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Мақомоти Русия гуфтанд, дар умум 11 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун ҳашт нафари онҳоро ба ҳабс гирифт. Ҳафт нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG