Путин ҳодисаҳои 22 мартро “ҳамлаи хунини ваҳшиёна” унвон кард, ки ба гуфтааш, дар ташкили ин ҳодисаи террористӣ Украина ёрӣ кардааст. Ӯ суханҳои раҳбарияти ФСБ-ро такрор кард ва гуфт, ки 11 нафар, аз ҷумла чор ҳамлагар боздошт шудааст.
Ӯ гуфт: “Ҳамаи чор иҷрокунанда пайдо ва ҳабс шудаанд. Онҳо дар талоши пинҳон шудан ба самти Украина ҳаракат мекарданд. Онҷо барояшон пешакӣ як гузаргоҳе барои убури сарҳад омода шуда буд. Мо на фақат бо як ҳамлаи террористии бераҳмона, балки бо як куштори ҷамъии аз пеш омодашудае рӯбарӯ шудем. Ҷинояткорон маҳз бо ҳадафи куштор амал мекарданд. Замоне нозиҳо, ки дар талоши қатлҳои намоишӣ буданд, чунин мекарданд”, гуфт президенти Русия.
Дертар вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, чор ҳамлагар хориҷӣ буданд, вале ҷузъиёт надод.
Путин ваъда дод, ки ҳама дастандаркорони ин амал ҷазо мебинанд, “фарқ надорад, кӣ ҳастанд ва чӣ касе онҳоро раҳнамоӣ мекунад. Мо омода ҳастем, ки дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ кунем. Ҳадафи мо муттаҳидӣ аст ва касе ваҳдати моро намешиканад”, гуфт ӯ.
Иттиҳоми зидди Украинаро чанд дақиқа баъдаш дар сӯҳбат бо ТВ “Настоящее время” Михайло Подоляк шарҳ дод, ки дар мақоми мушовири раиси дафтари президенти Украина кор мекунад. Ӯ гуфт:
“Ҳеҷ як нишонае аз изи украинӣ вуҷуд надорад. Субҳи ҳамон рӯзе, ки дар “Крокус” ҳамла сурат гирифт, ба низоми энергетикии Украина зарбаҳои бераҳмонаи террористӣ зада шуд, аслан ин зарбаҳо ба сохтори энергетикаи Украина ва аз ҷумла ба ДнепроГЭС буд. Бешубҳа, мо ҳоло бо корҳои каме дигаре банд ҳастем. Дар кишвари мо як ҷанги васеъмиқёс ҷараён дорад, дар чаҳорчӯби ин ҷанг як эътилофе вуҷуд дорад, ки дар дохили он мувофиқаҳои муайяне миёни шарикон амал мекунад. Мо бо методҳои хоси режими сиёсии Русия, ки онро то имрӯз аллакай чандин бор худи Путин намоиш додааст, амал намекунем”.
Мақомот дар Русия мегӯянд, дар ҳамлаи шоми 22 март ба толори консертӣ то ҳол 133 нафар нафар куштаву беш аз 120 кас маҷрӯҳ шудааст. Омори қурбониҳо метавонад афзоиш ёбад. Ҷустуҷӯи ҷасадҳо зери овори бино идома дорад.
Ҳамла ба толори “Крокус Сити Холл”-ро мудҳиштарин ҳодисаи террористӣ дар Русия дар ду даҳсолаи ахир мегӯянд. Аз ин пеш соли 2004 ба ҳангоми ҳамла ба мактаби Беслан дар Русия 330 нафар кушта шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Путин якшанберо Рӯзи мотами миллӣ эълон кардШумори қурбониёни ҳамла дар Маскав ба 115 нафар расидТолибон ҳамлаи Маскавро маҳкум карданд"Мехостанд ба Украина раванд". Изҳороти ахир дар бораи ҳамлаи МаскавВКД иттиҳоми матбуоти русиро нисбат ба се шаҳрванди Тоҷикистон рад кардДархости сафорати Тоҷикистон аз муҳоҷирон дар Русия