Дар соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз ёздаҳ ҳазор кӯдаки норасид ба дунё омадааст. Яъне, пеш аз муҳлат. Беш аз ҳазортои онҳо вазни аз меъёр кам дошта, фавтидаанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2006 шумори кӯдакони норасид ҳамагӣ панҷ ҳазор буд.
Даҳҳо кӯдаки дигар ҳар сол дар кишвар бо бемориҳое ба мисли рахит, фишор, нишонаҳои фалаҷии ин ё он узви бадан таваллуд мешаванд. Пизишкон аз чанд омил ном мебаранд, аз ҷумла норасоии ғизои дуруст, омода набудани ҷисми зан ба бордорӣ, кори вазнин ва фишорҳои равонӣ ҳангоми ҳомила будан.
Ҳоло ба шаҳри Кӯлоб ба суроғи зане меравем, ки кӯдакаш ба дарди номаълум даст ба гиребон аст. Тифл, ки дар батни модар дуруст инкишоф наёфта буд, пеш аз муҳлат ба дунё омадааст.
САРНАВИШТИ САЙРАМБӢ
Сайрамбӣ 6-сола аст, аммо ҳанӯз мустақилона роҳ гашта наметавонад. Модараш Гулнора Хайргулова мегӯяд, духтараш бемор аст ва ба табобати пурра ниёз дорад.
“Роҳ намегардад, пойҳояш кор намекунанд. Фақат нӯги пойро ба замин мегузорад. Духтурон мегӯянд, табобати ин дурудароз аст. Зӯрам намерасад, табобаташ гарон аст, ҳар бор 700–100 сомонӣ мешавад,” – нақл кард ӯ.
Сайрамбӣ фарзанди дувуми ин зан аст ва пеш аз муҳлат бо вазни кам ба дунё омадааст. Гулнора тавассути ҷарроҳӣ ӯро таваллуд кард ва кӯдак як рӯзи аввали умраш зери дастгоҳи нафасдиҳии сунхӣ буд.
Гулнора Хайргулова дар моҳи охири ҳомила буданаш фаҳмид, ки тифли батни ӯ дуруст инкишоф наёфтааст. Як бор аз ташхиси "УЗИ" гузашт, вале мегӯяд, пизишкон он замон чизе нагуфта буданд.
“Зери назорати духтурон набудам. Як бор рафтам тамом. Фарзанди аввалам солим буд. Намедонистам, ки инаш носолим аст. Бемории духтарро аз 9-моҳагӣ фаҳмидам. Гуфтанд, дер овард," – гуфт ӯ.
Модар ташхиси дурусти бемории фарзандашро намедонад. Пизишкон гуфтаанд, бемории ӯ ба асаб вобастааст. Сайрамбӣ дуруст ҳарф намезанад, аммо бо ҳаракатҳои худ ба модараш, ки пайваста барои ӯ ашк мерезад, муҳаббаташро баён мекунад. Ӯро ба оғӯш мегираду мебӯсад.
Чанд сол боз волидон талош доранд ӯро муолиҷа кунанд, аммо тангдастӣ имкон намедиҳад, табобатро пурра бигиранд. Ба по рост мондани Сайрамбӣ ҳоло орзу ягонаи модари ӯ аст: “Орзу дорам, ки духтарам хеста раҳ гардад. Ҳамин қадар орзу дорам.”
ПИЗИШКОН ЧӢ МАШВАРАТ МЕДИҲАНД?
Дар як пажӯҳиши илмӣ, ки имсол нашр шудааст, дар Тоҷикистон беш аз 2,1 миллион зани қобили таваллуд ба сар мебаранд. Ҳар зану мард орзуи таваллуди тифли солиму комилро доранд, аммо барои ин чӣ талоше мекунанд ва чиро бояд бидонанд?
Ҳадис, пизишки занон аз Эрон, ҳоло дар Тоҷикистон зиндагӣ дорад. Ӯ мегӯяд: "Агар бордорӣ байни 38 то 42 ҳафта аст, навзод комил ба дунё омадааст. Ва агар зери 37 ҳафта ба дунё биёяд, ин зоймони зудрас аст. Бар илова вазнаш зери 2500 грам бошад, он навзод норас аст. Як қатор омилҳо сабаб мешаванд, ки навзод норас ба дунё биёяд. Мисли ин ки модар қабл аз бордорӣ вазни зиёд, тағзияи номуносиб ва фишори баланди хун дошта бошад. Чанд проблемае ҳаст, ки он ҳам сабаб мешавад. Масалан, модар 7-8 соат дар рӯз рӯйи по меистад. Кори сангин анҷом медиҳад. Норасид таваллуд шудани тифл хатари зиёде дорад. Яъне, вай наметавонад дар муҳити берун аз раҳми модар дуруст нафас бикашад. Рефлекси макиданаш заиф аст. Навзоде, ки норасид ба дунё меояд, бояд ду-се ҳафта даруни инкубатор бимонад.”
Фарида Қурбониён, пизишк аз Маркази тибии "Насл": “Яке аз сабабҳои норасид ё пеш аз муҳлат тауваллуд шудани тифл ин бемориҳое аст, ки дар вуҷуди зан ҳаст. Духтароне, ки синнашон хурд асту барвақт ба шавҳар мебароянду ҳомила мешаванд, дар ин ҳолат мумкин аст пеш аз муҳлат таваллуд кунад. Бисёр ҳолатҳое ҳаст, ки бо сабаби илтиҳоби узвҳои ҷинсии занона метавонанд барвақт таваллуд кунанд.”
Дар давраи обистан ё бордорӣ аз лиҳози тиббӣ барои занон муҳимтар аз ҳама чӣ аст? Бояд чӣ корҳоеро анҷом диҳанд, то тифл солим ба дунё биёяд?
Ҳадис: “Давраи бордорӣ ба се марҳила тақсим мешавад. Семоҳаи аввал, семоҳаи дувум ва семоҳаи севвум. Муҳимтарин қисмати бордорӣ семоҳаи аввал аст. Яъне, аз 10 то ҳафтаи 12-ум. Барои он ки бадани ҷанин ба ташкил шудан сар мекунад. Рушди ҷанин сареъ ва ғайриқобили бовар аст. Тамоми асарҳои муҳит, доруҳое, ки модар истифода мекунад, шароити рӯҳӣ таъсири бисёр шадид ба ҷанин дорад. Барои ҳамин, семоҳаи тиллоӣ барои як бордории солим ва ба дунё омадани як навзоди солим семоҳаи аввал аст. Дар Тоҷикистон дидам, ки аксаран занон дертар хабардор мешаванд. Яъне, баъд аз 8 ё 9 ҳафта мефаҳманд, ки бордоранд. Шояд ҳар доруеро хӯрда бошад, ки барои навзод зарар доштааст, шояд «рентген» кардаанд."
Аз духтури занон пурсидем, ки ғизову зиндагӣ ба тифли батн чӣ пайомадҳое хоҳад дошт?
Фарида Қурбониён: “Барои заноне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, барои омода сохтани онҳо ба бордорӣ мо «фолиевая кислота» ё туршии фалаб таъин мекунем. Се моҳ пеш аз ҳомила шудан вуҷуди занро омода кардан даркор. Барои он ки аз нуқсони модарзодии тифл пешгирӣ шавад. Зани ҳомила барои ду шахс, ҳам худ ва ҳам тифли батнаш амал мекунад ва бинобар ин муҳим аст, ки витаминҳоро сари вақт истифода кунанд ва хӯроке, ки истеъмол мекунанд бояд гуногун бошад. Яъне рӯзе моҳӣ, рӯзи дигар гӯшти гов истеъмол кунанд ва рӯзи дигар гӯшти мурғ. Гуногунии ғизоҳо барои онҳо ҳатмӣ аст.”
Ҳадис: “Мо дар семоҳаи аввал бояд зуд муттаваҷеҳи бордорӣ бишавем, зеро баъзе аз ғизоҳо ҳамон тавре, ки асари мусбат доранд, баъзе аз маводои ғизоӣ хатарнок аст. Бояд модари бордор бидонад ва аз он истифода накунад. Масалан, гӯшти мурғ, гов, гусола инҳо набояд ба шакли нимпаз ва хом истифода шавад. Бояд комил ҳадди ақал ба мудати 5-6 соат бипазанд, баъд истеъмол намоянд. Вале дар кул хонумҳо сабзиҷот, чаккаву шир истифода мекунанд, инҳо ҳамааш хуб аст, вале ифрот дар баъзе чизҳо аслан хуб нест, Тавсия медиҳам, ки инро хонумҳо риоя кунанд.”
ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдаки СММ дар як бахше бо номи “Паём ба падари оянда” дар сомонааш барои мардон як рӯйхати тавсияҳоро нашр кардааст, ки онҳо бояд дар давраи бордории ҳамсарон ба онҳо чӣ гуна рафтору муносибат кунанд. Аз ҷумла, он ҷо гуфта мешуд, вазъи рӯҳӣ ва ҷисмии тифли оянда ва ҳамсарон аз мардон вобастааст. Тавсияҳои дигар чунинанд: "Нисбат ба ҳамсаратон дилсӯзӣ кунед. Кори хона ва корхона барои зан мушкилӣ мекунад. Баъзан танҳо бо гӯш кардани ҳамсари ҳомила шумо ба ӯ кумак мекунед. Ӯро таърифу тавсиф кунед. Занон аз дигаргуншавии намуди зоҳириашон дар ин давра шояд нороҳат мешаванд."
Барномаро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Занони зиёде дар деҳоту минтақаҳои Тоҷикистон дар давраи бордорӣ дур аз шавҳарони худ ҳастанд. Баъд аз оиладор ва бордор шудани ҳамсарон бисёре аз мардон роҳи муҳоҷиратро беш мегиранд. Аз пизишкон пурсидем, ки ҳузури шавҳарон дар давраи бордорӣ то куҷо муҳим аст?
Фарида Қурбониён: “Ман фикр мекунам, будани падару модар барои фарзанд бениҳоят муҳим аст. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, бисёре аз мардҳо ба муҳоҷират мераванду занон давраи бордориро танҳо мегузаронанд. Ман фикр мекунам, ин бисёр як мушиклии рӯҳӣ меорад барои занҳо. Заноне, ки дар давраи ҳамл бояд сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд, мутаассифона бо сабаби набудани шавҳар муроҷиат карда наметавонанд. Оила бояд мустаҳкам бошад ва якҷо будани падару модар муҳим аст.”
Ҳадис: “Стресс ё фишор дар замони бордорӣ бисёр хатар дорад. Ба хусус дар семоҳаи аввал. Вақте модари ҳомила стресс мешавад, ҳормони кортизол дар баданаш зиёд мешавад. Ин сареан ба навзод ҳам мегузарад ва сабаби ба дунё омадани навзоди норас мегардад. Модар даргири проблемаҳои дигар мешавад. Дар ин шароит мард нақши муҳиме дорад. Метавонад ин стрессро аз ҳамсараш бигирад. Ба сабаби тағйироти ҳормонӣ дар хулқу хӯи бонувон тағйирот мушоҳида мешавад. Оқоён агар ҳатто роҳи дур ҳам бошанд, метавонанд, бо тамоси телефонӣ, тасвирӣ аз хонумашон вазъиятро бипурсанд. Агар стресси хонум дар бордорӣ давом дошта бошад, сабаб ба афзоиши фишор, диабети модар мешавад. Ба хонумҳо тавсия медиҳам, ки пиёдаравӣ кунанд, метавонанд афкорашонро рӯйи коғаз бинависанд. Гуфтугӯ барои хонумҳо бисёр кумак мекунад. Бо ҳамсарашон гап бизананд."
Саломатии занон қабл аз бордорӣ ба давраи ҳомила буданашон ва тифл чӣ таъсир хоҳад кард?
Ҳадис: "Мутаассифона, мебинем, ки хелеҳо мушкилоташонро дар назар намегиранд ва мегӯянд, кӯдакдор мешавам. Ин хеле хатои бузург аст. Ман ба хонумҳои азизи Тоҷикистон тавсия медиҳам, ки ҳатман қабл аз бордорӣ пеши духтар раванд, озмоиш супоранд ва агар уфунате доранд, бартараф кунанд. Чаро? Чунки баъзе аз доруҳо дар замони бордорӣ мамнуъ аст ва агар хонум бо он уфунат бордор шавад, ин риск аст."
Фосилаи байни таваллуд то куҷо риоя мешавад дар оилаҳои тоҷик? Тибқи қоида ин фосила чӣ қадар бояд бошад?
Фарида Қурбониён: “Фосилаи байни таваллуди фарзандон аз 3 то 5 сол аст. Занони тоҷик ин фосиларо на дар ҳама ҳолат риоя мекунанд. Асосан занҳое, ки кор мекунанд, дар бисёр ҳолатҳо риоя мекунанд, чун барои онҳо ҳам кор муҳим аст ва ҳам оила. Аммо занҳои хонашин дар бисёр ҳолат риоя намекунанд. Баъд аз як ё якуним сол фарзанди дигарро ба дунё меоранд, ки ба сиҳатии зан манфиат надорад. Ҷисми зани ҳомила бояд баъди таваллуд барқарор шавад. Агар дар байни се сол зан боз ҳомила шавад, ҷисми ӯ бо бисёр мушкилӣ дучор мешавад. Аз ҷумла, норасоии витамин, ки ба дигар бемориҳо сабаб мешавад. Мисли рехтани мӯю шикастани нохун ва мушкилӣ бо дандон. Норасоии витамин ҳолати ӯро бад сохтаву саломатиро дар оянда аз даст медиҳад.”
Пизишки занон ба таъкид мегӯяд, модарон бояд хоста ва огоҳонаву бо омодагии ҷиддӣ ҳомила шаванд, то марҳилаи семоҳаи тиллоиро барои сиҳатии навзоди батни худ аз даст надиҳанд. Дар ин сурат, ба қавли ӯ, имкон дорад зан кӯдаки ҷисман ва руҳан солиму боҳуш ва дорои зеҳни қавиро таваллуд кунад.
Умедворем машварату тавсияҳои пизишкон бароятон муфид буданд ва онҳоро дар ёд хоҳед дошт ва ба дугонаҳои худ хоҳед расонд. Бо умеди он, ки тифли ҳеч зане дар рӯйи ҷаҳон носолим ба дунё наояду ҳеч кас дарди фарзандро набинад, ин ҷо бо шумо хайрухуш мекунем.