Пизишкони тоҷик мегӯянд, нисбат ба кӯдакони гирифтори бемории сил афрофиён рафтори нодуруст мекунанд, ки монеи табобати саривақтии онҳо мешавад. Ба иттилои мақомот сӣ дарсади гирифторони сил дар Тоҷикистон кӯдакон будаанд.
Аъзамҷони 13-сола баъд аз талошҳои зиёд ба зиндагии маъмулӣ баргашт. Ӯ шаш сол гирифтори сил буд. Табобати тӯлониву доимӣ боис шуд ӯ аз ин беморӣ раҳо шавад. Ҳоло ҳам варзиш мекунад ва мегӯяд нисбати саломатии худ бетафовут нест. Пайвандон барои ба ин рӯзҳо расидани Аъзамҷон талоши зиёд карданд. Замоне ки ӯ 7 сол дошт ташхис дар ӯ бемории силро ошкор кард. Ба нақли модар шунидани бемории писар ва ҳам табобати он чандон осон набуд.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Гулнора Азимова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "ҳашт моҳ писарамро дар беморхонаи Мачитон бистарӣ карда, табобат кардем. Баъд аз он қариб ду соли дигар табобатро дар хона идома додем. Оҳиста-оҳиста сиҳат шуд. То анҷоми мактаб се моҳ монда буд, аммо баъд ҷавоб додан аз беморхона таҳсилро идома надод. Мактаб аз хонаи мо се километр роҳ буд, писарам ҳамзамон дору мехурд баъд аз соли дигар мактаб рафт”.
Доруву дармон ва табобат дар бемористон кофӣ набуд. Модар муҳитеро фароҳам кард, то писараш эҳсоси бемор буданро накунад. Ба нақли Гулнора Азимова ӯ ҳеҷ гоҳ писарашро аз атрофиён дур накард.
"Ягон зарра дилам дур намерафт, ҳатто косаву табақашро ҷудо накардам. Ман агар ин корро мекардам, кӯдакони дигарам худро аз ӯ канор мегирифтанд. Ман фақат як корро кардам, сари вақт доруҳояшро медодам, хуроки серғизо мехурд, барои бемор ин муҳимтар аст,”-афзуд ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ.
Ин модар нигаронӣ мекунад, ки адами таҳаммул (стигма) нисбати гирифторони бемории сил ҳамоно вуҷуд дорад. Чунин бархурд ба гуфтаи ин модар метавонад ба нафари бемор зарбаи дигар бошад. Ба ёд меорад, вақте дӯстони писараш аз бемории ӯ огоҳ мешуданд, худро дур аз вай мекашиданд ва кӯдак худро дар ин ҳолат таҳқиршуда эҳсос мекард.
Мақомот мегӯянд, ҳамасола гирифтории беш аз 500 кас ба бемории сил ошкор мешавад ва онҳо аз мақомот дору дастрас мекунанд. Соли 2022 дар кишвар наздик ба чаҳор ҳазор гирифтори бемории сил сабт шудааст. Аз ин теъдод 30 дарсадаш то 18 сола буданд. Барои ҷилавгирӣ аз афзоиши бемории сил дар Тоҷикистон давлат ва созмонҳои байналмилалӣ талош мекунанд.
Иқбол Худо, раҳбари созмони “Табибони бидуни марз” дар Тоҷикистон гуфт, "табобате, ки мо имрӯз пешниҳод мекунем кӯдакону оилаҳояшон хуб қабул мекунанд. Мо мегӯем, ки кӯдакон дар муҳити оила табобат гиранд. Вақте ки онҳо бо аъзои оилаашон дар як муҳит табобат мегиранд, фармудаҳои табибро иҷро мекунанд ва дорувориро сари вақт қабул мекунанд. Ин барои табобат бениҳоят муҳим аст”.
Аммо ҳоло мушкиле, ки ҳам мубталоёни сил ва ҳам мақомоту созмонҳои байналмилалӣ дар фикри онанд, набудани таҳаммул дар ҷомеаи Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи Аслиддин Раҷабзода, муовини мудири Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз сил, чунин муносибат боис мегардад беморон дар ҳолати вазнин ба духтурон муроҷиат карданд.
Бемории сил сироятӣ, вале ба гуфта пизишкон табобатшаванда аст ва давраи муолиҷаи беморон шаш моҳро дар бар мегирад. Табобати ин беморӣ дар Тоҷикистон ройгон пешбинӣ шудааст. Вале борҳо беморони сил шикоят карда буданд, ки доруҳои зидди ин беморӣ на ҳамеша дастрасанд.
Созмонҳои байналмилалӣ барои таъмини беморони сил бо доруву давоҳои ройгон кӯмак мекунанд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, барои мубориза бо ин беморӣ дар солҳои 2024 –2026 аз ҳисоби кумакҳои молии бебозгашт ба кишвар беш аз 10 миллион доллар ҷалб мешавад.
Гуфтугӯ