Аз ҷумла, дар як навор дида мешавад, ки коргаронро ба воситаи крани борбардор ва дар шароити хатарнок болову поин мебаранд. Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон нақзи қоидаҳои бехатариро дар баъзе сохтмонҳо тасдиқ кард, аммо аз ҳеч ширкат ном набурд.
Кран барои кашондани коргарон аст ё масолеҳ?
Видеои аввале, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, 13-уми январи соли 2024 дар яке аз сохтмонҳои рӯбарӯи фурӯшгоҳи “Садбарг”-и Душанбе сабт шудааст. Дар навори 33-сонияӣ ба осонӣ дидан мумкин аст, ки сохтмончиёнро ба воситаи крани борбардор аз ошёнаи 10-ум ба поин мефароранд.
Навори дувум як рӯз баъд, 14-уми январи соли 2024, дар яке аз сохтмонҳои хиёбон дар хиёбони Неъмат Қаробоеви Душанбе бардошта шудааст. Дар видео дида мешавад, ки коргаронро ба воситаи кран ба болои бинои 16-ошёна мебароранд.
Коргарон дар дохили зарфе нишастаанд, ки барои боло бардоштани қуму шағал ё масолеҳи дигари сохтмонӣ пешбинӣ шудааст. Агар тасмаи ин зарф канда шавад, коргарон аз баландии 50 метр ба замин меафтанд ва, ба гумон аст, ки зинда бимонанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ наворҳоро ба Алиҷон Ёқубов, декани факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, нишон дод. Ин коршинос мегӯяд, дар инҷо қоидаҳои бехатарӣ вайрон шудаанд ва “ба воситаи крани борбардор бурда расондани кормандон, сохтмончиён иҷозат дода намешавад.”
Алиҷон Ёқубов афзуд, ҳатто дар вақти бор бардоштани кран, набояд дар поёни он ягон нафар биистад, чун мумкин аст, сими кран канда шуда, бор ба сари сохтмончиён афтад.
Радиои Озодӣ пештар низ наворҳои ба ин монандро аз минтақаҳои Тоҷикистон дарёфт карда буд. Дар наворе, ки моҳи ноябри соли 2023 ба дасти Радиои Озодӣ расид, бе ҳеч қоида ва ба крани борбардор савор шудану ба боло баромадани сохтмончиён дида мешуд.
Муаллифи навор гуфта буд, инҳо сохтмончиёни Маркази тиҷоратии Кӯлоб мебошанд. Марказро ширкати “Комил 2010” месозад, ки бар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, тааллуқ дорад.
Рӯзи 25-уми ноябри соли 2023 як бинокори 21-сола аз ошёнаи ҳаждаҳуми ин бино ба замин афтода ҷон бохт. Додситонӣ аз оғози таҳқиқи ҳодиса хабар дод, аммо дигар маълум нашуд, ки гунаҳкорон ҷазо гирифтанд ё не.
Раиси Кумитаи сохтмон чӣ посух дорад?
Масъалаи бехатарӣ дар сохтмонҳо, дар аввали моҳи феврали имсол дар нишасти хабарии Кумитаи сохтмон садо дод. Низом Мирзозода, раиси ин ниҳод, нақзи қоидаҳои бехатариро ҳангоми бунёди хонаҳо тасдиқ кард ва онро ба бевиҷдонии баъзе ширкатҳо рабт дод. Аз ҳеч кас ном набурд.
“Аз рӯи виҷдон кор намекунанд, сеткаҳоро саривақт мегиранд. Фикр намекунанд, ки дар инҷо шаҳрвандони мо кор мекунанд. Бехатарӣ дар мадди авввал меистад,” - афзуд раиси Кумитаи сохтмон.
Солҳои охир бозори сохтмони манзил ва фурӯши он дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе гарм аст. Ба иттилои расмӣ, соли 2023 дар кишвар зиёда аз 1,7 миллион метри мураббаъ хона сохтаанд. Ин омор назар ба як сол пеш 2 дарсад зиёд аст.
Як мушоҳидаи сарироҳӣ кофист, то бубинед, ки дар баъзе аз сохтмонҳои Душанбе қоидаҳои бехатарӣ риоя намешаванд. Мутахассисон риояи ин қоидаҳои бехатариро дар сохтмонҳо ҳатмӣ медонанд.
“Ҳангоми сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар гирду атроф девор сохта мешаванд, то барои сокинон ягон монеа эҷод нашавад. Илова бар ин, агар биноҳо дар минтақаҳои серодам сохта шавад, симтурҳои махсус гузошта мешавад, ки мабодо ягон датсгоҳ ё ашё ба канори роҳ наафтад,” -- мегӯяд Алиҷон Ёқубов, декани факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникӣ.
Бори аввал нест, ки бинокорон дар Тоҷикистон ҳангоми кор аз беэҳтиётӣ ва ё сабабҳои гуногун афтода, ҷон медиҳанд ё маҷруҳ мешаванд. На ҳамаи ҳодисаҳо таҳқиқ ва на ҳамеша масъулон ҷазо мегиранд. Аз ҷумла, соли 2021 як ҷавоне дар Душанбе аз назди сохтмони ширкати “Ёқут 2000” мегузашт, ки оҳанпорае аз боло афтода, ӯро маҷруҳ карда буд. Сиёвуш Акобиршоев ба додгоҳ шикоят бурд ва додгоҳ ширкатро вазифадор кард, ки ба ин сокини Душанбе ҷуброн пардозад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад