Баъзе ширкатҳоро аз имтиёзи бепоён маҳрум мекунанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, барои озодӣ аз пардохти андоз ё молиёт ба ширкату корхонаҳо дигар ба таври бебаркаш ва бемаҳдуд сабукӣ нахоҳанд дод. Бо талаби баъзе аз созмонҳои молии байнулмилалӣ, маҳдудият ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, муҳлати тақдими имтиёз на бештар аз панҷ сол хоҳад буд. Аммо нигаронии соҳибкорон дар бораи онки сабукӣ бештар ба ширкатҳои “худӣ” дода мешавад, ҳамчунон мондааст.