Дар қарори ҳукумат омадааст, 97,4 миллион сомонӣ ($ 9,1 млн) қарзи “Тоҷиктелеком” ва 37,4 миллион сомонӣ ($ 3,5 млн) қарзи маркази электромагнитӣ “беэътимод эътироф гардида, аз ҳисоб бароварда шаванд.” Аммо мақомот нагуфтаанд, ки ин қарз аз молиёт дар чанд вақт ҷамъ шуда буд ва сабаби бекор кардани он чист.
Ин бори аввал нест, ки ҳукумат ба ширкатҳои зертобеи Хадамоти алоқа имтиёз медиҳад. Соли 2022 мақомот пардохти беш аз 67 миллион сомонӣ ($ 6,7 млн) қарзи “Тоҷиктелеком”-ро аз андоз то як сол ба таъхир гузошта шуд. Вале ҳоло маълум мешавад, ки бо вуҷуди ба таъхир гузоштан, ширкатҳои зертобеи Хадамоти алоқа ин маблағро насупориданд ва ҳукумат ҳам аз баҳри он гузашт.
Ҳукумат дар ҳоле миллионҳо сомонӣ қарзи Хадамоти алоқаро мебахшад, ки тибқи иттилои расмӣ даромади ширкатҳои зертобеи ин ниҳод зиёд шудааст. Ба гузориши хабаргузории “Азия-Плюс”, Тоҷиктелеком, Почтаи тоҷик ва дигар сохторҳои Хадамоти алоқа дар нимаи аввали соли равон 124 миллион сомонӣ ($11,6 млн) даромад гирифтаанд. Ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5 дарсад зиёд будааст.
Намояндагони ширкатҳои дигари соҳаи алоқа мегӯянд, имтиёзҳои калони ҳукумат ба ширкатҳои давлатӣ рақобатро дар бозор халалдор мекунад.
Корманди яке аз ширкатҳои мухобиротӣ 9-уми сентябр бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “дигар ширкатҳои мухобиротӣ хидматрасонии худро бо назардошти андоз пешниҳод мекунанд. Ширкатҳои хусусӣ молиёти давлатро медиҳанд, аммо ширкати “Тоҷиктелеком” не. Ин ҳолат рақобати носолимро дар бозор ба миён меорад. Агар имтиёзе ҳаст бояд барои ҳама бошад, на ба як-ду ширкати алоҳида.”
Интиқодҳо аз гаронии андоз ва ҳам додани имтиёз ба ширкатҳои наздик ба мақомот қаблан ҳам садо дода буд. Ҳарчанд масъулин гуфтанд, дар Тоҷикистон ширкатҳои “худӣ” ва “бегона” нест.
Коршиносон мегӯянд, давлат барои ҳамаи ширкатҳо бояд "қоидаи ягонаи бозӣ”-ро муайян кунад ва набояд ширкатҳои алоҳида бо истифода аз имтиёзҳои зиёд бахши бузурги бозорро ба даст гиранд ва ба рақобати солим, ки метавонад бо коҳиши нархҳо ба фоидаи муштариён тамом шавад, роҳ надиҳанд.