Ба гуфтаи коршиносон, заминларзаи моҳи январ нишон дод, ки хадамоти изтирории шаҳр на танҳо ба зилзила, балки ба рафъи оқибатҳои эҳтимолии он ҳам омода нестанд. Дар ҳамин ҳол фаъолони ҷомеа аз қонуншиканиҳои зиёде дар сохтмони баландошёнаҳои нав хабар медиҳанд.
Аз баъзе биноҳои истиқоматӣ, ки дар ҷойи корхонаи консервабарории Алмаато қомат афрохтаанд, сокинон ба қавле мӯрчахона ё серодамтарин бинои Қазоқистон ном мебаранд. Ширкати бинокор бо харидани замини корхона, нақша дошт ин ҷо 57 бинои 17 ошёна бунёд кунад. Бо дахолати вакилони порлумон шумораи сохтмон ва ошёнаҳо камтар карда шуданд. Вале сифати биноҳо ҳамоно зери суолу шубҳа аст. Ахиран сиёсатшинос ва блогери маъруфи қазоқ, Санҷар Боқаев ҳам ба ин мавзӯъ рӯ овард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ бо нашри видеое аз маҳалли сохтмон камбудиҳоро нишон медиҳад: « “Ҳоло ман ба Шумо хатарноктарин биноҳоро нишон медиҳам. Ин маҷмӯи биноҳои Рамс Ситӣ аст. Ҳоло ман ба шумо сурати чӣ тавр сохта шудани ин биноро нишон медиҳам. Ба монолити рехтаи оҳану бетонии он нигаред. Байни деоврҳо пур карда нашудаанд. Он холӣ мондааст. Сабаб ин аст, ки бетонро баъди барфи сахт рехтаанд. Яъне аз барфу ях пок накарда бетон рехтаанд.”
Дар ин бино ҳанӯз касе зиндагӣ намекунад, аммо қисме аз хонаҳо фурӯхта шудаанд. Бархе аллакай хонаҳои худро пок мекунанду ба кӯч омодагӣ доранд ва бархе ҳам ҷиҳози худро меоранд. Онҳо умед доранд, ки вазъ ба он ҳадде, ки дар навори пурсарусадо нишон дода шудааст, бад нест.
Намояндагони ширкати бинокор талош доранд, муштариёнро ором кунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар бетонрезии монолит мушкил воқеан ҷой дошт. Аммо камбудиҳо бартараф шуданд ва ин баландошёнаҳо барои зиндагӣ бехатаранд.
“Ширкати мо ба ҳамлаи иттилоотӣ гирифтор шуд. Пештар посух дода будем дар ин бора. Баъди заминларзаи шаби 22 ба 23-юми январ ягон рахнае дар қабати монолитии биноҳо мушоҳида нашудаанд, ки нишонаи бо сифати баланд сохта шудани бинои Рамс Ситӣ аст” – омадааст дар баёнияи ширкат.
Дар ҳамин ҳол Иттифоқи меъморони Қазоқистон ҳам ба мушкил дар сифати баландошёнаҳои Алмаато рӯ овардааст. Дар ин ниҳод гуфтанд, дар кодекси нави бинокорӣ, ки ҳоло дар порлумон баррасӣ мешавад, ба масъалаи тарҳрезии биноҳои навсохт дар минтақаҳои зилзилахез диққати кам дода шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи коршиносон дар Алмаато бояд сифати сохтмони тамоми биноҳо санҷида шаванд.
Алексей Абилов, меъмор: “Ба назари ман, ҳоло хеле муҳим аст, ки як санҷиши куллӣ дар тамоми иншоот гузаронида шавад, на танҳо биноҳои кӯҳна, ки аллакай муҳлати худро гузарониданд, балки биноҳои нав махсусан биноҳое, ки серодаманду дар як муҳлати кӯтоҳ сохта мешаванд.”
Ин далелро, ки дар сохтмони бархе аз биноҳои Алмаато бедиққатӣ ҷой дорад, ҳукумати шаҳр ҳам эътироф мекунанд. Он пайваста рӯйхати биноҳои истиқоматиеро таҳия мекунад, ки хариданашон тавсия дода намешавад. Ҳоло дар шаҳр 45 биное будааст, ки иҷозаи пурраи сохтмонро надоранд ва ё бо иштибоҳу камбудӣ бунёд шудаанд.