Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар заминларзаи Алмато 19 бино зарар дидааст


Қазоқистон
Қазоқистон

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки дар заминларзаи охир дар вилояти Алматои ин кишвар 19 иншоот зарар дид.

"Дар 19 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар вилояти Алмато кафидани деворҳо мушоҳида шудааст", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии вазорат рӯзи 23-юми январ.

Тибқи иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Алмато, шаби 22 ба 23-юми январ дар сарҳади Қазоқистон ва Қирғизистон бо Чин заминларзаи 6,7-дараҷаӣ рӯй дод.

Шиддати заминларза дар Алмато 4-5 дараҷаро ташкил додааст.

Мақомоти шаҳри Алмато гуфтанд, баъд аз зилзилаи охир то шоми 23-юми январ ба бемористонҳои шаҳр 67 кас муроҷиат кард.

XS
SM
MD
LG