Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, низоми ҳифзи шаҳрвандон дар Алмато ба заминларза омода набуд ва "мақомоти масъул аз озмоиши офат нагузаштанд".
Дар соли 2021 дар Қазоқистон маҷмуи чораҳое тасдиқ шуда буд, ки мебоис муассир будани таъмини амнияти зилзиларо дар солҳои 2021-2023 боло мебурд.
"Тавре, ки маъмул шудааст, дар ҳисоботҳо чорабиниҳо баргузор шудаанд. Маблағҳои ҷудошуда сарф шудаанд, иншооти сохташуда қабул гардидаанд. Ба Додситонӣ ва Оҷонси мубориза бо фасод дастур медиҳам, ки давоми як моҳ таҳқиқ кунанд ва ошкор созанд, ки маблағҳо ба куҷо сарф шудаанд ва чаро низом кор надод", - гуфтааст Тоқаев.
Шаби 23 январ заминларзаи шадид Алматоро такон дод. Бисёриҳо манзилҳои худро тарк ва дар кӯча ва ё дар мошинҳо паноҳ бурданд. Бархе аз сокинон шаҳрро тарк карданд.
Маркази заминларза дар марзи Қирғизистону Чин буд. Дар натиҷаи он заминларза наздики 70 кас дар Алмато бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон муроҷиат карданд.