Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар як соли гузашта наздики сеюним ҳазор мошини барқӣ ба кишвар ворид шудааст: “Ин теъдод мошинҳои барқӣ ба маблағи бештар аз 58 миллион доллар ворид шудааст. Ин нисбат ба соли 2022, 2558 адад зиёд аст. Давра ба давра воридоти чунин мошинҳо зиёд шудааст. Асосан аз тарафи шахсони воқеӣ ворид шудааст.»
Ҳоло дар Тоҷикистон электромобилҳоро ғайр аз ширкатҳои таксиронӣ, афроди алоҳида низ истифода мекунанд. Ин навъи мошинҳоро то 300 ҳазор сомонӣ ва аз он бештар низ харидан мумкин аст. Алиакбар Қурбонов, сокини Душанбе як мошини барқиро бо арзиши 200 ҳазор сомонӣ аз Чин харидааст. Ӯ мегӯяд электромобилро барои харҷи камаш интихоб кардааст: «Фоидааш ҳамин аст, ки дар 50 сомонӣ барқ мемонӣ, аз 200 то 250 километр мегардед. Аз мошинҳои солҳои 2011 то 2017 сифати инҳо дигар аст.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Монанди Алиакбар дар соли гузашта садҳо сокини дигари Тоҷикистон ҳам асосан аз Чин ва кишварҳои дигар мошини барқӣ ворид кардаанд. Ширкатҳои таксӣ ва чанд ширкати хурд низ ба ворид кардану фурӯши мошинҳои барқӣ машғуланд. Раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дод, ки шудани воридоти мошинҳои барқӣ пас аз озод шудан аз пардохти боҷи гумрукӣ бо суръат афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи Каримзода, бештар аз се ҳазор мошини барқиро шахсони алоҳида ворид кардаанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, барои афзоиши мошинҳои барқӣ набояд пардохтҳои иловагӣ таъин шавад. Фозилҷон Фатҳулоев, таҳлилгари тоҷик гуфт: «Байни мардуми Тоҷикистон, алалхусус байни сокинони пойтахт ва шаҳри Хуҷанд, талаботи мардум ба мошинҳои барқӣ хеле зиёд шудааст.»
Аввали соли 2022 порлумони Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кард. Ворид кардани электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо ба кишвар ба муҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ озод аст. Ин ба талаби Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байнулмиллӣ мувофиқ аст, ки Тоҷикисттон бештар ба самти “иқтисоди сабз”, яъне безарар барои муҳити зист ҳаракат кунад.
Воридоти нақлиёти барқӣ ҳамчунин аз андози арзиши иловашуда ва аксиз озод аст. Нуктаи манфӣ он аст, ки соҳаҳои озод аз боҷу андозҳо дар Тоҷикистон одатан зуд монополӣ мешаванд ва ба нархҳо таъсир мегузоранд. Ҳарчанд Хуршед Каримзода гуфт ҳануз «ширкатҳое, ки ба ин ё он истеҳсолкунанда рабт дошта бошанд вуҷуд надорад».
Дар Тоҷикистон асосан мошинҳои кӯҳнаи хориҷӣ мавриди истифода ҳастанд ва дуди онҳо яке аз манобеи аслии олуда шудани ҳаво ба ҳисоб мераванд. Аммо ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ мардум аз чунин мошинҳо чандин соли дигар даст намекашанд, зеро на ҳама пули хариди мошинҳои барқиро ва умуман ҳаргуна мошини навро дар кишвар надоранд.