Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, Тоҷикистон имкони истеҳсоли электромобилро дорад


Вазири саноат ва технологияҳои нав мегӯяд, Тоҷикистон барои истеҳсоли электромобил (мошинҳои барқӣ) ҳама гуна ашёи хом ва тавоноии фанновариву муҳандисиро дорад. Шералӣ Кабир рӯзи 8-уми феврал гуфт, гузаштан ба истеҳсоли электромобил "як тамоюли ҷаҳонӣ аст".

Бархе ин изҳоротро умедворкунанда медонанд, вале ба иҷрои он дар солҳои наздик шубҳа доранд. Дар ҳозир электромобилҳоро аз Чин ба Тоҷикистон меоранд. Оварданаш бе боҷи гумрукӣ аст.

“Электромобил аз металҳои сабз иборат аст, яъне алюминий, мис. Батареяаш аз литий (Lithium) ва дигар маҳсулоте аст, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд. Соли гузашта ширкати муштараки Чину Тоҷикистон “Зарафшон” истеҳсоли миси катодиро низ оғоз кард. Дар соҳаи истеҳсоли литий дар Тоҷикистон қадамҳои аввал ва бисёр муҳим гузошта шудаанд,” – афзуд Шералӣ Кабир.

Вазири саноат таҷрибаи истеҳсоли электроавтобусҳо ва мошинҳои зиреҳ дар Тоҷикистон, мулоқоти раиси ҷумҳур бо раҳбарони ширкати BYD дар Чин ва музокиротро бо ширкати Тесла аз далелҳои дигари майли Душанбе ба истеҳсоли электромобил донист.

"Бо дигар ширкатҳо ҳам вориди гуфтугӯ шудаем, ки чӣ гуна тавонем бартарии бозори Тоҷикистон, яъне бартарии доштани ашёи хоми ватаниро ба онҳо пешкаш кунем ва ба ин васила тавонем истеҳсолоти электромобилро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монем,” – гуфт Шералӣ Кабир.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ширкати "Акиа Авесто Автоматив Индастри" автобус истеҳсол мекунад, ки ҳамчун ширкати муштарак аз сӯйи ширкати тоҷикистонии "Авесто Гурӯҳ" ва ширкати туркии "Улишем" таъсис дода шудаааст.

Моликони "Авесто гурӯҳ"-ро шахсони наздик ба хонаводаи президенти Тоҷикистон ном мебаранд. Ин гурӯҳ соли 2016 таъсис ёфта, бо имтиёзҳои фаровони давлатӣ дар бахшҳои гуногуни саноат ва иқтисоди Тоҷикистон ҳузури густарда дорад. Аз тавлиди оби "Сиёма" гирифта, то бахши мусофирбарӣ ва пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ.

Пештар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки барномаи рушди мошинҳои барқиро то 2027 рӯйи даст дорад ва мехоҳад ба баррасии ҳукумат фиристад. Ҷузъиёти барнома то ҳол маълум нест.

XS
SM
MD
LG