Вазорати Нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ ё электромобил ба кишвар хабар дод.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, рӯзи 28-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 800 мошини барқӣ ба кишвар ворид шудааст.
Дар маҷмӯъ, ба иттилои ӯ, ҳоло дар Тоҷикистон 1600 мошини барқӣ мавриди истифода қарор дорад.
«Ин чизи нав аст. Хусусан безараргардонии аккумуляторҳо, ки аз метали литий сохта шудааст. Мо 1 миллиону 600-1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ дар қисмати буҷет ворид кардагӣ ҳастем. Ҳам барои нуқтаҳои пур кардани барқ ва таъмир, лекин ҳозир дар мо то ин дараҷа устоҳое, ки аз ӯҳдаи таъмири аккумуляторҳо бароянд, надорем, барои ҳамин гап дар бораи безараргардонии онҳо меравад»-афзуд, ӯ.
Мошинҳои барқӣ бо вуҷуди камхарҷ будан нархномаи хидматрасонияшон, мисли дигар таксиҳои ширакатҳои хидматрасон аст.
Сокинон мехоҳанд арзиши хадамоти ингуна таксиҳо арзон шавад. Ронандагон бар он таъкид мекунанд, ки тасмими тағйири нархнома дар дасти масъулони ширкатҳои таксиронист. Дар ширкатҳои хадаматрасон аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт, барои таъсиси инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати хидматрасонӣ ба мошинҳои барқӣ барномаи вижае таҳия шудааст. Дар чаҳорчуби ин барнома танҳо дар шаҳри Душанбе бунёди 169 нуқтаи таъмини барқ дар назар аст. Ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон 36 нуқтаи таъмини барқ барои электромобилҳо фаъол аст.
Вале ронандаҳо мегӯянд, чунин нуқтаҳо кофӣ нест. “Барои «заправка» кардан аз 40 минут, 45 минут, то як соат вақт мегирад, вобаста аст ба заряде, ки дар аккумлятор боқӣ мондааст. Нуқтаҳои таъмини барқ кам аст. Дар навбат меистем. Агар бештар шаванд беҳтар-, гуфт, Иброҳим Носирҷон, ронандаи таксӣ.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун имтиёз воридоти мошинҳои барқиро аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардааст.
Чунин мошинҳо аз нуқтаҳои таъмини барқ, ки барои онҳо пешбинӣ шудааст, як киловатт-соат неруи барқро бо арзиши як сомонӣ мехаранд.
Ингуна таксиҳоро ғайр аз ширкатҳои таксиронӣ, аз дасти афроди алоҳида низ бо арзиши то 300 ҳазор сомонӣ ва аз он бештар низ харидан мумкин аст. Чун бо барқ ҳаракат мекунанд, бар асоси нақли худи ронандагон аз нигоҳи молӣ камхарҷ ва барои муҳити зист безараранд.
Афзоши воридоти мошинҳои барқӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар тӯли 30 соли ахир натавонистааст мушкили бебарқии сокинонро дар фасли сармо ҳал намояд. Баъзе ронандаҳо гуфтанд, барои таъмини мошинҳояшон барқи зиёде сарф намешавад ва дар шароите, ки нархи сӯзишворӣ гарон аст, истифода аз он беҳтар аст.
Гуфтугӯ