Додситонӣ марги яке аз гумонбарон дар парвандаи Исматуллоевро тасдиқ кард

Додситонии кулл

Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, яке аз боздоштшудаҳо дар парвандаи куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк" дар боздоштгоҳ фавтидааст.

Намояндагони додситонӣ 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Парвиз Мустафоқуловро 27-уми августи соли гузашта, баъди бад шудани саломатиаш ба беморхонаи боздоштгоҳ бурданд ва як рӯз баъд ӯ даргузашт.

Додситонӣ сабаби марги ӯро "пневмонияи музмини шушҳо" гуфтанд, аммо маълум нест, ки наздикони Парвиз Мустафоқулов дар ин бора чӣ мегӯянд. Мустафоқулов, сокини 44-солаи шаҳри Панҷакент бо иттиҳоми хабар надодан дар бораи ҷиноят дастгир шудааст. Кормандони додситонӣ мегӯянд, ташхисҳои заруриро гузарондаанд ва ин шахс аз беморӣ фавтид. Иттилои алтернативӣ дар ин бора феълан дастрас нест.

Акбар Аҳмадов

Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми сентябри соли гузашта, бо такия ба се манбаъ, аз ҷумла наздикони Акбар Аҳмадов, хабар дода буд, ки ӯ дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба таври шубҳабарангез фавтидааст. Додситонии кулл он вақт ба ин хабар эътирози расмӣ баён карда гуфта буд, Акбар Аҳмадов зинда аст. Вале он вақт додситонӣ дар бораи фавтидани яке аз гумонбарон дар парвандаи Шуҳрат Исматуллоев чизе нагуфта буд. Ҳоло маълум мешавад, ки Радиои Озодӣ танҳо дар номи шахси фавтида иштибоҳ кардааст.

"Як гумонбар ба ИМА ва дигарӣ ба Лаҳистон гурехт"

Юсуф Раҳмон, Додситони кул 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, барои даст доштан дар қатли муовини раиси “Ориёнбонк”, нисбати 18 нафар парванда боз шуда, 14 нафари онҳо дар боздошт ҳастанд.

Ба гуфтаи додситони кулл, яке аз гумонбарон Рустам Ашӯров дар фурудгоҳи Молдова ва дигарӣ Парвиз Мустафоқулов дар боздоштгоҳ дар Тоҷикистон фавтид. Ду нафари дигар таҳти пайгард будаанд.

Фирӯз Муминов

Яке аз онҳо Фирӯз Муминов сокини ноҳияи Шаҳринав аст, ки ба гуфтаи намояндагони додситонӣ, ба ИМА фирор кардааст. Рӯзи 16-уми феврал дар додситонӣ гуфтанд, Муминов бо талаби онҳо дар ИМА боздошт шуда, “масъалаи истирдодаш дар баррасӣ аст.” Мақомот Муминовро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо вуҷуди дар ҷустуҷӯ будани Дилшод Саидмуродов, “ӯро аз шаҳри Пенза тавассути мошини кирокаш ба шаҳри Маскав гусел кардааст.” Додситонӣ Дилшод Саидмуродов маъруф ба “Дилшод СБ”-ро яке аз гумонбарони асосӣ дар қатли Шуҳрат Исматуллоев медонад ва ӯ дар боздошт аст.

Мақомот мегӯянд, Исматуллоевро бо ин мошин рабуданд

Гумонбари дигар, ки бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Шуҳрат Исматуллоев таҳти пайгард қарор дорад, Алишер Бойтуров, сокини 41-солаи ноҳияи Сино будааст. Дар додситонӣ гуфтанд, Бойтуров масъули хариди мошине мебошад, ки дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев истифода шудааст. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми одамрабоӣ парванда кушодаанд ва мақомот мегӯянд, Алишер Бойтуров ба Лаҳистон фирор кардааст. Назари Бойтуров ва наздиконаш ба ин хабар маълум нест.

Рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли 2023 буд. Ба гуфтаи мақомот, ӯро 23-юми июн аз назди хонааш дар шаҳри Душанбе рабуда, баъд аз шиканҷа ба қатл расондаанд.

Ҷасади Исматуллоевро 13-уми августи соли гузашта аз дарёи Зарафшон ёфта, дар Душанбе ба хок супориданд. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ 15-уми феврал гуфт, ангезаи ин ҳодиса пул аст.

Муҳокимаи муттаҳамон дар қатли Шуҳрат Исматуллоев аввали моҳи январ имсол оғоз шуда, вале маълум нест, ки ҳукм кай эълон мешавад.