Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбари дигар дар қазияи Исматуллоев. "Ӯ ба Туркия фирор карда буд."


Назари Бахтовар Сафаров ва наздиконаш ба иттиҳоми мақомот феълан дастрас нест
Назари Бахтовар Сафаров ва наздиконаш ба иттиҳоми мақомот феълан дастрас нест

Як гумонбари дигар дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Дар ин бора Додситонии куллии Тоҷикистон 7-уми август хабар дод.

Дар хабарномаи Додситонии кулл омадааст, Бахтовар Сафарови 28-сола як рӯз баъди рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Туркия фирор кардааст. Мақомот гуфтанд, Сафаров қаблан барои харидуфурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд.

Назари Бахтовар Сафаров, вакили дифоъ ва наздиконаш дар робита ба изҳороти мақомот маълум нест.

Шуҳрат Исматуллоеви 49-сола шоми 23-юми июн рабуда шуд. Мақомот гуфтанд, рабояндагон муовини раиси "Ориёнбонк"-ро кушта, ҷасадашро ба дарё партофтанд. Маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода қариб ду моҳ аст, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро дар дарёҳои Варзоб ва Зарафшон ҷустуҷӯ доранд. Рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев вокунишҳои зиёдро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овард.

Додситонии кулл дар изҳороти тозааш гуфтааст, дар робита ба рабудани Исматуллоев, "шахсияти роҳбар ва 15 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ муайян ва 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд." Мақомот дар бораи афроди боздоштшуда маълумоти бештар надода танҳо мегӯянд, корҳои тафтишотӣ барои дастгир намудани "аъзои боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ идома доранд."

Аз онҳое, ки ба гуфтаи мақомот дар куштани Шуҳрат Исматуллоев даст доранд якеаш дар Молдова кушта шуд. Мақомоти Молдова гуфтанд, Рустам Ашӯрови 43-сола, рӯзи 30-юми июн баъди рад шудани дархосташ барои вуруд ба ин кишвар, ду маъмури Фурудгоҳи Кишинёвро кушт. Ашӯров дар задухӯрд бо неруҳои Молдова захмӣ ва баъдан дар бемористон даргузашт. Дилшод Саидмуродов мулаққаб ба "Дилшод СБ" ба гуфтаи мақомот аз гумонбарони дигар дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев аст. Мақомот гуфтанд, Саидмуродов аз тариқи Фурудгоҳи Душанбе ба Русия фирор кардааст. Мақомот Акбар Аҳмадов ва Шоҳрух Хуҷаевро ҳам аз рабояндагони Шуҳрат Исматуллоев гуфтанд, ки ба хориҷа фирор кардаанд. Дар бораи боздошти ин нафарон то ҳол расман хабар дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG