Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофтукоби сокини Шаҳринав барои мадад ба Дилшод Саидмуродов


Фирӯз Муминов
Фирӯз Муминов

Мақомоти Тоҷикистон як сокини ноҳияи Шаҳринавро барои кумак ва ҷой додан ба Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ), яке аз гумонбарон ба рабудану қатли бонкдори тоҷик Шуҳрат Исматуллоев ба ҷустуҷӯ додааст.

Додситонии кул рӯзи 15-уми сентябр дар эъломияе гуфт, Фирӯз Муминов дар як ҳафтаи аввали фирор барои пинҳон шудани Саидмуродов дар шаҳри Пензаи Русия "мусоидат кардааст".

Тасдиқи хабар аз манобеи дигар феълан имкон надорад. Назари ин сокини 39-солаи деҳаи Чусти ноҳияи Шаҳринав ба иттиҳоми мақомот феълан дастрас нест.

Дар хабарномаи Додситонӣ омадааст, Саидмуродов то 1-уми июл дар шаҳри Пензаи Русия пинҳон шуда буд.

Фирӯз Муминовро ба он муттаҳам кардаанд, ки бо вуҷуди дар ҷустуҷӯ будани Дилшод Саидмуродов “ӯро аз шаҳри Пенза тавассути мошини кирокаш ба шаҳри Маскав гусел кардааст.”

Дар бораи Фирӯз Муминов маълумоти зиёд дар даст нест. Мақомот гуфтаанд, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҷустуҷӯ доранд.

Намояндагони додситонӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарони ҷомеаҳои тоҷикон дар Русия ҳушдор додаанд, ки барои кумак ба Дилшод Саидмуродов “чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.”

Дилшод Саидмуродов
Дилшод Саидмуродов

Намояндагони ВКД ва ҳам додситонӣ барои пайдо кардани Дилшод Саидмуродов, аз роҳбарони ҷмъияти тоҷикони Русия ёрӣ хостаанд.

Бо гузашти қариб се моҳ аз кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев, мақомот то ҳол натавонистанд Дилшод Саидмуродовро боздошт кунанд. Ба хабарҳои дарёфтӣ, Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов ба гумони “қаллобӣ” дастгир карданд.

Ба иттилои додситонӣ, дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев 15 нафар даст доштаанд, ки то ин дам 13 нафар боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG