Корхона боз шуд, корхона нест

Дар ҳоле ки Тоҷикистон рушди саноатро яке аз ҳадафҳои асосии худ медонад, садҳо корхона аз кор монда ва ё дахлу харҷашон ба сифр баробар шудааст. Раиси ҷумҳур онҳоро 550 баршумурд.

Вазири саноат сабабро "ба поён расидани муҳлати иҷозатнома, надоштани пул, набудани супориш ва таъмир" донист. Баъзе аз коршиносон монеаҳоеро ба мисли санҷишу молиёт (андоз)-и афзун ва мушкили барқ далел оварданд.

"426 корхона ҳисоботи сифрӣ пешниҳод карданд"

Шералӣ Кабир

"Соли гузашта 729 корхона созмон дода шуд. Корхонаҳое, ки нишондодҳои сифрӣ пешниҳод карданд, мутаассифона, зиёд шуданд. Яъне, 426 корхона ба омор ҳисоботи сифрӣ пешниҳод карданд," – гуфт Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ рӯзи 8-уми феврал.

Ба қавли ӯ, 124 корхонаи дигар, ки умуман фаъолият накардаанд, “солҳо пеш аз кор монда буданд”. Вай дар айни замон соҳибони баъзе аз корхонаҳоро ба махфӣ доштани дахлу харҷ муттаҳам кард.

“Дар чаҳор моҳи охир дар корхонаҳои соҳаи истеҳсоли қуму шағал зиёда аз 300 миллион сомониро пайдо кардем, ки онҳо нишон намедоданд,” – гуфт Шералӣ Кабир, аммо аз касе ё ширкате ном нагирифт.

Баъзе аз иқтисоддонҳо далелҳои дигарро пеш оварданд. "Якум, ин норасоии энергетикӣ аст. Дуюм, сиёсати фискалӣ, яъне фишори баланди андозбандӣ. Корхонаро маҷбур мекунанд, ки андози замин, андози даромад ва ғайраву ғайраро супорад. Айби корхонаҳо низ ҳаст. Бояд технологияи имрӯза не, пагоҳинаро ворид кунанд. Ин корро намекунанд ва наметавонанд рақобатпазир бошанд.”

Фозилҷон Фатҳуллоев

Ҳамсуҳбати мо омили дигари аз фаъолият мондани корхонаҳоро ҳадафҳои таблиғотиву оморӣ донист: “Ҳастанд корхонаҳои дӯзандагие, ки расман ифтитоҳ шудаанд, аммо вақте корҷӯён ба онҷо мераванд, мебинанд як бинои холӣ асту бас. Касе он ҷо кор намекунад. Танҳо дар телевизион нишон додаанд, ки чунин корхона кушода шуду биёед кор кунед. Чунин ҳолатҳо ҳам ба назар мерасанд.”

Аз бойгонии Радиои Озодӣ:

"Роҳ дуру маҳсулот гарон"

Вазири саноати Тоҷикистон дар суҳбатҳояш ба ин мушкилӣ ҳеч ишора накард. Баръакс, таъсири корхонаҳои азкоруфтодаро ба рушди саноат ночиз донист.

“Бисёре аз корхонаҳои калидие ҳастанд, ки таъсири бисёр калон дар нишондодҳои макроиқтисодии саноати ҷумҳурӣ доранд, мо талош карда истодаем, ки онҳоро фаъолияташонро босамар кунем,” – шарҳ дод Шералӣ Кабир.

Ин дар ҳолест, ки ба гузориши хабаргузории расмии “Ховар” баъзе аз корхонаҳои бузург ба мисли “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва “Талко Голд” дар соли 2023 нақшаи супоридани молиёт ё андозро ба арзиши миллионҳо сомонӣ иҷро накардаанд.

Тоҷикистон саноатӣ карданро яке аз чаҳор ҳадафи стратегии худ эълон кардааст. Аммо ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки шароити кишвар ва вазъи соҳа барои расидан ба ин ҳадаф мувофиқ нест.

“Пеш аз ҳама боркашонӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа ё баръакс бисёр гарон аст. 93 дарсади Тоҷикистон кӯҳистон асту бо Афғонистони ҷангзада ва Қирғизистон иртиботи заминӣ тақрибан вуҷуд надорад. Ба роҳҳои баҳрӣ дастрасӣ надорем. Ашёе, ки соҳибкор аз хориҷа меорад, гарон меафтад ва нархи маҳсулоти ниҳоӣ низ боло меравад ва хароҷотро рӯйпӯш намекунад,” – гуфт рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ Абдулло Ашӯров.

Расонаҳои давлатӣ ва мансабдорони Тоҷикистон пайваста аз ташкили корхонаҳо ва ҳазорҳо ҷойи кории нав хабар медиҳанд. Бештари корхонаҳоро ҳангоми сафари президент ба шаҳру ноҳияҳо боз мекунанд. Як таҳқиқоти Радиои Озодӣ исбот карда буд, ки баъзе аз ин корхонаҳо пас аз рафтани президент аз фаъолият мондаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Баъд аз рафтани президент... Чаро корхонаҳо пас аз кушодашавии бодабдаба аз кор мемонанд? ВИДЕО