Додситонии кулли Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ бо эрод ва вокуниш ба матлаби "Қонуне, ки сарнавишти даҳҳо хонаро равшан накард" (29 сентябри 2023) шарҳ додааст, ки манзили, ба истилоҳ, ғайриқонунӣ сохтаи кӣ афв хоҳад шуд ва амволи кӣ не.
Аз қабули қонуни Тоҷикистон "Дар бораи авфи амвол" бештар аз ду сол мегузарад. Ин санад қонунигардонии дороиҳои шаҳрвандонро пешбинӣ кардааст.
Ҳуқуқдон Дилшод Ҷӯраев рӯзи 29-уми сентябри имсол дар гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, "ҳамаи амволи ғайриманқул (хона ё иншооти дигар), ки аз сӯи шаҳрвандон худсарона сохта шудаанд, бар асоси қонуни афви амвол метавонад қонунӣ шавад."
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 6-уми октябр дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, ки “чунин андеша комилан нодуруст мебошад.”
Дар идомаи нома омадааст: "Қонунгузор нисбат ба молу мулки ғайриманқули худсарона сохташуда, ки мумкин аст қонунӣ гардонда шавад, талаботи зеринро муқаррар кардааст:
- нисбат ба он баҳс вуҷуд надошта бошад;
- қитъаи замини зери сохтмон барои чунин мақсад ҷудо ё қаблан бо санадҳои дахлдор вобаста ё дода шуда бошад;
- молу мулки ғайриманқули мазкур мутобиқи таъиноти қитъаи замин сохта шуда бошад;
- нигоҳ доштани он ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон накунад;
- ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгирбуда таҳдид накунад.”
Дар пайи муроҷиатҳои батакрори баъзе аз сокинон, ки хонаҳои сохтаашон солҳо боз ҳуҷҷат надорад ва афв ҳам нашудааст, Радиои Озодӣ дар охири моҳи сентябр ба ин мавзуъ рӯй овард. Яке аз қаҳрамонҳои гузориши мо Қурбонбӣ Шоҳқулова аз Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ гила дошт, ки масъулони афви амвол ба суроғашон намеоянд ва аз эҳтимоли аз даст додани манзили худ нигарон ҳастанд.
Радиои Озодӣ тасмим гирифта буд, ин мавзуъро дар гуфтугӯ бо ҳуқуқдонҳо ва намояндагони мақомот идома бидиҳад, то паҳлуҳои гуногуни масъаларо бикушояд.
Қабл аз он ки шарҳи Додситонии кул дастрас шавад, Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми октябр бо вакили мудофеи тоҷик Бахтиёр Насруллоев низ дар ин бора суҳбат дошт ва ҳоло матни пурраи онро дар зер меорем.
Радиои Озодӣ: Қонун афви кадом намуд дороии шаҳрвандонро дарбар мегирад?
Бахтиёр Насруллоев: “Тибқи ин қонун дороиҳоро ба ду қисм ҷудо кардаанд: манқул ва ғайриманқул. Ба дороиҳои манқул сангҳои қиматбаҳо, тило, нуқра, коғазҳои қиматбаҳо, саҳмияҳо, аксияи корхонаҳо ва инчунин пул дохил мешаванд. Агар ҳаминҳо аз гардиш берун монда бошанд; аз давлат пинҳон монда бошанд; дар давлатҳои хориҷӣ ба даст оварда шуда, дар Тоҷикистон эъломия пешниҳод нагардида бошад, барои қонунӣ гардонидани онҳо ба ҳар шаҳрванд қонун ҳуқуқ додааст. Ба дороиҳои ғайриманқул иншооте дохил мешавад, ки мардум худсарона сохтаанд ё амволи меросӣ.”
Радиои Озодӣ: Чун дар бораи амволи ғайриманқул ишора кардед, ин шабу рӯз баъзе аз сокинон мепурсанд, ки оё манзилҳое, ки 10-15 сол пеш сохта буданд, афв мешаванд ё не? Кадом шартҳо пешбинӣ шудааст?
Бахтиёр Насруллоев: “Барои ин, қонуни мазкур тартиботи муайянро пешбинӣ кардааст. Пеш аз ҳама, қитъаи замине, ки ҳамон амволи ғайриманқул ҷойгир аст, бояд тибқи тартиби муайяннамудаи қонун ҷудо шуда бошад. Яъне, аз сӯи мақомоти давлатӣ қонунӣ ҷудо шудааст, ё инки ба ӯ ба таври дигар дар доираи қонун вобаста карда шудааст. Ин шарти аввал. Имрӯзҳо соҳибони аксар сохтмонҳои худсаронае, ки ҳуҷҷати вобаста шудани қитъаи заминро надоранд, муроҷиат мекунанд. Албатта, агар ин чиз набошад, имконияти қонунӣ гардонидан нест.
Шарти дигар ин ҳуҷҷати иҷозатномадиҳӣ аст. Ҳарчанд вақте ки қитъаи замин аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ барои сохтмон ҷудо мешавад, барои сохтани иншооти ғайриманқул тартиби иҷозатномадиҳӣ аз сӯи идораҳои ваколатдор, мисол сармеъмор, бояд риоя шаванд. Лекин дар аксар сохтмонҳои шахсӣ ҳарчанд қитъаи замин дар доираи тартиби муайяннамудаи қонун ҷудо шудааст, ҳамин талаботи қонунгузории шаҳрдорӣ ё иҷозатномадиҳӣ аз тарафи аксар мардум поймол карда шудааст. Барои он ки ҳаминҳо барои гирифтани ҳуҷҷати соҳибмулкӣ дар кӯчаи сарбаста қарор доранд, қонун имконият медиҳад, ки берун шаванд ва соҳибмулки ҳамон объект шаванд.
Як шарти дигар ин аст, ки амвол вақте қонунӣ гардонида мешавад, ки иншооти худсарона набояд ҳуқуқу манфиати шаҳрвандони дигарро поймол кунад ё ба ҳаёту саломатии шаҳрвандони дигар хатар дошта бошад. Ё ба бехатарии объектҳои атроф таҳдид кунад. Агар ҳамин талабот риоя шуда бошад, қонунӣ гардонида мешаванд.”
Радиои Озодӣ: Сокиноне, ки мехоҳанд манзилҳояшон бар асоси ин қонун мавриди афв қарор гирад, вале то ҳол ин корро анҷом надодаанд, бояд чӣ кор кунанд, ба куҷо муроҷиат кунанд?
Бахтиёр Насруллоев: “Дар назди мақомоти ҳар як шаҳру ноҳия комиссияи қонунигардонии молу мулк ташкил карда шудааст. Агар маҳдудият набошад, бо ҳуҷҷатҳои вобастакунии қитъаи замин ва дигар хулосаҳо ба ҳамин комиссия муроҷиат кунанд. Комиссия инро меомӯзад. Агар ҳамаи талабот риоя шуда бошад, қарор мебароранд ва ба онҳо шаҳодатномаи қонунигардонии афв дода мешавад.”
Радиои Озодӣ: Маблағи қонунигардонии дороиҳо чанд аст ва он аз ҳисоби кӣ бояд дода шавад?
Бахтиёр Насруллоев: “Тибқи қонун танҳо барои супоридани ариза барои қонунигардонӣ бояд 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷети маҳаллӣ супорида шавад. Як нишондиҳанда барои соли 2023-юм 68 сомонӣ муайян шудааст. Яъне, 680 сомонӣ. Дигар аз сӯи комиссияҳои қонунигардонӣ ягон пул талаб карда намешавад.”
Радиои Озодӣ: Барои моил кардани шаҳрвандон, ки дороиҳои ғайриқонунии худро пешниҳод кунанд, имтиёзе пешбинӣ шудааст?
Бахтиёр Насруллоев: “Албатта, дар қонун имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Масалан, агар дороиҳои манқул ба мисли пул, сангҳои қиматбаҳо, саҳмияву коғазҳои қиматнок агар қонунӣ гардонида шаванд, дар мӯҳлати се сол аз андоз, аз дигар пардохҳои давлатӣ, фоизи ҷаримаҳо пурра озод карда мешаванд. Инчунин, дороиҳои манқул, ки қонунӣ гардонида шудааст, дар муддати се сол аз ҳама андозу пардохтҳо озод карда мешаванд. Қонун пешбинӣ кардааст, ки агар дороиҳои манқул дар бонкҳо ҳамчун пасандози муҳлатнок ё пасандози исломӣ гузошта шаванд, даромади аз ҳамин пасандозҳо мегирифта дар муҳлати 5 сол аз пардохти андоз озод карда мешавад.
Дар хусуси амволи ғайриманқул, чи хеле гуфтам сохтмонҳои худсарона аст ё меросӣ, аз сабаби онки дар гардиш набуд, то ҳамин вақт ҳамчун абъекти пардохти андоз қабул карда нашудааст. Аз лаҳзае, ки қонунӣ гардонида мешавад, яъне то лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтани қонун нисбаташ, аз пардохти андози пешина пурра озод мегардад.”
Гуфтугӯ