Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин, рӯзи 8-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, аз 987,6 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон 889, 45 километри он мувофиқа шудааст. Ин тақрибан 90 дарсади сарҳадро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди пурсишҳои батакрор, Хоҷазода ҷузъиёти тавофуқро бо Қирғизистон шарҳ надод ва сабабро ба имзои санаде вобаста донист. Ӯ ҳамзамон раҳбари ҳайати топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон дар музокирот бо Қирғизистон аст.
“Мо протокол имзо кардем, ки ҳар як маълумоте, ки пешниҳод мешавад, дар мувофиқа бо ду тараф мешавад. Баъзан маълумоте ҳаст, ки саривақтӣ аст ва барои музокирот халал мерасонад. Ин чизро бояд дуруст дарк кардан даркор. Ин чиз ҳамту нест," -- афзуд раиси Кумитаи замин.
Ифшои ҷузъиёт норозигиро ба миён меорад?
Баъд аз як муддат сардиву танаффус дар музокираҳо, моҳҳои охир гуфтугӯҳои мақомоти ду кишвар дар мавриди кашидани хати марз бештар шуд. Ҳар моҳ як ё ду бор ҳайатҳое ба раҳбарии сарварони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон – Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев – баргузор мешавад. Мулоқоте, ки паси дарҳои баста мегузарад ва ҷузъиёташ барои ҷомеа рӯшан нест.
Солҳои гузашта мақомдорони Қирғизистон дар бораи натиҷаи музокирот тафсилот медоданд, вале дигар ин корро бас кардаанд. Баъзе аз коршиносон сабабро дар сар задани норозигиҳо дар Қирғизистон мебинанд.
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик, солҳо боз масъалаи марзи Тоҷикистонро бо Қирғизистон пайгирӣ дорад. Мегӯяд, изҳори назари мақомдорони қирғиз дар бораи натиҷаи музокирот бо Тоҷикистон, "вазъиятеро ба миён меовард, ки аҳли ҷомеа ва шахсоне, ки дар деҳаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, ба рафти корҳо халалдор мерасонданд. Сар задани баъзе аз муноқишаҳо ҳам аз ҳамин дастрас шудани маълумот ба омма буд, ки на ҳар кас дар онҷо дуруст маънидод мекунад.”
Нуқтаҳои “доғ” чӣ гуна ҳал шуданд?
Сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон баъзе аз нуқтаҳои печидае дорад, ки маълум нест, ду тараф онро чӣ гуна ҳал кардаанд ё мекунанд.
Аз ҷумла, роҳ ба ҷамоати Ворухи Исфара, ки аз дохили деҳаи қирғизнишини Оқсой мегузарад ва дар бисёре аз муноқишаи марзӣ баста мешавад. Ё роҳи 275-метрӣ, ки Тоҷикистон онро “ҳудуди худ медонад”, вале Қирғизистон қабул надорад. Роҳи Хистеварз, ки аз миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мегузарад, аз нуқтаҳои ҷанҷолии дигар аст.
Барои ҳамин, коршинос Неъматулло Мирсаидов шарҳи баъзе аз тавофуқҳои ҳосилшударо зарурӣ медонад. “Равшанӣ андохтан лозим аст. Хавотир будани мардуми Тоҷикистон аз ҷумла дар он аст, ки қитъаҳои замине, ки баҳсӣ ҳастанд аз рӯи адолат дида баромада шавад.”
“Дигар дар бораи харитаҳо баҳс нест”
Дар ҳамин ҳол, Тоқон Маметов, раиси пешини Шӯрои амнияти Қирғизистон ва муовини собиқи сарвазири ин кишвар ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, як сабаби зуд пеш рафтани гуфтугӯҳо ин аст, ки тарафҳо дигар сари харитаҳои пешина баҳс намекунанд, балки мебинанд, ки дар ин ё он ҳудуд киҳо зиндагӣ мекунанд. Мақомоти қирғиз ин гуфтаи Маметовро тасдиқ ё рад накардаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон пештар бар асоси харита ва маълумоти гуногун барои соҳибӣ ба қитъаҳои марзӣ, аз ҷумла заминҳои кишту маҳалли иқомат ва сарчашмаи об ҷанҷол доштанд.
Музокираи Душанбе ва Бишкек барои муайян кардани хати марз аз соли 2002 идома дорад. Интизор меравад, натиҷаҳо дар моҳи марти имсол эълон шаванд.
Содир Ҷабборов (Жапаров) 11-уми декабри соли 2023 дар деҳаи Оқсой гуфт, хати сарҳад бо Тоҷикистон то баҳори соли 2024 мушаххас хоҳад шуд. Айни изҳорот аз забони Ҳоқон Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия ҳангоми сафараш ба Душанбе дар рӯзи 10-уми январи имсол садо дод.
Аммо Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон 8-уми феврал ҳеч санаи мушаххасро ба забон наовард. Ӯ танҳо гуфт, "мо ҳам мехостем ва тарафдори он ҳастем, ки масъалаи сарҳадӣ ҳаллу фасли худро ёбад".
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад