Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба гапҳои раиси КДАМ-и Қирғизистон вокуниш кард


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар эътироз ба ҳарфҳои Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон, сафири ин кишварро дар Душанбе ба суҳбат даъват кардааст.

Рӯзи 15-уми сентябр Камчибек Тошиев дар суҳбат бо расонаҳои Қирғизистон гуфта буд, ки дар бораи тақсими марз бо Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои нав ёфтаанд ва агар Душанбе аз даъвоҳояш даст накашад, ин санадҳоро ба кор хоҳанд бурд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, ки рӯзи 16-уми сентябр Эрлан Абдилдаев, сафири Қирғизистон дар ин кишварро ба вазорат даъват кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ба сафир “вобаста ба изҳороти шахси мансабдори баландмақоми давлатии Қирғизистон дар робита ба масъалаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон” суҳбат кардаанд.

“Таъкид гардид, ки ин гуна тавзеҳот метавонад ба раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин эътимоди тарафайн зарари ҷиддӣ расонад,”—гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки "бар асоси санадҳои нав медонем, ки бисёре аз заминҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон гузаштааст."

Вай, ки ҳамзамон раиси Кумисюни аломатгузории марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон аст, аз ҳеч санад ва минтақаи дақиқи марзӣ ном набурд.

"Ҳамсояи мо, Тоҷикистон, дар хати марз ба Қирғизистон даъвои қаламрав дорад. Ҷавоб додем, ки ин даъвоҳо асос надоранд ва набояд бошанд. Чанде пеш ҳуҷҷатҳои нав ёфтем ва бар асоси онҳо медонем, ки заминҳои зиёди Қирғизистон ба Тоҷикистон гузаштааст. Агар Тоҷикистон аз даъвои қаламрав даст накашад, мо ҳам санадҳоро пешниҳод мекунем. Барои ин нерӯ ва имкони кофӣ дорем," -- гуфт раиси КДАМ-и Қирғизистон.

Тошиев бе он ки аз ягон минтақаи мушаххаси сарҳадиро ном барад, гуфт, "мо имкон дорем, ки заминҳои ёфтшудаи худро, ки даҳҳо ва ҳатто садҳо сол қабл ба Тоҷикистон гузаштааст, баргардонем."

Назирбек Борубоев, намояндаи вижаи ҳукумати Қирғизистон дар мавриди таъйину аломатгузории марз гуфт, ҳуҷҷатҳои махсус аз бойгонӣ гирифта шудааст. Борубоев ҳам "барои монеа эҷод накардан ба рафти музокирот" дар бораи онҳо ҷузъиёт надод.

Мақомоти тоҷик дар гузашта Қирғизистонро ба он муттаҳам карда буданд, ки заминҳои Тоҷикистонро “гирифтааст”.

Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, соли гузашта дар суҳбат бо дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе чанд харитаеро нишон дод ва гуфт: бино бар онҳо, минтақаи Ворух ҳеч гоҳ ҷазирақаламрав ё бурунбум (анклав) набуда, "роҳ ва манотиқи атрофи он хоки Тоҷикистон аст".

Тоҷикистон ва Қирғизистон аз соли 2002 бар сари таъину нишонагузории марз гуфтугӯ доранд ва дар ин муддат аз 972 километр 664 километри онро мушаххас кардаанд.

Ҳайатҳои ду ҷониб тақрибан ҳар моҳ барои дақиқ кардани ҳудуди 300 километри сарҳад бо ҳам гуфтугӯ мекунанд, аммо натиҷаи онро барои ҷомеа намегӯянд.

Номуайян мондани хати сарҳад ҳар чанд вақт боис ба сар задани муноқишаҳои хунин шудааст. Дар муноқишаи охири маргбор дар сарҳад дар моҳи сентябри соли 2022 аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG