Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятимов ва Тошиев ғайриинтизор ҷузъиёти гуфтугӯро дар бораи марз ошкор карданд


Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов дар яке аз мулоқотҳои тирамоҳи имсол дар Суғд.
Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов дар яке аз мулоқотҳои тирамоҳи имсол дар Суғд.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз пешрафти чашмгире дар музокирот доир ба таъйину нишонагузории марзи ду кишвар хабар дода, баъзе аз ҷузъиёти гуфтугӯҳоро ошкор карданд.

Мулоқоту гуфтугӯҳои навбатии ҳайатҳои ҳукуматии таъйин ва аломатгузории сарҳаде, ки борҳо шоҳиди хунрезӣ шудааст, рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шуд. Ҳайатҳоро Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизи ӯ Қамчибек Тошиев раҳбарӣ мекарданд.

Саймумин Ятимов дар як суханронӣ дар ҳузури Қамчибек Тошиев, ки Телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр кард, гуфт, ки ду тараф дар масоили истифодаи иншооте, ки дар қаламравҳои баҳсии ҳамдигар доранд, ба тавофуқи усулӣ даст ёфтаанд.

Ӯ гуфт: “Мо ба ин қарори усулӣ омадем, ки ... Қирғизистон ба тамоми иншооте, ки дар қаламрави мо дорад, дастрасии доимӣ хоҳад дошт, вале қаламрав аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Тамоми иншооте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон дорад, абадан ва доимо аз тарафи Тоҷикистон истифода мешаванд, вале заминҳо қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мемонад.”

Саймумин Ятимов ҳеч яке аз иншоотро ном набурд, вале айни замон гуфт, ки ду масъалаи асосӣ, ки яке истифода аз роҳи Ворух- Хоҷаи Аъло дар ноҳияи Исфара аст, тақрибан ҳал шудааст. Роҳи мазкурро сокинони деҳоти наздимарзии Қирғизистон борҳо бастаанд ва даҳҳо маротиба дар он байни сокинони ду тараф ҷангу хунрезӣ ба амал омадааст. Саймумин Ятимов шарҳ надод, ки сарнавишти ин роҳ чӣ мешавад ва масъала чӣ гуна ҳал шудааст.

Раиси ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки шеваи истифодаи обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, айни шеваи истифода аз роҳи Ворух-Хоҷаи Аъло мешавад. Ин обанбор солҳои 70-уми асри гузашта бо ҳадафи обёрии заминҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон сохта шудааст ва ду тараф сари он даъво ва ҷанг ҳам кардаанд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон низ дар гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон аз натиҷаи гуфтугуҳо доир ба таъйину аломатгузории марз изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ гуфт: “Мо чанд қарори муҳим қабул кардем ва ин қарорҳо моро ба ҳам наздик мекунад. Мулоқоти оянда дар Ботканд баргузор мешавад ва кумиссиёнҳои давлатии мо бетанаффус кор мекунанд. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки мо ба қабули тамоми қарор (дар бораи марз) бисёр наздик шудаем.”

Марзи бештар аз 900 километрии Тоҷикистону Қирғизистон, ки тақрибан 300 километраш то ҳол таъйину аломатгузорӣ нашудааст, солҳост, ки батакрор шоҳиди низоъ миёни сокинон ва низомиёни ду тараф мешавад.

Мардуми ду сӯи марз барои обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҳам ҷангу муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд. Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Музокирот барои таъйину аломатгузории марз аз соли 2002 идома дорад ва бори аввал аст, ки мақомот ошкоро ва қотеият дар бораи пешрафту ҳалли мушкилоти асосӣ дар музокирот суҳбат мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG