“Мушкилоти сахти коррупсия”
Шаффофияти Байнулмилал ё Транспаренси Интернешнл, ки ҳар сол гузоришеро бо номи Шохиси дарки фасод нашр мекунад, Тоҷикистонро дар ҷойгоҳи 162 қарор додааст, ки аз поинтарин зинаҳо дар радабандӣ аст.
Дар умум дар радабандӣ 180 кишвар аст ва мақоми кишварҳои дар поёни радабандӣ баёнгари реша паҳн кардани ришвахорӣ, суистифода аз мақом, хешутаборбозӣ дониста мешавад.
Дар Шохиси дарки фасод, инчунин, ба кишварҳо аз 0 то 100 имтиёз додаанд ва имтиёз ҳар қадар камтар бошад, коррупсия онҷо зиёд аст ва ҳар қадар имтиёз зиёдтар бошад, аз кам будани зуҳуроти мазкур гувоҳӣ медиҳад. Бар асоси он, ба Озарбойҷон аз сад имтиёз 23, ба Тоҷикистон 20 ва ба Туркманистон 18 имтиёз дода, гуфтаанд, ин се кишвар ба “мушкилоти сахти коррупсия” гирифторанд.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба зидди коррупсия ҳаматарафа мубориза мебарад ва қабули Стратегияи нави муқовимат ба коррупсия дар соли 2021 нишондиҳандаи азми қавии ҳукумат барои решакан кардани ин зуҳурот аст.
Дар ҳамин стратегия омадааст, ки дар муддати 6 сол, яъне аз соли 2013 то соли 2019 бештар аз 500 мавриди ришвадиҳиву ришваситонӣ дар байни кормандони идораҳои давлатӣ сабт шудааст ва бисёре аз ин ҷиноятҳоро кормандони вазорати корҳои дохилӣ содир кардаанд.
“Тасвири нигаронгунанда” аз Осиёи Марказӣ
Дар гузориш омадааст, ки шохис ё индекси нав як “тасвири нигаронгунандае”-ро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мекашад, ки бо “нокоромадии қонун, қудратталабии афзоянда ва фасоди систематикӣ” даст ба гиребон ҳастанд. Дар Шохиси дарки фасод, ки рӯзи 30-юми январ нашр шуд, омадааст, ки кишварҳои минтақа дар миёни кишварҳои фасодзада дар ҷаҳон дар ҷойи дувум ҳастанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар гузориш омадааст: “Ақибнишинии фарогир аз демократия, заифтар шудани низоми додгоҳӣ, назорат бар коррупсияро мушкил мекунад, чун идораҳои пулис, додситонӣ, додгоҳ, аксаран наметавонанд, парвандаи онҳоеро, ки аз қудрат суистифода мекунанд, таҳқиқ карда ва ҷазо бидиҳанд.”
Муаллифони гузориши созмони Шаффофияти Байнулмилал гуфтаанд, раҳбарони минтақа, ки бояд волоияти қонун, ҳуқуқ ва демократияро мустаҳкам кунанд, баръакс, онҳоро пайваста ҳадаф мегиранд.
Дар Шохиси дарки фасод имсол аз вазъи бади Қирғизистон гуфтаанд, ки дар радаҳои баландтар буд. Имсол ҳамсоякишвари Тоҷикистон 26 имтиёз дорад, ки мақоми хубе ба ҳисоб намеравад.
Муаллифони шохис гуфтаанд, Қирғизистон, ки як сангари демократия бо ҷомеаи мадании пурҷунбуҷӯш дар Осиёи Марказӣ буд, “ба як режими худкомае табдил ёфтааст, ки бо истифода аз низоми додгоҳӣ, мунтақидонашро ҳадаф мегирад.” Қирғизистон аз соли 2020-ум то имсол дар ин шохис 5 имтиёзашро аз даст додааст.
Баръакси кишварҳои дигари минтақа Узбекистон ҳоло соҳиби 33 имтиёз аст дар ҷойгоҳи 121 (ду зина беҳтар аз соли 2022), ки баёнгари беҳтар шудани мубориза бо ришвахорӣ дониста мешавад.
Дар гузориш ҳукумати Узбекистонро барои таъсиси оҷонси мубориза бо фасод, қонунгузориҳои беҳтар ва озодтар гузоштани иқтисод ситоиш кардаанд. Ҳарчанд ин кишвар солҳои охир ба саркӯби дигарандешон, боздошту ҳабси блогерон ва маҳдудиятҳои динӣ танқид мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Амрико танқид кард, ки ҳукумат дар Тоҷикистон 31 сол боз дар дасти як нафар аст