Масъулони Оҷонси зиддифасод рӯзи 15-уми август гуфтанд, бештаре аз ин ҳолатҳо дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ва бахшҳои маорифу илм сабт шуд.
Хабарнигорон хостанд, ки номи мансабдорон фош шавад. Намояндагони Оҷонсӣ фақат аз ду мақоми маҳаллии сатҳи пойин ном бурданд. Яке раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт ва дигаре мақоми ҳамсон дар вилояти Хатлон.
Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, рӯзи 15-уми август гуфт, "дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Хадамоти гумрук ва дар ҳокимияти судӣ низ ҷиноятҳои коррупсионӣ сабт шудааст."
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, рақамҳои пешниҳодӣ асли вазъиятро бозгӯ намекунанд. Вай бовар дорад, дар асл мавридҳои фасоди молӣ дар идораҳои давлатӣ бамаротиб бештар аз ин аст.
“Вақте ҷазо намегиранд, парво намекунанд, масъулият ҳис намекунанд. Медонанд, ки барои ин кор ба онҳо ҳеч чиз намешавад. То замоне ки шахс ва роҳбараш барои чунин кор ҷазо нагирад, вазъ тағйир намеёбад. Дар мо анъанаи масъулиятшиносӣ вуҷуд надорад. Барои ҳамин бе ҳарос корашонро идома медиҳанд,” – афзуд ӯ.
Бар асоси радабандии созмони Trancparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, Тоҷикистон аз байни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 151 ва дар миёни 30 кишвари дорои бадтарин сатҳи фасод қарор дорад.
“Аксарият дар Тоҷикистон бовар доранд, ки порагирӣ, азхудкунии пули давлат, сустии ҳукумат барои решаканкунии фасод, хешутаборбозӣ ва мавридҳои дигар аз масоили паҳншуда мебошад,” – хулоса кардааст Шаффофияти Байнулмилал.
Гуфтугӯ