"Ҳузури тоҷикон дар Ғазза ва ҷангидани онҳо бо Исроил" аз куҷо пайдо шуд? ВИДЕО

Акс аз бойгонист

Баъзе аз расонаҳои Русия навиштаанд, ки “садҳо зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон” дар Навори Ғазза ба муқобили сарбозони Исроил меҷанганд. 

Хабарро бори аввал Андрей Серенко, таҳлилгари рус, рӯзи 9-уми январи имсол дар саҳифааш дар Телеграм гузошт ва сипас чанд расонаи русзабон онро бознашр карданд.

ПАС АЗ ҲОДИСАИ ХУНИН ДАР ЭРОН

Хабари ҳузури ҷангҷӯёни тоҷик дар Ғазза дар шабу рӯзе расонаӣ шуд, ки ҳукумати Эрон гуфт, дар ҳамлаи маргбор дар Кирмон шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд. Дар кишварҳои аврупоӣ низ чанд тоҷик ба гумони омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ боздошт шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол ҳукуматро идора карда, ҳоло писарашро ба ҷойи худ омода дорад. Бекорӣ афзоиш меёбад ва ҷавонони тоҷик дар Русия дар шароити бад ҳастанд
Брюс Паннир

Ба назар мерасад, дар пасманзари ин хабарҳо муаллифи мақола бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки дар миёни ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Ғазза “тоҷикон хеле зиёданд”. Андрей Серенко иддао кардааст, ки тоҷикон ба воситаи Туркия, Эрон, Афғонистон ба Сурия ва аз онҷо ба Ғазза мерасанд. ЯК минтақаи муҳосирашуда аз ҷониби Исроил.

Аноҳито Додихудо, рӯзноманигори тоҷики муқими Исроил, мегӯяд, ҳузури тоҷикон дар Ғазза бо эҳтимоли зиёд "фейк" аст. Чун, ба гуфтааш, расонаҳои исроилиро пайваста мехонад ва то кунун чунин хабареро надидааст. Мақомоти исроилӣ низ дар бораи ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Ғазза то ин дам чизе нагуфтаанд.

“Ман фикр мекунам, ки эҳтимоли ҳузури тоҷикон дар Ғазза сифр аст. Танҳо роҳе, ки аз тарафи Миср, яъне гузаргоҳи Рафаҳ ҳаст, бастааст. Агар чизе дар ин бора мешуд, ҳатман мақомоти Исроил мегуфтанд. Фикр намекунам, ки шаҳрвандони мо дар онҷо бошанд,” – афзуд ӯ.

РАСИДАН ТО ҒАЗЗА ИМКОННОПАЗИР АСТ?

Ғазза аз се самт бо Исроил сарҳад дорад ва як марзи кӯтоҳ ҳам бо Миср. Миср чанд сол пеш сарҳадашро бо Ғазза бо девори баланди бетонӣ ва симхорпеч ҷудо кард ва онро ба як минтақаи касногузар табдил дод.

Андрей Серенко

Андрей Серенко иддао кардааст, ки гуё ҷангҷӯёни хориҷӣ “дар моҳҳои охир” вориди Ғазза шудаанд ва аллакай чанд нафар “маҷрӯҳ ва кушта шудаанд.” Ӯ Сурияро ягона масири расидан ба Ғазза номидааст. Исроилро аз Сурия баландиҳои Ҷулон ҷудо мекунад ва аз ин минтақа то Ғазза беш аз 336 километр роҳ аст. Он ҳам бояд даҳҳо шаҳру маҳаллаҳои Исроил, ҳатто пойтахти он Телавивро гузарӣ.

Адҳам Ҳайдарзода, пажӯҳишгари улуми исломӣ дар Туркия, ки вазъро дар минтақа пайгирӣ мекунад, гуфт, Ғазза солҳо боз дар муҳосира аст. Ба гуфтаи ӯ, ягона роҳи расидан ба Ғазза ба воситаи Миср аст, ки ҳоло он ҳам номумкин аст.

Ғаззаро гурӯҳи “Ҳамос”, ки аз ҷониби Аврупо ва Амрико террористӣ эътироф шудааст, идора мекунад. Ин гурӯҳ ба гуфтаи Адҳам Ҳайдарзода тамоюли бештар ба "Ихвон-ул-муслимин” дорад, ки баъд аз сарнагунии ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ дар соли 2013 созмони террористӣ эълон гашт.

Гузаргоҳи Рафаҳ, байни Миср ва Навори Ғазза

“Ғазза комилан дар муҳосира аст. Ҳам аз тарафи Исроил ва ҳам аз тарафи Миср. “Ҳамос” таваҷҷӯҳи “ихвонӣ” дорад ва ҳукумати Миср нисбат ба ихвониҳо ҳассос аст. Рафтани тоҷикон ба Ғазза дурӯғ аст ва ҳадаф танҳо бадном кардан аст. На танҳо тоҷикон, ҳатто арабҳое, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд, ба онҷо рафта наметавонанд. Ин як дурӯғи калони сад дар сад шохдор аст,” – афзуд ӯ.

АЗ ЭРОН ТО ОЛМОН

Пуштибони асосии гурӯҳи “Ҳамос” дар Ироқу Лубнону Сурия гурӯҳҳои шиа ҳастанд, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешаванд. Тоҷикон бештар пойбанди ақидаҳои аҳли суннат ҳастанд ва ихтилофи ҷиддӣ бо гурӯҳҳои шиа доранд.

Бо далелҳои зиёд ҳузури ҷангҷӯёни тоҷик дар Ғазза ғайривоқеӣ ба назар мерасад, вале ҳузури онҳо дар сафи созмонҳои тундрав дар Ироқу Сурияву Афғонистон борҳо собит шудааст. Соли гузашта дар ҳамлаи пурқурбонии зиёратгоҳи "Шоҳчароғ"-и Шероз мақомоти Эрон шаҳрванди Тоҷикистонро муттаҳам карданд. Инчунин, мақомоти эронӣ тарроҳ ва иҷрогарони ҳамлаи маргборро дар шаҳри Кирмони Эрон рӯзи 3-юми январ низ “тоҷик” номиданд.

Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид, як мансабдори баландпояи ҳукумати "Толибон" дар охири соли гузашта гуфта буд, ки дар ҳамлаҳои террористии ду соли охир дар Афғонистон аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистону Покистон даст доштаанд. Мақомоти Олмон рӯзи 7-уми январи имсол гуфтанд, ки як зодаи Тоҷикистонро бо гумони дар остонаи ҷашни Милоди Масеҳ ва дар пайванд ба тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар Калисои Кёлн дастгир кардаанд.

Дар ду соли охир мақомоти Олмон аз боздошти наздик ба 20 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони талоши анҷоми амалҳои террористӣ ё узвият дар созмонҳои мамнуъ хабар додаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Воқеан ҷангҷӯёни тоҷик бо Исроил меҷанганд?

"НОУМЕДӢ” Ё “ВАЪДАИ БИҲИШТ”?

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ҷалби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав дар даҳ соли охир афзоиш ёфт. Ӯ сабаби асосии гаравидани ҷавонони тоҷикро ба гурӯҳҳои тундрав “бекорӣ, ноумедӣ ва эҳсоси тарсу фишор” медонад. Ба қавли Ҳодизода, аксар ҷавонони тоҷик дар Русия мағзшӯӣ мешаванд. Кишваре, ки муҳоҷирон ҳамеша худро бегона эҳсос мекунанд ва зери фишору таҳқир ҳастанд.

Фаридун Ҳодизода

“Камбизоативу мушкилоти зиёди иҷтимоӣ замина мегузорад, ки ҷавонон ба дин бештар гараванд. Чун дар дин осоиштагӣ ва биҳишт дар он дунё ваъда мешавад. Баъдан, бо ин роҳ ҷавононро ба гурӯҳҳои тундрав мекашанд. Мушкил дар он аст, ки мо идеологияи қавие надорем, ки ҷавононро аз рафтан ба ин гурӯҳҳои тундрав боздорем,” -- гуфт Фаридун Ҳодизода.

Мавҷи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав аз соли 2014 оғоз шуд. Замоне ки гурӯҳи тундрави ДОИШ қаламравҳоеро дар Сурия ва Ироқ ишғол ва “хилофат”-и худхонда эълон кард. Бар асоси омори расмӣ, он замон беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин созмон дар Сурия ва Ироқ пайвастанд.

“ТОҶИКОН РАМЗИ ДИНӢ НАДОРАНД”

Адҳам Ҳайдарзода, пажӯҳишагри улуми исломӣ, мегӯяд, мушкил дар он аст, ки дар Тоҷикистон як чеҳраи маъруфи динӣ, ки ҷавонон ба он эътимоду боварӣ дошта бошанд ва ба ҳарфаш пайравӣ кунанд, вуҷуд надорад.

“Нафари муътадиле, ки исломро хуб фаҳмонад, нест. Баъдан ҷавонон руҷӯъ мекунанд ба шахсиятҳои рӯҳоние, ки дар Қафқоз ё дар олами араб ҳастанд, ки ақидаашон ба мо рост намеояд. Тибқи шариат, фатво аз минтақа ба минтақа ва аз замон ба замон фарқ мекунад. Ба ҳамин сабаб вақте дар дохил чунин шахс нест, онҳо ба интернет рӯ меоранду ба ин роҳ мераванд,” – шарҳ дод ӯ.

Созмонҳои байнулмилалӣ Тоҷикистонро барои маҳдудиятҳои динӣ, аз ҷумла бастани масоҷид ва аз минбар дур кардани рӯҳониёни таъсиргузор танқид кардаанд. Ҳамасола садҳо ҷавон бо гумони ифротгароӣ дар ин кишвар боздошту зиндонӣ мешаванд ва садҳо нафари дигар бо айни иттиҳом дар пайгарди байнулмилалӣ ҳастанд.

ҚИЁСИ УЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН

Брюс Паннир, шореҳи Радиои Озодӣ, мегӯяд, фишорҳои рӯзафзун ва муҳити сиёсӣ дар Тоҷикистон дар зеҳни ҷавонони ноумед ақидаҳои ифротгароиро зинда мекунад. Ба қавли ӯ, “фишори мақомот ба дигарандешон дар Тоҷикистон рӯз то рӯз бештар мешавад ва ин омил нақши асосӣ дар ифротӣ шудани ҷавонон дорад, чун онҳо умед ба ояндаи хубро аз даст медиҳанд.”

Вай бар ин назар аст, ки “Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол ҳукуматро идора намуда, ҳоло писарашро ба ҷойи худ омода дорад. Бекорӣ афзоиш меёбад ва ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, ба хусус дар Русия дар шароити бад кор мекунанд. Ин вазъ боис мешавад, ки ҷавонони ноумеду рӯҳафтода ба ДОИШ майл мекунанд.”

Брюс Паннир

“Чаро онҳо маргталаб мешаванду мехоҳанд ҳатто дар Олмон ҳамла анҷом диҳанд? Ин вазъ маро ба ёди Узбекистони давраи Каримов мебарад. Он замон дар Узбекистон маҳдудияти сахти озодиҳо ҷорӣ буд ва дар хориҷ узбекистониҳо бештар ба чунин амалҳо даст мезаданд, вале пас аз омадани Мирзиёев, вақте каме озодиҳо дода шуд, вазъ тағйир ёфт. Фикр мекунам, ки онҳое маргталабу узви созмонҳои тундрав мешаванд, умед ба ояндаи хубро аз даст додаанд. Ман пайвастани тоҷикони зиёдро ба созмонҳои тундрав ба вазъи сиёсии ҳозираи Тоҷикистон рабт медиҳам,” -- гуфт Брюс Паннир, шореҳи Радиои Озодӣ.

Аксар аҳолии Тоҷикистон, кишваре, ки бештар аз даҳ миллион нуфус дорад, аҳли суннат ҳастанд ва аз мазҳаби Имоми Аъзам пайравӣ мекунанд. Мақомот бо ҳадафи мубориза бо ифротгароӣ рафтани ҷавонони то 18-соларо ба масҷид манъ карда, бештари масҷидҳоро бо далели надоштани санади расмӣ бастанд, рӯҳониёни таъсиргузорро дар миёни ҷавонон аз минбар дур ронданд ва барои пӯшидани ҳиҷобу доштани риши дароз маҳдудият ҷорӣ карданд. Чунин чораҳо зоҳиран пайвастани ҷавонони тоҷикро ба сафи созмонҳои тундрав тағйир надодааст.