Дар маҷмӯъ ба иттилои мақомот дар панҷ соли ахир шумораи зойирон аз Тоҷикистон се баробар зиёд шудааст.
Ин шабу рӯз ҳам шаҳри Маккаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мизбони миллионҳо зойирон аз даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла мусалмонон аз Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон аст.
Ҳоҷиёни тоҷик мегӯянд, барои ибодаташон кишварҳои арабӣ шароити мусоид фароҳам оврадаанд.
Зокирҷон Дадоҷонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барои адои ҳаҷҷи умра ба Макка рафта буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аз ду чашми халқ нур борида истодааст, ки "ман ба хонаи Худо омадам". Меҳмонҳоро хуб қабул карда истодаанд. Дар Мадина ҷойи хобамон хубу гарм буд. Ҳар рӯз хӯроку зиёфат медиҳанд. Қариб 15 автобус барои гурӯҳи Тоҷикистоён хизмат мекард. ”
Бархе аз зоийирон мегӯянд, солҳо нияти сафар ба ҳаҷро доштанд, аммо имкон даст намедод, то ба ин ҳадаф бирасанд. “Солҳои бешумор мо нияти сафари Ҳаҷ мекардем. Худованд мана моро насиб гардонд. Ба фарзандонамон раҳмат, ки моро фиристоданд. Онҳоро ҳам фарзандонашон ба ин рӯзҳо расонаду насиб гардонад”. - гуфт, Назофат Аъзамова ва Мӯминҷон Аъзамов, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:
Қисмати зиёди зойирони тоҷик тариқи Узбекистон барои адои ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ меоянд. Вале ҳоло дар Тоҷикистон ҳам шумори ширкатҳои сафарбаркунанда зиёд мешавад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам эълонҳои зиёде ба назар мерасанд, ки ба хоҳишмандон сафар ба ҳаҷ, бахусус ҳаҷҷи умраро пешниҳод мекунанд.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳам дар садади зиёд кардани хатсайрҳо ба давлатҳои арабӣ ҳастанд.
Бархе аз ҳоҷиён мегӯянд, як сабаби афзоиши шумори талабгорони сафар ба ҳаҷ рақобат байни ширкатҳо ва арзон шудани ҳаққи хизматрасонӣ аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ба андешаи ман роҳ кушода шуд ва роҳкиро ҳам арзон гардид. Фикр мекунам ҳоло бисёриҳо бо 1200 доллари амрикоӣ омада истодаанд. Барои ҳамин ҳама омада истодаанд. Узбекону тоҷикон рӯз дар миён гурӯҳ-гурӯҳ меоянд. Мехоҳам боз аз ин ҳам арзонтар шавад”.- гуфт, Шарифҷон Нурматов, сокини шаҳри Хуҷанд.
Зайнаб Ҳусейнова, сӯхангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯяд, сабаби аслии афзоиши шумори зоирон аз Тоҷикистон, содда шудани тартиби пешниҳоди раводиди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аст. “Дар солҳои пеш танҳо баъди гирифтани раводиди умра сокинон ҳақ доштанд, ки маносики умраро адо кунанд. Ҳоло бошад, тақрибан бо тамоми намуди раводид адои умра имкон дорад. Чи раводиди саёҳатӣ бошад, чи тиҷоратӣ ва чи корӣ”.- афзуд, Зайнаб Ҳусейнова.
Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо ин раванд дар тамоми кишварҳои Осиёи Миёна ба мушоҳида мерасад.
Ҳамчунин Арабистони Саудӣ розӣ шудааст, ки имсол тақрибан 7000 аҳолии Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба он кишвар бираванд. Созиш рӯзи 8-уми январ ҳосил шудааст.
Қаблан сокинон аз монополия ва монеаҳо дар роҳи сафар ба ҳаҷҷи фарзӣ шикоят мекарданд. Ҳамчунин имсол мақомот аз боздошти чандин нафаре хабар дод, ки бо ваъдаи ба ҳаҷҷи фарзӣ ва умра бурдан аз сокинон пул гирифтаву онҳоро фиреб додаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Баҳси ҳаҷ дар Тоҷикистон. Чаро сокинон фиреб мехӯранд?Дар Тоҷикистон танҳо Кумитаи дин ҳақ дорад сокинонро ба ҳаҷҷи фарзӣ фиристад. Сокинон мегӯянд, ҷой дар рӯйхати Кумитаи дин кам аст ва ин ҳолат онҳоро маҷбур мекунанд аз роҳҳои дигар истифода кунанд.
Ҳар сол каме беш аз 6 ҳазор аҳолии Тоҷикистон ба воситаи Кумитаи дин барои адои ҳаҷҷи фарзӣ мерафтанд. Қаблан нархи он барои як нафар беш аз 5 ҳазор доллар муқаррар шуда буд. Арзиши имсолаи он ҳанӯз маълум нест.
Назарҳо ба адои ҳаҷ, ки яке аз панҷ рукни дини Ислом ҳисоб мешавад, дар ҷомеаи Тоҷикистон яксон набудааст. Як гуруҳ ба ин назаранд, ки бо даст додани имконият бояд ин фаризаи диниро иҷро кард, вале гуруҳи дигар пешниҳод мекунанд, ки ба ҷойи ҳаҷ аз ҷумла ҳаҷҷҳои такрорӣ бояд дар дохили кишвар ҷойеро обод кард.