Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳаҷ дар Тоҷикистон. Чаро сокинон фиреб мехӯранд?


Мавсими ҳаҷ 2023
Мавсими ҳаҷ 2023

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, алайҳи ду нафаре парванда боз кардааст, ки бо ваъдаи ба ҳаҷ бурдан аз сокинон маблағ гирифтанд. Манобеи Озодӣ гуфтанд, Фирдавс Фирдавсови 19 ва Наврӯз Ҳасанови 25-сола ба азхуд кардани ҳудуди 4 миллион доллар муттаҳам мешаванд. Аммо Наврӯз Ҳасанов иттиҳоми мақомотро беасос дониста гуфт, касеро фиреб надодааст.

Вазорати корҳои дохилӣ 20-уми июл дар сомонааш навишт, ин ду ҷавон “ба эътимод (боварӣ)-и шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, ҷиҳати фиристонидани онҳо ба зиёрати Ҳаҷҷи фарзӣ дар соли 2023 аз ҷабрдидагон маблағҳои гуногунро тасарруф намудаанд”.

Мақомот Фирдавс Фирдавсов ва Наврӯз Ҳасановро ба фиреб додани талабгорони ҳаҷ муттаҳам мекунанд
Мақомот Фирдавс Фирдавсов ва Наврӯз Ҳасановро ба фиреб додани талабгорони ҳаҷ муттаҳам мекунанд

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Фирдавс Фирдавсов аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД боздошт шудааст. Назари ӯ ва пайвандонаш ба қазия маълум нест. Мақомот аз Наврӯз Ҳасанов даъват кардаанд, ки аз шаҳри Дубай ба Тоҷикистон омада, ба суолҳо муфаттишон посух диҳад. Ҳасанов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки бо муфаттишони ВКД суҳбат карда, ба онҳо гуфтааст, пули мардумро тасарруф накардааст.

Ҳасанов гуфт, “аз 249 нафаре, ки ба ҳаҷ омада буданд як қисмашон бо пардохти 6 ҳазору 750 долларӣ ба ҳаҷ рафтанд, вале чанд нафари онҳо бинобар саривақт напардохтани пули ҳаҷ аз Дубай ба оқиб рафтанд. Мақомот ба хонаи мо дар шаҳри Душанбе рафтанд ва онҷойро кофтукоб карданд, чизеро пайдо накарданд.”

Ҳамсуҳбати мо гуфт, бо Фирдавс Фирдавсов, нафаре, ки ҳоло дар боздошт аст, барои ба ҳаҷ фиристодани шаҳрвандон ҳамкорӣ дошт. «Ӯ гуфта буд, ки падарам хонасоз аст, вале баъд фаҳмидем ки сардори идораи муҳофизон дар Истаравшан будааст. Вай дар вақти бозпурсии мақомот нисбати ман ҳарфҳои беасос задааст. Ман ба мақомот занг зада фаҳмондам, ки дар ин кор даст надорам”.

Маълум нест, ки назари Фирдавс Фирдавсов дар ин бора чӣ аст. Бо сабаби дар боздошт будан, имкони гирифтани назариӯ феълан номумкин аст. Наздиконаш низ то ин дам барои суҳбат дастрас набуданд.

Бинои ВКД
Бинои ВКД

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба воситаи рақаме, ки дар сомонаи ВКД гузошта шудааст, бо намояндаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта суҳбат кард. Ин масъул гуфт, Наврӯз Ҳасанов кӯшиш мекунад худро сафед кунад ва агар бегуноҳ аст аз Дубай биёяд ба суолҳои онҳо посух диҳад.
Мақомот алайҳи ин ду нафар бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз карда, аз сокинон хостаанд, агар нисбати онҳо шикояте доранд, ба мақомот муроҷиат кунанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон сокинонро ба фиреби додани талабгорони ҳаҷ, боздошт мекунанд. Моҳи майи имсол ВКД ду нафарро барои фиреб додани даҳҳо эътиқодманде, ки нияти Ҳаҷро доштанд дастгир кард.

Дар Тоҷикистон танҳо Кумитаи дин ҳақ дорад сокинонро ба ҳаҷҷи фарзӣ фиристад. Аммо мақомот мегӯянд, сарфи назар аз огоҳ кардани мардум, то ҳол сокинон барои сафари ҳаҷ ба шахсони алоҳида маблағ дода, фиреб мехӯранд.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин
Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин 20-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе афрод бо гирифтани раводидҳои умра, сайёҳӣ, зиёратӣ ва монанди ин сокинонро ба ҳаҷ мефиристанд ва ин кор боиси ташвишу саргардонии худи ҳоҷиён мегардад.

“Дар мавсими имсолаи ҳаҷ низ садҳо нафар аз шаҳрвандони кишвар бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба Макка расида буданд ва пайомаду машаққати ин корро бо чашми худ диданд. Аз ҷумла, дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа ба одитарин хизматрасониҳо дастрасӣ надоштанд, ҷои будубошу хоб ҳам надоштанд. Дар ҳоле, ки барои ҳоҷиёне, ки аз тарафи Кумита сафарбар шуданд, ҳамаи шароити лозим муҳайё буд,”-афзуд Афшин Муқим.

Аз сӯи дигар сокинон мегӯянд, ҷой дар рӯйхати Кумитаи дин кам аст ва ин ҳолат онҳоро маҷбур мекунанд роҳҳои дигари расидан ба Арабистони Саудиро ҷустуҷӯ кунанд. Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор нафар барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Сафари зойирин аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ 10 июн оғоз шуда, дар назар аст бозгашти онҳо ба ватан то 25 июл ба анҷом расад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG