Мартин Гриффис, раиси умури масоили башардӯстонаи Созмони Милал рӯзи ҷумъа, 5-уми январ ва дар замоне суҳбат кард, ки талафот дар ҷанги Исроилу Ҳамос, ки онро Амрикову Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонад, ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ аз 22 ҳазор нафар ҳам гузаштааст. Ба гуфтаи Мартин Гриффис, “як фоҷиаи беҳдошти умумӣ дар Ғазза дар ҳоли рух додан аст.”
Ба тахмини Созмони Милал, 1 миллиону 900 ҳазор нафар, яъне бештар аз 85 дар сади аҳолии пеш аз ҷанг дар Ғазза, дар ин борика овора шудаанд, зеро Исроил аз ғайринизомиён хостааст, манотиқеро, ки онҷо даргирӣ сурат мегирад, тарк кунанд. Мартин Гриффис дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, мардуми Ғазза бо болотарин сатҳи ноамнии ғизоӣ, ки то кунун сабт нашуда буд, мувоҷеҳ ҳастанд ва қаҳтиро метавон, дар гӯшаву канори Ғазза бо чашми худ дид.
Ӯ афзудааст, ки мардуми Ғазза шоҳиди таҳдидҳои рӯзона барои мавҷудияти худ ҳастанд ва ин дар ҳолест, ки ҷаҳон онро танҳо наззора мекунад ва тамом. Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури масоили башарӣ гуфтааст, хонаводаҳо бо вуҷуди сардттар шудани ҳаво дар берун мехобанд ва манотиқе, ки ба фаластиниҳо гуфтаанд, онҷо бираванд, бомбборон шудааст.
Ба қавли Мартин Гриффис, шифохонаҳои ангуштшуморе, ки ба сахтӣ кор мекунанд, пур аз беморону захмиҳо шудаанд ва айни замон ба доруворӣ ва дигар маводи зарурӣ сахт мӯҳтоҷанд. Мартин Гриффис хотирнишон кардааст, ки бемориҳои сироятӣ дар саросари Ғазза дар ҳоли густариш аст ва дар миёни ин ҳама ҳарҷу марҷ, рӯзона то 180 зани фаластинӣ таваллуд мекунад.
Як таҳқиқи Бонки Ҷаҳонӣ ҳам нишон додааст, ки то 12-уми декабри соли гузашта ҷанг ба бештар аз 77 дар сад аз имконоти беҳдоштии Ғазза осеб расонида ва ё онҳоро вайрон кардааст. Мартин Гриффис дигарбора ба дархости Созмони Милал барои поёни фаврии ҷанг дар Ғазза ва озодии ҳамаи гаравгононони исроилӣ таъкид карда ва гуфтааст, замони он фаро расидааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ барои иҷрои ин дархост аз тамоми нуфузи худ истифода кунад.
Ҷанги Ғазза баъд аз он шуруъ шуд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ба Исроил ҳамла карда, тақрибан 1200 исроилиро куштанд ва бештар аз 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд. Дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Исроил то кунун, ба гуфтаи мақомоти Ғазза, бештар аз 22 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.
Исроил мегӯяд, ҳадафаш маҳви гурӯҳи тундрави “Ҳамос” аст ва тамоми корро мекунад, ки ғайринизомиён осеб набинанд. Ба қавли нерӯҳои исроилӣ, ҷангҷӯёни “Ҳамос” дар байни ғайринизомиён пинҳон мешаванд. Иддаое, ки “Ҳамос” рад мекунад.