Солеҳ Орурӣ, узви дафтари сиёсии “Ҳамос” ва аз бунёдгузорони шохаи низомии он, шаби 2-юми январ дар як ҳамлаи паҳпод кушта шуд.
Қатли Орурӣ сӯиқасди аввалин ба ҷони мақомоти баландпояи “Ҳамос” дар хориҷ аз қаламравҳои фаластиниён аст, ки баъд аз ҳамлаи ин гуруҳи тундрав ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр сурат мегирад.
Хабаргузории давлатии Лубнон гуфт, дрон ба дафтари “Ҳамос” дар Бейрут зарба задааст. Бино ба гузоришҳо, муҳофизони Солеҳ Орурӣ ва чанд лубнонии дигар ҳам кушта шудаанд.
Ҳамларо кори дасти Исроил меноманд, ҳарчанд мақомоти Телавив ошкоро дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Наҷиб Миқотӣ, нахуствазири муваққати Лубнон, ҳамларо “як ҷинояти нави Исроил” номида, гуфт, ки ҳадафи он кашидани Лубнон ба ҷанг аст.
Вай ҳамчунин аз мақомоти кишвараш хост, расман ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал шикоят баранд. Сухангӯи дабири кулли Созмони Милал зарбаро “фавқулода нигаронкунанда” хонд.
Флоренсиа Сото Нино гуфт: "Бинобар шиддат гирифтани танишҳо ва авзои шиканандаи минтақа, мо аз тамоми тарафҳо мехоҳем, то ҳадди мумкин хештандорӣ нишон диҳанд. Мо ҳеч гуна шитобу шитобкорӣ намехоҳем, ки сабаби афзоиши хушунат шавад."
Баъд аз ҳамлаи “Ҳамос” дар моҳи октябр гуруҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳам тақрибан ҳар рӯз бо нерӯҳои Исроил вориди даргирӣ мешавад.
Аз он замон то кунун дар ҳамлаҳои Исроил 100 ҷангҷӯи “Ҳизбуллоҳ” ва даҳҳо ғайринизомӣ кушта шудаанд. Ин созмон дар як баёнияи расмӣ гуфт, ҳамлаи Исроил “бе посух ва ё бе ҷазо намемонад.” Мақомоти фаластиниён дар Ғазза гуфтанд, теъдоди талафот дар ҷанг аз 22 000 нафар гузаштааст.
Видеоро дар инҷо бинед: