Ба гузориши “Ассошиэйтед Пресс”, рӯзи 2-юми январ дар шаҳри Хон Юнус, дар ҷануби Навори Ғазза, даргириҳои сахт ҷараён гирифтааст.
Задухӯрдҳо баъди он шиддат ёфт, ки Исроил рӯзи якуми январ гуфт, ҳазорҳо низомии худро аз баъзе минтақаҳои Ғазза берун мебарад. Вазорати дифои Исроил низ бо нашри чанд видео даргириро дар шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Ғазза тасдиқ кард.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, қавл додааст, ки то замони нобудии “Ҳамос”* ва озодии беш аз 100 гаравгони дигар, ки ҳанӯз дар асорати ин гуруҳи тундрав ҳастанд, ба ҷанг идома хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол, дар остонаи сафари котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен ба минтақа, Исроил зери фишори байнулмилалӣ мондааст, то амалиёти низомиро дар Ғазза камтар кунад.
Ҷо Байден, президенти Амрико, ба фишорҳо барои қатъи ҷанг тан надод. Блинкен аз Исроил хостааст, танҳо барои ҳифзи ҷони ғайринизомиён дар Ғазза чораи бештар андешад.
Нетаняҳу дар суҳбати охирини худ бо расонаҳо гуфт, ҷанг дар Ғазза дар авҷ аст ва моҳҳо идома хоҳад ёфт. Вай бори дигар Эронро гунаҳкор кард, ки ба гуфтааш дар пайи ноамн кардани минтақа аст.
Эрон аз ҳусиҳои Яман, ки ҳукуматро ба даст доранд ва Амрико онҳоро террористӣ медонад, пуштибонӣ мекунад. Ҳусиҳо бо эълони ҳимоят аз “Ҳамос” гуфтаанд, ки ба киштиҳои Исроил дар Баҳри Сурх ҳамла мекунанд. Амрико барои ҳифзи киштиҳо дар минтақа эътилофи низомӣ таъсис дод.
Маркази фармондеҳии Амрико аллакай эълон кард, ки ба чанд қаиқи ҳусиҳои Яман зарба зад ва онҳоро аз байн бурд. Артиши Исроил низ иддао кард, ки дар ин самт ба комёбӣ ноил шудааст. “Садои Амрико” дурустии ин иддаро мустақилона тасдиқ карда наметавонад.
Як вакили амрикоӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ гуфтааст, Кохи Сафед бояд бо гурӯҳҳои мавриди пуштибонии Эрон бархӯрди ҷиддӣ бикунад.
“Ҳукумати ҳозира дар посух ба амалҳои Эрон тарсуёна рафтор мекунад. Барои онки мушкил ҳал шавад, бояд ба амалиёт дар Яман фикр кард. Ҷое, ки Эрон кумак мекунад, то ба киштиҳои тиҷоратӣ ҳамла кунанд ва артиши Амрикро зери хатар мегузоранд,” -- афзуд Майк Турнер.
Ҷанг дар Навори Ғазза пас аз он оғоз шуд, ки гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил рӯзи 7-уми октябри соли 2023-юм 1200 нафарро кушт ва 240 нафарро гаравгон гирифт.
Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар тақрибан се моҳи охир зиёда аз 21 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд. Ин идора зери назорати “Ҳамос” аст.
Ба назар мерасад, дар соли 2024 теъдоди қурбониён дар сарзамини фаластиниён бештар хоҳад шуд. Ҷое, ки Исроил ҳадаф гузоштааст, ки гурӯҳи “Ҳамос”-ро маҳв бикунад.
Видеоро дар инҷо бинед:
*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд
Гуфтугӯ