Мегӯяд, аз дарди рӯда ва сутунмӯҳра азият мекашиду бе санҷиш ба сарбозӣ бурда шуд ва ҳоло вазъи саломатияш бадтар гардидааст. Пизишкон дар Кӯлоб тавсия додаанд, ки бояд ҳарчи зуд ҷарроҳӣ шавад.
“Вазъи саломатиям бадтар шуд. Ҳама ҷоям варам. Рӯдаҳо маҳкам шудааст. Бояд ҷарроҳӣ кунем. Одамоне, ки маро ба хидмат фиристода буданд, дигар парво надоранд. Ҳама дар фикри худаш аст,” – нақл кард Субҳони Аҳмадҷон рӯзи 4-уми январ.
Ин ҷавонро дар моҳи ноябри соли 2023 ба хидмати ҳарбӣ бурданд. Дар як қисми низомии вобаста ба Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд буд. Танҳо як моҳ тоб овард, сипас дар бемористон ҷой карданд.
“Ба бемористони ҳарбӣ бурданд. Аз он ҷо ба шифохонаи шаҳрӣ фиристоданд. Санҷиданд. Диданд, ки бемор ҳастам. Кумисюн созмон доданд. Гуфтанд, ки ин тарз намешавад ва ҷавоб доданд. Таъкид карданд, ки табобатро бар дӯш намегиранд,” – идома дод Субҳони Аҳмадҷон.
Ҳоло ӯ билети ҳарбӣ дорад. Дар он Субҳони Аҳмадҷонро бемор ва ғайри қобили хидмат навиштаанд.
Чизе, ки ба гуфтаи хонаводааш бояд кумисюни даъват пеш аз фиристодани ӯ ба қисми низомӣ анҷом медод. Онҳо талаб доранд, ки сабабгорони ин вазъ, аз ҷумла маъмурони Комиссариати ҳарбӣ, ҷазо гиранд.
Худаш мегӯяд, “ман якуним моҳ хидмат кардам, азоб кашидам, фақат бо дору худамро нигоҳ доштам. Касе маро ба ин ҳол овард, бояд ҷазо гирад.”
Радиои Озодӣ дар бораи қазияи Субҳони Аҳмадҷон як моҳ пеш гузориш дод.
Дар Комиссариати ҳарбӣ шарҳе надоданд. Дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфта буданд, ки шахсони беморро ба хидмат ҷалб намекунанд. Додситонии гарнизони ҳарбии Кӯлоб гуфт, ки масъаларо таҳқиқ мекунад.
Ин сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегӯяд, агар мушкили ӯ бозтоб намеёфт, шояд ҳанӯз ё дар бемористон буд ва ё бо дарди ҷонкоҳ дар қисми низомӣ.
Ҳоло ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар даст рӯзашро дар бемористонҳо мегузаронад. Мехоҳад, ки ҷарроҳӣ кунад ва худро аз банди беморӣ бираҳонад, аммо намедонад ин кор кай ва чӣ гуна имконпазир хоҳад шуд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад