Пайвандҳои дастрасӣ

"Ман ба инҷо барои кору зиндагӣ омадам, на мурдан"


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Дар соли 2023 амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия афзуд.

Онҳоро дар бозору маҳалли сохтмон, хобгоҳу масҷид ва ҷойҳои дигари серодам тафтишу дастгир карда, бархеро барои пайвастан ба артиш ва рафтан ба ҷанг дар Украина маҷбур кардаанд. Бахусус онҳоеро, ки ҳаққи иқомати Русияро доранд ё барои халосӣ аз ранҷи пулису пули патент шиносномаашро гирифта буданд. Дар миёни онҳо зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд.

"Намехоҳам, ба ҷанг равам"

Беҳрӯз (насабаш ба далоили амниятӣ зикр намешавад), зодаи 35-солаи Тоҷикистон, ҳафт сол пеш бо умеди ёфтани кор ва даромади беҳтар ба назди амакаш ба Русия рафт. Аз он замон то ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербург зиста, асосан дар бахши сохтмон кор мекунад. Ҳанӯз дар онҷост, аммо мехоҳад зудтар қаламрави Русияро тарк кунад, чун хавф дорад, ки иҷборӣ ба майдони ҷанг бурда хоҳад шуд.

Вай ҳамагӣ шаш моҳ қабл аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина шаҳрвандии Русияро гирифт. Чанд рӯз пеш “сюрприз”-и зодгоҳи нав расид. Низомиён ба хонаи амакаш, ки Беҳрӯз худро дар онҷо сабтином карда буд, даъватнома овардаанд.

"Ман ба ягон ҷанг рафтан намехоҳам. Ин тавр зистан ҳам намехоҳам. Ҳар боре ба метро медароӣ, фикр мекунӣ, оё касе дар камин мунтазири ту истодааст ё не. Маълум нест, рост ба ҷойи кор меравӣ ё маъмурон дошта ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд. Ман ба ин ҷо барои кору зиндагӣ омадам, на барои мурдан," – нақл кардааст ӯ ба "Север.Реалии", як бахши Радиои Озодӣ.

Ин зодаи Тоҷикистон афзудааст, шаҳрвандии Русияро қонунӣ гирифт, вале агар оқибаташро медонист, хеле барвақт аз баҳраш мегузашт: "Ягона чизе, ки маро дар инҷо нигоҳ медошт, имкони гирифтани даромади бештар дар муқоиса ба Тоҷикистон буд. Ҳоло, ки гап дар бораи ҳаёт меравад, масъалаи даромад муҳим нест. Пештар, бе фиристодани даъватнома, маро ба ҷанг хонда буданд. Занг зада, пурсиданд, ки оё бо нерӯҳои мусаллаҳ қарордод имзо кардан мехоҳам ё не. Гуфтам, ки ҳавсалаашро надорам."

"Вақте шиносномаи Русияро гирифтед, тибқи қонун муҳим нест, ки дар куҷо таваллуд шудед ё аз куҷо омадед. Дигар рус ҳастед. Ман ин гапро ҳам шунидам, ки "бигзор муҳоҷирон шиносномаи гирифтаашонро ҳалол кунанд". Худи русҳо ба ин ҷанг рафтан намехоҳанд, чаро бояд ман равам? Мо ҳам Telegram дорем ва мебинем, ки дар онҷо чӣ мегузарад," – гуфтааст Беҳрӯз ба "Север.Реалии".

"Русия ҳоло аз Тоҷикистон фарқ надорад"

Беҳрӯз мегӯяд, дар ҷараёни кору зиндагӣ дар Русия ҳодисаҳои гуногунро аз сар гузаронд. Баъзан паёми бегонаситезона ҳам шунид, вале дар умум аз русҳо бадрафторӣ надид.

"Чӣ гуна рафтор кунед, ҳамон гуна ҷавоб мегиред. Бале, мавридҳое ҳаст, ки муҳоҷирон дуздӣ мекунанд ё одам мекушанд. Магар сокинони бумӣ ин корро намекунанд? Мекунанд, аммо вақте муҳоҷир дар нақши асосӣ аст, мардум зиёдтар хашмгин мешаванд. Бо бачаҳои рус кор мекунам, маро "Беха" мегӯянд, муносибат муқаррарӣ аст. Вале дар кӯча дарҳол медоранд, шиносномаро тафтиш мекунанд, зеро симо русӣ нест," – идмоа додааст ӯ.

То соли 2023 (ба истиснои 2020) теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия дар ҳоли афзудан буд. Танҳо дар соли 2022 тақрибан дувоздаҳ миллион хориҷӣ дар ҷустуҷӯйи кор ба он кишвар рафтаанд.

Аксари онҳо аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ҳастанд ва ташнаи гирифтани шаҳрвандии Русия. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ду сол боз ба хориҷиён тавсия медиҳанд, ки феълан аз гирифтани шисномаи русӣ худдорӣ кунанд ва ҷони худро наҷот диҳанд.

Дар як соли охир номи даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия ба зидди Украина расонаӣ шуд. Бархе сарбозу афсари артиши Русия буданд, гурӯҳе муҳоҷирони корӣ ва қисме маҳбус. Бахши русии Би-би-сӣ дар яке аз таҳқиқоти худ моҳи июни имсол хабар дод, ки дар ҷанги Украина дастикам 93 зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла 40 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.

Беҳрӯз ба "Север.Реалии" гуфтааст, ба гумон аст, ки ҳатто пас аз поёни ҷанг ба Русия баргардад. Вай дар бораи кору зиндагӣ дар ягон кишвари дигар меандешад. Ба эҳтимоли зиёд дар Аврупо.

Ӯ, ки пеш аз моҳи феврали соли 2022 бо сиёсат коре надошт, ҳоло пайгирӣ мекунад ва бовар дорад, ки Русия аз нигоҳи эҷоди маҳдудиятҳо аз Тоҷикистон монданӣ надорад. "Агар Путинро бад гӯед, метавонанд ба зиндон андозанд. Ӯ ба мисли Раҳмон дар Тоҷикистон ягона шахси бузургу ҳақ аст. Вақте ба Русия омада будам, вазъ ин тавр набуд. Ҳоло аз Тоҷикистон ҳеч фарқ надорад. Шояд бадтар ҳам бошад,” – мегӯяд ӯ.

Ҳоло ягона ташвиши Беҳрӯз ин аст, ки оё метавонад сарҳади Русияро бигузарад ва ин қаламрави як замон барояш муҳиму ормониро тарк кунад ё не.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG