Ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон нисбат ба Маҳмудҷон Бобомуродови 60-сола рӯзи 19-уми декабри соли 2023 баромадааст. Тафсилоти онро Додситонии кул рӯзи севуми январ расонаӣ кард.
Мақомот Бобомуродовро ба тамошо ва таблиғи барномаву маводи “Ислоҳ ТВ” ва фиристодани номаи шикоятӣ ба мудири он Муҳаммадиқболи Садриддин гунаҳкор донистаанд. Мавқеи мард ва наздиконаш ба эълони ҳукм маълум нест.
Дар номае, ки сомонаи “Ислоҳ ТВ” 2-юми августи соли 2023 нашр кард, аз камбуди об дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, кори раиси ноҳия Даврон Нишонзода ва раиси ҷамоати Навзамин Сӯҳроб Аминов шикоят шудааст. Дар онҷо номи муаллифро нанавиштаанд.
Додситонии кул дар эъломияаш гуфтааст, нома "хусусияти ғаразноки сиёсӣ ва иғвоангезӣ дошт". Масъулони сомона, баръакс, дар пешгуфтори ҳамин нома онро арзу муроҷиати мардум барои ҳалли мушкилот номидаанд.
Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон сокинонро барои ҳамкорӣ бо сомонаи “Ислоҳ ТВ” ва мудири он Муҳаммадиқболи Садриддин зиндонӣ мекунанд.
Додгоҳи Хатлон дар соли 2022 ду мансабдор, як хабарнигор ва як сокини ноҳияи Панҷро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, ҳар якеро ба панҷ солу чор моҳи зиндон, маҳкум карда буд. Соли 2021 як имомхатиб дар шаҳри Кӯлоб низ барои ҳамкорӣ бо сомонаи “Ислоҳ” панҷ сол зиндонӣ шуд.
Мақомот сомонаи “Ислоҳ” ва саҳифаҳои вобаста ба онро мамнуъ медонанд, вале масъулони сомона борҳо гуфтаанд, ки танҳо аз мушкилоти мардум мегӯянду менависанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузашта боздошту муҷозоти сокинон барои нашри маълумоти танқидӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро "таъқиб барои танқид" номида буданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Обуна ба навори мухолифон". Марди 70-солаи тоҷикро зиндонӣ карданд. ВИДЕО