Майкл Сколлон
Соли 2024 ба бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон се сол пур хоҳад шуд. Ин гурӯҳи тундрав даъватҳои ҷомеаи байнулмилалиро барои ислоҳи тарзи рафтораш, бахусус дар заминаи риояи ҳуқуқи занон, нодида мегирад ва дар айни замон эътирофношуда мемонад.
Мақомоти "Толибон" соли 2021, баъди ба даст гирифтани зимоми давлат дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, таҳсили духтаронро дар мактабҳои миёна манъ ва кори занонро дар идораҳо манъ карданд.
Эшли Ҷексон, ҳамраиси Маркази таҳқиқи гурӯҳҳои мусаллаҳ, қароргоҳаш дар Швейтсария, мегӯяд, ин кори "Толибон" боис шуд, ки бахусус Амрико аз муколамаҳои ҳадди аксар бо ин гурӯҳ даст кашад.
Имрӯз ҳукумати "Толибон" аз тарафи ҳеч кишваре ба расмият шинохта нашудааст. Дар Созмони Милали Муттаҳид курсӣ надорад. Дар саросари ҷаҳон танҳо чанд намояндагии дипломатии Афғонистон дар ихтиёраш ҳасту бас.
Ба мушоҳидаи Эшли Ҷексон, вақтҳои охир тарзи бархӯрди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо “Толибон” як андоза тағйир меёбад. Соли 2023 дар чанд мулоқоти мақомоти амрикоӣ бо намояндагони “Толибон” масъалаи ҳуқуқи башар дар Афғонистон, аз ҷумла шеваи муносибат бо занону духтарон, баррасӣ шуд.
Дар ин мулоқот, инчунин, роҳҳои расондани ёриҳои башарӣ, вазъи иқтисоди ин кишвар ва нақши “Толибон” дар мубориза бо кишти маводи мухаддир ва надодани паноҳгоҳ ба гурӯҳҳои тундрав матраҳ гардид.
Созмони Милал дар навбати худ роҳҳои ба оҳистагӣ ба роҳ мондани ҳамкориро бо “Толибон” арзёбӣ кард, ҳарчанд ба ҷаласаи баҳорӣ дар бораи вазъи Афғонистон намояндагони “Толибон” даъват нашуданд.
Танҳо намояндагони чанд давлат, аз ҷумла Русия, Чин, Эрон, Туркия, Ҷопон ва Иттиҳоди Аврупо барои арзёбии эҳтиёҷоти башарии ин кишвар ба хоки Афғонистон, намояндагони худро фиристоданд. Нозирон мегӯянд, чунин ҳамкориҳо монеи талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ барои фишороварӣ ба “Толибон” барои даст кашидан аз сиёсати тундравона намешавад.
Нодир Нодирӣ иштирокдори муколамаи ҳукумати Афғонистон бо “Толибон” дар солҳои 2020-2021 дар Давҳа аст. Ӯ аз қарори Шӯрои Амният аз 14-уми декабр ёд овард, ки таҳримҳоро то як соли дигар дароз мекунад.
Нодирӣ, ки муҳаққиқи калон дар Маркази таҳлилии Уилсон дар шаҳри Вашингтон аст, гуфт, “ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тағйири самтгириҳояш саросема нест ва мавқеашро ҳифз мекунад”. Ӯ дар як посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “фишанги калонтарини ҷомеаи байнулмилалӣ ин аст, ки дар мувофиқаи ҳамагонии ғайрирасмӣ то замони тағйир ёфтани рафтори “Толибон” нисбат ба занон ва эҷоди ҳукумати фарогир онро эътироф намекунанд”.
Вале вақтҳои охир хабарҳое, ки гуё ҳаракат ба самти одӣ шудани равобит бо “Толибон” дида мешавад, як ҳолати ногувореро пеш овард. Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милал, эълон кард, ки созмон мехоҳад дар масъалаи эътирофи ҳукумати “Толибон” конфронсе барпо кунад. Бисёриҳо дар ҳайрат монданд.
Амина Муҳаммад рӯзи 7-уми апрели соли 2023 гуфт, “умед дорем, мо ба қадамҳои хурде ба самти эътироф қодир ҳастем, эътирофи ниҳоӣ. То куҷо ин кор имконпазир аст, намедонам. Чунин баррасӣ бояд сурат бигирад. “Толибон” яқинан хоҳони эътироф ҳастанд ва ин фишанг дар дасти мо мебошад”.
Рӯзи баъдаш, ки поёни моҳи Рамазон буд, раҳбари “Толибон” Мулло Ҳайбатулло Охундзода талаби худро такрор кард ва гуфт, ки давлатҳои дигар набояд ба умури Афғонистон дахолат кунанд. Вай бори дигар ба пойдории қонунҳои шариати ислом дар Афғонистон таъкид кард.
“Толибон” бо шарҳи шариат ва он ҳам аз дидгоҳи худ ҳуқуқи занон, аз ҷумла кору таҳсили онҳоро номумкин гардондаанд. Бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқи зан дар Афғонистон, ки бо қонуну қоидаҳои “Толибон” розӣ набуданд, ба зиндон андохта шудаанд.
Хабарҳо дар бораи ин ки дабири кулли СММ Антонио Гутерриш омодаи барпо кардани конфронси эътирофи “Толибон” дар моҳи майи соли 2023 аст, мавҷи танқиду эътирозҳоро барангехт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи “ТолибонроЭътирофНакунед” роҳандозӣ шуд.
СММ баъди ин талош кард, ки гапи худро пас бигирад ва гуфт, манзури Амина Муҳаммад ин нест, ки дар ҷаласаи Давҳа эътирофи “Толибон” баррасӣ шавад, балки ҳадафаш “даст ёфтан” ба як дарки муштараке дар бораи тарзи ҳамкорӣ бо “Толибон” мебошад.
Сипас маълум шуд, ки “Толибон” даъват нашуданд ва Гутерреш ҳам моҳи май гуфт, фурсати он нест, ки ӯ ба таври мустақим вориди муколама бо гурӯҳи тундрав бишавад.
Моҳи июл дар як раҳпаймоӣ дар Покистон Воҳида Амирӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва занони дигар алайҳи ташкили конфронс эътироз мекунанд. Амирӣ гуфт, “паёми мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аст, ки “Толибон”-ро эътироф накунед, чун ин ҷиноят алайҳи мардуми Афғонистон хоҳад буд”.
Моҳи сентябри соли 2023 дар Олмон як фаъоли афғонистонӣ алайҳи ба гуфтааш “табъизи ҷинсӣ” дар Афғонистон гуруснанишинӣ эълон кард. Бисёре аз занон дар дохили Афғонистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки эътирофи “Толибон” барои онҳо як фоҷеа аст.
Яке аз ин занҳо, ки хост номаш пинҳон монад, гуфт, “мутаассифона, вақте “Толибон” ба сари қудрат омаданд, дарвозаи донишгоҳҳоро баста, занҳоро дар хона ҷой доданд. Ба бовари ман, агар “Толибон”-ро эътироф кунанд, маҳдудият болои занҳо бештар мешавад”.
Вале баъзе аз сокинони дигари Афғонистон мегӯянд, фикри зиндагиву ғизои ин мардум болотар аз ҳама чизи дигар аст. Хон Почо, як сокини вилояти Нангарҳор, дар як навиштааш ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо вуҷуди ин ки баъзе амали “Толибон” дуруст нест, ҳукумати онҳо ба хотири мардум бояд эътироф шавад, то шароити зиндагии халқ беҳбуд ёбад”.
Эшли Ҷексон мегӯяд, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо “Толибон” танҳо дар одӣ шудани муносибатҳо ё эътироф кардани онҳо нест. Вай мегӯяд, Ғарб бояд як роҳи бисёр рӯшан ва воқеъбинонаи эътирофро созмон бидиҳад ва бипурсад: ин ҳамкорӣ чӣ гуна хоҳад буд?
“Чӣ гуна кумаку стратегия ба Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар даст ёфтан ба ҳадафҳо ёрӣ мерасонад? Тарси ман ин аст, ки аксар кишварҳои ғарбӣ дигар мехоҳанд Афғонистонро фаромӯш кунанд ва аз сархати хабарҳо бардоранд,” -- афзуд Ҷексон.
Ба бовари Нодир Нодирӣ, ҷанги идомаёбанда дар Украина ва Ховари Миёна ҳамкориҳоро бо “Толибон" маҳдуд мекунад ва ҳеч нишонае аз одӣ шудани равобит ба ин наздикиҳо эҳсос намешавад.
“Толибон” бояд барои ба даст овардани эътимоди мардуми Афғонистон ва бовари ҷомеаи байнулмилалӣ кори зиёде анҷом диҳанд,” – хулоса кард ӯ.