Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх: Афғонистон ба бӯҳронӣ башарӣ рӯ ба рӯ аст


Кӯдакон дар Афғонистон аз таҳсил дур мондаанд.
Кӯдакон дар Афғонистон аз таҳсил дур мондаанд.

Кумитаи Салиби Сурхи байналмилалӣ дар изҳороте гуфтааст, ки Афғонистон дар ростои як бӯҳрони башарӣ қарор дорад.

Дар изҳороти рӯзи 31-уми декабр ин Кумита гуфтааст, ки ҳарчанд ҷангу хунрезӣ дар Афғонистон кам гаштааст, вале бекориву нодории мардум боло рафтааст.

Ба гуфтаи ин Кумита, офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим зиндагӣ дар Афғонистонро сахттар кардааст.

Соли 2021 Афғонистонро гурӯҳи Толибон ғасб кард. Ҳукумати ин гурӯҳро то кунун ҳеч кишваре ба расмият намешиносад.

XS
SM
MD
LG